Ин як порча аз ҳаёти қаҳрамони мо аст, ки духтаре дар «киштии кабуд» меномандаш. Ҳокимой Қараева соли 1963 дар ноҳияи Хуросон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 зодгоҳашро то синфи 8 хонда, баъдан ба омӯзишгоҳи махсуси касбӣ - техникии рақами 37 ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) меравад.
- Аз кӯдакӣ ба рондани трактор майлу рағбати беандоза доштам, чунки падари ман худ механизатор буд. Аввалин бор рондани тракторро аз падар омӯхтам. Ҳатто аз падарам пинҳонӣ тракторро мерабудаму савори он мешудам,- мегӯяд Ҳокимой Қараева.
Баъд аз он ки омӯзишгоҳро бо ихтисоси тракторист-механизатор ба итмом расонд, аз соли 1977 корро дар деҳоти Қирғизистон (ҳозира Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ) шурӯъ намуд. Коромӯзиро ҳамчун шогирд ба анҷом расонда, ниҳоят ба фаъолияти мустақилона пардохту дар як муддати кӯтоҳ ном баровард.
- Тақдири ҳосили фаровон дар дасти механизатор аст. Ҳаминро ба назар гирифта, аз рӯзҳои аввали фаъолият дар саҳро корро дуруст ба роҳ монда, ҳамроҳи коргарон кишти чигитро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба сомон мерасондем. Инчунин, коркарди байни қаторҳои пахтаро зимни риояи қоидаҳои баланди агротехникӣ анҷом медодем, ки гарави ҳосили фаровон аст. Дар як рӯз 4–5 гектарро нарм мекардам, ки ин яку ним-ду баробари нақша буд,- ёд меорад Қараева.
Духтаре дар «киштии кабуд»
Муваффақияти баъди дар паси чанбари мошини пахтачинӣ ё трактори ҷуфткунандаи «Олтой» нишаста, ба даст овардаи Ҳокимой одӣ нест. Танҳо дар як шаби зимистон ҷуфт кардани чор гектар замин ё дар як мавсим бо мошини пахтачинӣ ғундоштани садҳо тонна «тиллои сафед» ба гуфтан осон аст!
- Ёд дорам, соли 1982 дар як мавсим 368 тонна пахта ҷамъ овардам, ки ин аз ҳама соли зиёд ба даст овардани ҳосил буд. Пайваста кор мекардам, ҳатто аз гармии кор хона ба ёдам намерасид. Шабу рӯзро дар саҳро мегузарондам. Миёни мардон ман ягона зан будам ва ҳатто ҳамкорон хандакунон мегуфтанд, ки ту аз мо дида мардтар ҳастӣ,-мегӯяд ӯ.
Баъди ин қаҳрамониҳо, вирди забони ҳама номи Ҳокимой Қараева буд. Воқеан ҳам ӯ қаҳрамон буд. «Духтаре дар киштии кабуд», «Савори аспи оҳанин», «Тоҷикдухтари тракторист», бо чунин номҳо дар рӯзномаҳо аз ҳаёту фаъолияти Ҳокимой Қараева мақолаҳо чоп мешуданд. Дигар ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷ аз кишвар низ мешинохтанд. Муваффақияту комёбиҳояш буд, ки ӯро ба шаҳри Маскави Русия даъват намуданд. Дар он ҷо ба Ҳокимой Ҷоизаи умумииттифоқии ба номи Паша Ангелина ва диплом тақдим шуд.
- Барои ман, як духтари деҳотӣ, ифтихор ва шарафи бузург буд, дарёфти ин ҷоиза. Эҳсосоте, ки он замон доштам, бо сухан тасвир карда наметавонам,-иброз медорад қаҳрамони мо.
Ҳокимой дар баробари рондан, инчунин, аз уҳдаи таъмир кардани техника низ ба хубӣ мебаромад. Барои ӯ мушкил набуд таъмиру тармим ва таҷдиди «киштии кабуд» - аш. Метавонист, дар як муддати кӯтоҳ тракторро пурра кушояду боз мураттаб намояд. Коре, ки мардони ҳамроҳаш наметавонистанд, ба сомон мерасонд. Қисмату тақдираш чунин навишта шуда, ки ҳамболине насибаш гардид чун худаш устои моҳиру ронандаи нодир. Ӯ барои шавҳару шавҳар барои ӯ ёвару мададгор буд. Подоши муҳаббати онҳо 3 фарзанд, 2 писару як духтар мебошад, ки ҳар кадоме пайи зиндагиву рӯзгори хешанд. Шавҳараш, айни ҳол дар таъмиргоҳе ба шикасту рехти мошинолот масруф бувад. Аммо Ҳокимойро иттифоқе аз рондани трактор дур андохт. Тасодуфан рӯзе дар саҳро Ҳокимой аз трактор афтода, пояш лат хӯрд ва бо ҳамин ӯ дигар аз рондани «киштии кабуд» маҳрум гардид.
- Он рӯз барои ба наворгирӣ аз телевизион омада буданд. Ман хостам зуд савори трактор шуда, ба рондан машғул шавам, ки ногаҳон афтидам. Аммо дардро ифшо накардаму тракторро ба ҳаракат андохтам. Ҳар гоҳе тракторро мебинам, дилам гум мезанад. Мехоҳам биронам, лек дигар имкони рондан надорам,- бо таассуф мегӯяд Ҳокимой Қараева.
Бунафшаи Абдураҳим,
ноҳияи Хуросон