Орзуи Марями наврас он буд, ки омӯзгор шаваду ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ аз гулзори маърифат бишамад ва самари онро ба фарзандони мардум бибахшад. Вале тақдир ба ӯ сарнавишти дигаре рақам зад. Баҳри таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе супурд, вале аз имтиҳон нагузашт. Ноумед нашуда ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) баргашта, ба омӯзишгоҳи педагогии маҳаллӣ дохил шуда, таҳсилро ба итмом расонд. Кунун метавонист орзуи дили худро амалӣ созад. Лек падар мехост духтарро дар симои хаткашон бинад. Ба хотири нашикастани ормони падар Марям Шомаҳмадова соли 1981 дар почтаи ноҳияи мазкур ба ҳайси хаткашон ба кор шурӯъ кард.
– Он солҳо дар почта аксарияти хаткашонҳо занони рус буданд, ки пайваста ба хонаи мо мактуб ва нафақаи падарамро меоварданд, - иброз медорад холаи Марям. – Онҳо дар тан либосҳои шинами корӣ доштанд, ки ба онҳо хеле зебанда буд. Ғайр аз ин, бо лутфу меҳрубонӣ муносибат мекарданд. Модарам, ҳар гоҳе ки дар танӯр нону кулчаҳо мепухт, онҳоро зиёфат медод. Аз шамими нонҳои гарми тоҷикӣ он занҳо ба ваҷд меомаданд, - мегӯяд ӯ. Барои оилаи онҳо занони хаткашон фариштагонеро мемонданд, ки аз фарзандони ин хонавода пайғоми хуш меоварданд. Ду бародари бузурги холаи Марям дар шаҳрҳои Челябинску Иркутск дар сафи артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат мекарданд. Ин буд, ки Марями ҷавон кори хаткашонӣ ва омӯзгориро ба ҳам қиёс карду ба хулосае омад – ин ҳар ду вазифаи пурмасъулият аст, ки ба мардум хушбахтӣ меорад. Муҳимтар аз ҳама қиблагоҳаш ба интихоби касби хаткашонӣ ӯро роҳнамоӣ намудааст. Аз он солҳо то ба имрӯз холаи Марям ба касбаш содиқ монда, 37 сол инҷониб вазифаи хаткашониро бар уҳда дорад. Айни замон дар ҳудуди шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ҳар рӯз ҷувздон дар китф пайи иҷрои вазифа аст. Ончунон дилбастаи касби хеш аст, ки гуфтаи ҳамсару фарзандонашро «солат ба ҷое расидааст, дигар бас кун корро» сарфи назар мекунад.
– Ёд дорам, ки замоне наварӯс будам, хаткашониро идома додам. Шавҳарам бо дӯстонаш, агар маро ҳангоми иҷрои вазифа медид, назди онҳо шармаш меомад. Борҳо исрор кард, то тарки пеша гӯям. Ҳангоме ба рухсатии нигоҳубини кӯдак баромадам, маблағи онро барои ниёзи хонавода сарф намудам. Ӯ дарк кард, ки барои пеш бурдани аробаи зиндагӣ зан низ метавонад мададрасон бошад, - иброз медорад Марям Шомаҳмадова. - Хушдоманам, ки ҳоло дар қайди хаёт нест, кӯдаконамро парасторӣ менамуд. Аз ӯ бениҳоят миннатдорам, ман ӯро на хола, балки модар мегуфтам, - иқрор меояд ин бонуи номарасон.
Марям Шомаҳмадова рӯзгордории овони ҷавониашро ба хотир меорад, ки чи гуна дар хонаи шавҳар субҳи барвақт бархеста, барои шустушӯи аҳли хонавода об гарм мекард, шири ду говро медӯшид, ҳавлӣ мерӯфту чой дам карда дастархон мегустурд. Баъди ин ба почта мерафт. Чор фасли сол кӯчаҳои шаҳракро пиёда тай мезад, гоҳо зери борон, гоҳо зери барф, гоҳо шамоли яхин бар рӯю лой бар пой. Бад-ин минвол рӯз гузаронду соҳиби панҷ фарзанд – се писар ва ду духтар гардид. Талош кард, то фарзандонаш соҳибтаҳсилот шаванд. Писаронаш хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ мебошанд. Духтари бузургаш муҳассили литсейи омӯзгории шаҳри Душанбе ва хурдӣ мактабхон аст. Пайваста барои фарзандонаш китобҳои бадеӣ, афсонаҳо, рӯзномаву маҷаллаҳоро харидорӣ карда, борҳо таъкид менамуд, ки мутолиа кунанду саҳифаҳои онҳоро хароб насозанд.
- Зиёда аз 15 сол боз ман холаи Марямро мешиносам. Он ҷое, ки қаблан кор мекардам, ҳамеша ба ман рӯзномаву маҷаллаҳо меовард. Аз ҳузури ӯ ҳушҳол мешудам, зеро ба мислаш занонро кам дидаам. Бо амри тақдир имрӯз мо бо ҳам кор мекунем. Гарчанде хаста ҳам бошад, аз ёрӣ кардан ба ҳамкорон рӯ наметобад, - мегӯяд Гулнамо Шанбиева.
Воқеан ҳам дар почта Марям Шомаҳмадова миёни ҳамкорон соҳибэҳтиром асту маҳбуб.
– Марямбону бениҳоят зани хоксор асту фидоии касби хеш. Боре ҳам надидаам, ки табъаш хира бошад, баръакс, кушодачеҳраву хандонрӯ бувад. Агарчи хаткашонӣ кори саҳл нест, ба хотири касби дӯстдоштааш тамоми мушкилиҳоро сарфи назар мекунад, - мегӯяд Қудратулло Азимов, корманди почтаи ноҳияи Рӯдакӣ.
Имрӯз холаи Марям дар ҳалқаи фарзандону наберагон худро хушбахт меҳисобад. Арӯсони хонаводааш соҳибихтиёранд. Агар рафтори носазое аз ҷониби онҳо сар занад, чизе нагуфта, хомӯш худ пайи иҷрои кор мегардад. Табиати вай чунин аст, ки ба ҳар кори майда-чуйда хӯрдагирӣ намекунад.
– Онҳо ҳанӯз ҷавонанду ба дастгирӣ ниёз доранд ва рафтори некро бояд аз мо омӯзанд, - мегӯяд мавсуф.
Лаҳзаҳои хуши ҳаёташро ба ёд меорад, ки рӯзе дар кӯчаи Беҳрӯзи ноҳияи Рӯдакӣ ба зане мактуб дод. Зан мактубро кушода дид, ки он сипоснома аз қисми низомии шаҳри Хуҷанд ба писари сарбозаш аст. Аз ҳушҳолӣ зан Марямро ба оғӯш мекашад ва мерақсад.
– Ман аз дидани ин манзара гӯё бол баровардаму парвоз кардам. То чанд муддат ин воқеаи фараҳбахшро натавонистам фаромӯш кунам, - иқрор меояд ӯ.
Баъди суҳбат бо мо холаи Марям ҷувздони пур аз мактубу барқияву рӯзнома ва равонакҳоро гирифта, табассуми нарм карду аз дари почта берун омад. Ҳаво абрноку тира буду сарду боронӣ. Боз як рӯзи корӣ барояш шурӯъ шуд, як рӯзе, ки бояд ба мардум паём расонаду пайғом.
С. Шарифӣ,
ноҳияи Рӯдакӣ