Интихоби грантгирандагон ҷиддӣ буд
Барои гирифтани грантҳо аз шаҳру ноҳияҳо 71 нафар бонуи ҳунарманд ба раёсати кор бо занон ва оила лоиҳа пешниҳод кард. Лоиҳаҳо давоми муҳлати муайяншуда ба ҳар узви комиссия дастрас гашт ва аз ҷониби онҳо баҳогузорӣ гардид. Санаи 8-уми июли соли 2017 ҷаласаи ҷамъбастии баҳогузории лоиҳаҳо бо иштироки ҳамаи аъзои комиссияи грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардида, дар он 45 лоиҳа ғолиби озмун шуд.
Мониторинг чиро нишон дод?
Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд бо мақсади самаранок истифода бурдани маблағҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо санҷиш гузаронд. Маълум гашт, ки аксари лоиҳаҳо ҳадафмандона татбиқ мешаванд. Аз ҷумла, вақте ки санҷишгарон ба хонаи яке аз соҳибгрантҳо, омӯзгори мактаби президентии шаҳри Бӯстон Муқаддам Насриддинова омаданд, диданд, ки дар ҳуҷраи махсуси таҳиякардаи ӯ шогирдон аз устоди худ сабақи рассомию манзаранигорӣ меомӯхтанд. Муқаддам Насриддинова дар мактаб ҳам ҳуҷраи алоҳида ташкил дода, намунаи кори худ ва шогирдонашро гузоштааст. Дар ҳар чорабинии идонаи шаҳри Бӯстон ва вилоят намунаҳои эҷоди худ ва шогирдонро ба намоишу фурӯш мегузорад, ки талабгорони бисёр доранд. Бо истифода аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ният дорад, ки маҳсули корашро ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва имкон шавад, ба шаҳри Душанбе ҳам барад.
Таҷрибаи устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Умеда Абдурашидова, ки соли 2015 гранти раиси шаҳрро ба маблағи 3000 сомонӣ гирифта, дар факултаи филологияи тоҷик маҳфили кашидадӯзии «Сеҳри сӯзан»-ро таъсис дода буд, дар истифодаи ҳадафмандонаи гранти аз ҷониби раиси вилоят соли 2017 ба маблағи 8000 сомонӣ гирифтааш кор дод. Ӯ, ки узви Иттиҳодияи ҳунармандони ҷумҳурӣ аст, ба туфайли дастгирии раёсати донишгоҳ дар хобгоҳи №2 ҳуҷраи махсуси касбомӯзӣ ташкил кард. Умеда танҳо то моҳи декабри соли гузашта ба 16 нафар донишҷӯдухтар ва 10 зани хонашин касбҳои кашидадӯзӣ ва йӯрмадӯзиро омӯзонд, ки онҳо баъди супурдани имтиҳонот сазовори дипломи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
- Ташаккур ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли равонро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Бовар дорам, сайёҳоне, ки ба кишвари мо меоянд, маҳсули ҳунари моро харид хоҳанд кард. Мо бо як мағоза дар Санкт-Петербург ҳамкорӣ дорем, ки сӯзанӣ ва дигар маҳсулоти моро мефурӯшад ва имсол ҳам фармоишоти зиёде ба мо ирсол кардааст, - мегӯяд ин бонуи ҳунарманд.
Таҷрибаомӯзӣ дар Самарқанду Бухоро
Ду нафар бонуи ҳунарманд – Иноятхон Орифова ва Монад Исоева бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро даҳрӯза сафар карда, бо кору бори ҳамкасбонашон – атласу адрасбофон аз наздик шинос шуданд ва бо таассуроти фаромӯшнопазир ба кишвар баргаштанд.
-Мо дар муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов семинари омӯзиши серӯзаи вилоятӣ оид ба атласу адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ баргузор кардем, ки Иноятхон Орифова ва Монад Исоева ба занону духтарони ҳунарманди ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз таҷриба ва малакаҳои нави андӯхтаи худ нақл карданд ва маҳорати худро амалан нишон доданд, ба саволҳои бешумори иштирокдорон посухҳои қонеъкунанда доданд. Иноятхон Орифова барои лоиҳаи тайёр намудани абра (асос)-и атласу адрасбофӣ бо унвони «Таманно» ба маблағи 5000 сомонӣ гранти раиси вилоятро гирифта буд ва мониторинги ба қарибӣ гузарондаи мо нишон дод, ки бонуи соҳибҳунар ин маблағро самаранок ва мувофиқи мақсад истифода бурда, фоидаи дилхоҳ ба даст овардааст, - гуфт сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Нигорахон Ғаффорзода.
Ҳунар беҳ аз симу зар
Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои дастӣ ташкил карда, нақшаҳои мушаххаси корӣ таҳия намудаанд. Аз ҷумла, таҳти унвони «Ҳунар беҳ аз симу зар» дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода дар ҳузури соҳибҳунарон иброз дошт, ки соли 2017 барои дастгирии ҳунармандон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 65 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд ва дар соли равон бо ин мақсад 120 ҳазор сомониро ихтисос хоҳад дод. Барои фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон дар ҷойҳои таърихии шаҳр, аз ҷумла маҷмааи таърихии Қалъаи Хуҷанд дуконҳои махсус мекушоянд.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ зимни нишасти матбуотӣ гузориш дод, ки дар ноҳия беш аз 240 намуд ҳунарҳои мардумӣ ба рӯйхат гирифта шудаанд ва дар соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тасмим дорад, то ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон, алалхусус, барои бонувони боҳунар грант ҷудо кунад, ки нисбат ба соли гузашта хеле зиёд аст.
Муҳоҷирати занон коҳиш меёбад
Дастгирии ҳамаҷонибаи занони соҳибкор, ҳунарманд, бо кор таъмин кардани онон боиси коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатии бонувон ба хориҷи кишвар гардидааст. Дар ҷумҳурӣ бинобар иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муҳоҷирати меҳнатии бонувон дар соли 2017 нисбат ба соли 2016 - ум 17 507 нафар ё ин ки 21 фоиз кам шудааст.
-Дар вилояти мо ҳам, хушбахтона, ин тамоюл ба назар мерасад. Соли рафта 2288 нафар зан нисбат ба соли пешин дар вилоят рӯ ба ҳиҷрати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар овардааст. Мутмаинам, ки ин омор соли равон боз ҳам беҳтар хоҳад шуд, - мегӯяд сардори раёсати ин вазорат дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
вилояти Суғд