Ин дар ҳолест, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тағйиру иловаҳое, ки аз 11 июли соли 2017 ба он ворид гардидаанд, омадааст: «Гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад. Ҳамчунин гузаронидани маъракаи ақиқа манъ карда мешавад». Агарчи қонуни мазкур ба хотири некуаҳволии мардум ва сарфа намудани буҷети оила таҳия гардидааст, ҳамоно расму оинҳо дар доираи оила метавонанд бо хароҷоти зиёд баргузор гарданд.
- Модари тоҷик зани поку тозакор аст, вале баъзеи онҳо дар исрофкорӣ андеша надоранд. Масалан, фарзандони худро ба муҳоҷират мефиристанд, маблағҳои бо азоб ҷамъкардаи онҳоро дар маросимҳои гаҳворабандон, хатнасур ва ғайраҳо бо зиёдаравӣ харҷ менамоянд. То қабули қонуни номбурда гаҳворабандон яке аз маросимҳои серхароҷот ба ҳисоб мерафт. Забҳи чорво буду ҳатто санъаткорон иштирок мекарданд, – мегӯяд Нигинамоҳ Ризоева, сармутахассиси раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мутобиқи қонуни қабулгардида кумитаи мазкур ҳамчун мақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад, ки дар тамоми ҷумҳурӣ амалиёти муштарак гузаронад ва кормандони он дар назорату риояи муқаррароти қонун, бешубҳа, саҳмгузор ҳастанд.
- Тӯли фаъолияти худ ягон маротиба санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба маросими серхароҷоти гаҳворабандон ба қайд гирифта нашудааст, – иқрор меояд мутахассис.
Маросими гаҳворабандон чӣ гуна сурат мегирад?
Қаблан модар гаҳвора ва барои болопӯшу кӯрпачаҳои даруни он матоъ ва пахта мехарад. Агар модар ҳунарманд бошад, худаш «тахт»-и набераашро медӯзад, вагарна боз маблағ дода ба чеваре мефармояд. Чанд ашёи дигар, ба мисоли гаҳвораи «ҳозиразамон», ҷевон, роҳравак, ҳой, ҳаммомча, тағора, сатил, обгирак, як ҷуфт сарулибоси нав барои духтар, либосворӣ барои тифл, бозичаҳои гуногун, собуну шампуни бисёр, хуллас тамоми он чизе, ки ба тифл лозим меояд, модар бояд муҳайё кунад, вагарна дар пеши қудо «шарманда» хоҳад шуд. Рӯзи маросими гаҳворабандон модари арӯс, ки то чили духтару наберааш баромадан нигоҳубин кардааст, мекӯшад, ки онҳоро «бе камбудӣ» ба хонаи қудо барад ва аз пайи омодагиҳо ва пухтупаз мешавад: кулчаҳои калону хурд, орзуқу чагалдак, ҳалвову таҳмол, қалама, гандумбирён, тухми обпаз, чормағз ва қанду шакалод. Ҳар як аз ин анвои ғизо ба дастархони алоҳида печонда мешаванд, ки дар маҷмӯъ 8–10 дастархонро ташкил медиҳанд. Як қисми ин нуқлу наворо дар рӯзи гаҳворабандон ба меҳмонон тақсим мекунанд ва агар ҳамсоягон даъват нашуда бошанд, ҳаққи онҳоро равон мекунанд. Сипас, ҳамаи он туҳфаҳое, ки қудо барои наберааш овардааст, як-як намоиш медиҳанд ва кӯдакро ба гаҳвора мебанданд.
Дуруст аст, ки аксарияти он ҷиҳозу ашёҳое, ки барои кӯдак харид мешаванд, дар рӯзгор заруранд, вале чаро ҳамаи онро бояд модари арӯс бихарад? Модоме ки фарзанд насаби падарро мегираду давомдиҳандаи насли ӯ мегардад, чаро падар хароҷоти фарзандашро ба ҷо наорад? Ва, агар рафту модари арӯс духтару набераашро «бо тамому қонуну қоида» ба хонаи хушдоман оварда натавонад ва ё бо камбудӣ орад, то охири умр маломатзадаи онҳо хоҳад шуд, зеро заноне, ки ба манфиатҳои моддӣ эътибор намедиҳанд, кам андар каманд.
Дар назари аввал ҳамаи ин корҳо «майда-чуйда» намоянд ҳам, пайомади он хароҷоти басо зиёд дорад, ки буҷети ду хонаводаро хароб ва онҳоро гоҳҳо қарздор мегардонад. Алалхусус, хароҷоти хонаводаи арӯс бештар аст ва агар модари оила сердухтар бошад, вой бар ҳоли ӯ… Хонаводаи хушдоман низ аз хароҷот орӣ нест. Ба хотири «баобрӯ» пешвоз гирифтани меҳмонон хони пурнозу неъмат кушода, ду-се намуди хӯрок мепазад. Аз тарафи хонаводаи арӯс метавонад даҳ ва ё зиёда аз ин меҳмон ояд. Соҳибхона ба ҳар кадоми онҳо бояд сарулибос омода кунад ва агар меҳмонони мард низ ҳузур дошта бошанд, ба онҳо зиёфат дар ҳуҷраи алоҳида ва сарулибос муҳайё месозад. Оростани зиёфати бошукӯҳ ва туҳфа ба ҳар як меҳмон хароҷоти андак нест.
Солҳои қабл чунин расму оинҳо дар хонаводаҳои тоҷикон кам мушоҳида мешуданд ва ё умуман роиҷ набуданд. Расму оинҳо ва харҷи барзиёд дар оилаҳои ӯзбекони муқими кишвар ва берун аз он бештар ба назар мерасиданд. Шаҳноза ном зане қисса кард, ки дар яке аз маросимҳои «домодталбон» дар оилаи ӯзбекони ургут, ки ӯ он ҷо ҳузур дошт, миёни дастархон гӯсфанди пурраро тандурӣ карда гузошта, ба гарданаш занҷири тиллои ҳаҷман хеле калон ва болотари он калиди автомобилро овезон намуда буданд. Яъне, ин ҳадияҳо аз номи хонаводаи арӯс барои домод ба шумор мерафт.
Ба гуфтаи Нигинамоҳ Ризоева агар ба Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намегардиданд, шояд мо низ то ба ин зинаҳои хароҷоти гӯшношунид мерасидем. Расму оинҳои бегонаи воридшуда ба урфи мо рабте надоштанд, ҳатто занҳое, ки байни ҳамдигар мусобиқа меоростанд, дар бораи таърихи пайдоиши он маросим маълумоте надоранд.
- Дар як маъракае, ки се соат давом меёбад, занҳо метавонанд аз 5 то 15 ҳазор сомониро сарф кунанд, ҳол он ки мо метавонем ин маблағро ба ғизои солими кӯдак ва таълиму тарбияи вай ихтисос диҳем, ба монанди муҳайё кардани шароити моддӣ, ҷудо кардани ҳуҷраи алоҳида бо ҷиҳози хуби муосир, ба монанди таъмиру тармими он ва харидани мизу курсӣ барои дарстайёркунӣ, – мегӯяд Нигинамоҳ Ризоева.
Зан, ки ҳам модар буваду ҳам хушдоман, агар одилонаву оқилона андеша намояду адолатхоҳ бошад, он гоҳ ба хулосае меояд, ки оилаи арӯсро бояд аз хароҷоти барзиёд боздорад, зеро падару модари арӯс ба ғайр аз ин духтар боз чанд фарзанди дигар доранд, ки мебоист онҳоро ба таҳсил фаро гиранд ва хонадорашон кунанд. Ва, агар барои маросими гаҳворабандону дигар ҷашнҳои бемаврид хароҷоти зиёд намоянд, чанд нақшаи оилавияшон барбод ё ба таъхир хоҳад рафт. Билохира, волидайн андаке барои оромиву осоиши худ зиндагӣ ба сар баранд ва лаззати онро чашанду ормон шикананд. Афсӯс, кам нафароне пайдо мешаванд, то худро дар «пӯстини дигарон» тасаввур сохта, ҳис кунанд, ки онҳо чӣ ҳолу аҳволе доранду чӣ мушкилиҳо, ба қавле: «Куҷо донанд ҳоли мо, сабукборони соҳилҳо…».
Ситора АШӮРОВА