Ҷумҳурии Тоҷикистон мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию рекреатсиониеро доро мебошад, ки барои рушди ҳам сайёҳии дохилӣ ва ҳам хориҷӣ мусоидат менамоянд
Боиси сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба зербинои соҳа соли 2018 – ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Сокинони ноҳияи Сангвор аз ин иқдоми Сарвари муаззами давлат рӯҳбаланд шуданд.
Рушд ёфтани ин соҳаро бе инкишофи инфрасохтори махсус тасаввур кардан номумкин аст. Сокинони ин диёри баландкӯҳ умед ва бовар доранд, ки бо бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ соҳиби ҷойҳои нави корӣ мегарданд, аз ҳисоби истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти шириву нонӣ, асалу чормағзи аз ҷиҳати экологӣ тоза, фурӯши армуғону маснуоти косибӣ ва, албатта, тиҷорати хостелӣ (ҷои хоб) ва роҳбаладӣ аз ҳисоби сайёҳон фоида ба даст меоранд.
Тибқи омор ҳамасола ба ноҳияи Сангвор садҳо нафар сайёҳони хориҷиву дохилӣ бо мақсади сайру саёҳат ва зиёрати мавзеъҳои таърихӣ ташриф меоранд. Дар Сангвор зиёда аз 30 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ мавҷуд мебошад, ки рӯйхати онҳо дар таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Яке аз ин ёдгориҳои таърихӣ мақбараи Бурхи Сармасти Валӣ мебошад, ки берун аз ҷумҳурӣ низ машҳур аст ва қисми зиёди сайёҳон маҳз барои дидан ва зиёрати ин оромгоҳ меоянд. Мақбараи Ҳазрати Бурх дар деҳаи Боршид, дар баландии зиёда аз 2700 метр аз сатҳи баҳр 28 км болотар аз деҳаи Сангвор воқеъ мебошад.
Олимон ва бостоншиносон ҳанӯз солҳои 80-уми қарни гузашта дар бораи тарзи сохтмони бинои мақбара ва таърихи гузаштаи он пажӯҳиш анҷом дода буданд. Яке аз бостоншиносони маъруфи тоҷик, академик Юсуфшо Ёқубшоев дар бораи ин ёдгорӣ чунин нигоштааст:
- Мақбара дар болои ҷарии соҳили рости дарёи Оби Мазор ҷой гирифтааст. Он аз ду ҳуҷра иборат аст: айвон ва гӯрхона. Бинои гӯрхонаро аз берун то нисфи он гӯрҳои муосир ишғол намудаанд. Бинои асосӣ дар болои таҳкурсии сангӣ истодааст. Мақбара аз хишти пухтаи андозааш 24 — 25 х 4 сантиметра аз омехтаи гаҷу хок сохта шудааст.
Дар баробари ин дар ноҳия мавзеъҳову зиёратгоҳҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла «Ҳавзи кабуд», «Хоҷа Аловуддин», «Чашмаи Миркалон», «Қалъаи Кофирон»-и деҳаи Хамдараи Ҷамоати деҳоти Чилдара ва «Қалъаи Кофирон»-и деҳаи Лайрони Ҷамоати деҳоти Сангвор, кӯҳи «Арӯсу домод», кӯҳи «Гули Садбарг», кӯҳи «Хоҷа Абдушаҳид», ки кӯҳи «Тамара» низ мегӯянд ва бисёр дигар мавзеъҳои сайёҳӣ мавҷуданд, ки ҳамасола сайёҳон аз онҳо дидан мекунанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази ноҳияи Сангвор деҳаи Тавилдара ба як шаҳраки зебо ва замонавӣ табдил ёфтааст. Меҳмонону сайёҳон аз дидани биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва кӯчаҳои тозаву озода ва мардумони чеҳракушодаи ин диёр эҳсоси фараҳмандӣ мекунанд.
Табиат ва иқлими ноҳия барои тавлиди асал, маҳсулоти чорводорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ, алалхусус сайёҳию кӯҳнавардӣ хеле мувофиқ мебошад. Ноҳия дорои захираҳои зиёди табиӣ ва гидроэнергетикӣ мебошад. Бахусус, дорои шароити мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз барои ташкил намудани осоишгоҳҳои табобатӣ, сайёҳии экологӣ мувофиқанд.
Тавре масъулини ноҳия иброз медоранд, мушкилоти асосие, ки садди роҳи рушди соҳаи мазкур гардидааст, ин пеш аз ҳама дар ҳолати ногувор қарор доштани роҳи автомобилгарди Лаби Ҷар - Сангвор, заминаи заифи инфрасохтори сайёҳӣ, маишӣ ва фарҳангию фароғатӣ (меҳмонхона, осоишгоҳҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ, марказҳои фарҳангӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ, мағозаҳо ва бозорҳо), кам будани мутахассисони соҳавӣ ба шумор меравад. Ислоҳи ин мушкилҳо рушди бемайлони сайёҳиро дар ин сарзамин тамин мекунад.
Албатта, ояндаи ноҳияи Сангвор ва рушди он дар баробари соҳаи кишоварзӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок ба соҳаи сайёҳӣ низ вобастагии зич дорад. Бахусус, дар самти «экотуризм» ва сайёҳии экстремалӣ, ки дар мавзеи Тавилдара барои ташкил намудани он ҳама захираҳои табиӣ ҳастанд, корҳо бояд ҷоннок карда шаванд.
Айни замон, аз мавзеи Лаби Ҷар то маркази ноҳияи Сангвор масири 60–65 километраро мошинҳои сабукрав дар 3–4 соат тай мекунанд. Ҳарчанд роҳ бисёр хароб аст, тамошои табиати рангини ин ҷо дили касро мебарад ва дурии роҳ эҳсос намешавад. Тамошои маркази ноҳия ва дидани ин шаҳрчаи зебо, ки дар оғӯши кӯҳҳои гардунсо воқеъ мебошад, кӯфти роҳро рафъ мекунад. Дар маркази ноҳия ду меҳмонхона ва дар ҷамоатҳои дурдаст чор меҳмонкада барои қабули мизоҷон омодаанд. Инчунин, меҳмонон метавонанд аз хостелҳо, ки сокинони ноҳия дар хонаҳои худ ташкил намудаанд, истифода кунанд ва бо расму оин ва урфу одати мардуми ин маҳал аз наздик ошно шаванд.
Далер САФАР,
ноҳияи Сангвор