Мисли Саида модарони зиёде дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи беморхонаи мазкур бистарӣ шудаанд. Зайнура, сокини шаҳри Душанбе низ бо писараш Алиҷони 1 солаву 6 моҳа дар бемористон хоб аст. Шикояти Зайнура аз он мебошад, ки фарзандаш хӯрокро дер ҳазм менамояду ҳамеша аз дарди шикам шиква мекунад. Ташхис муайян кардааст, ки рӯдаи ғафси Алиҷон сӯрохии хурде дорад, ӯро ҷарроҳӣ намудаанд ва 10 рӯз мешавад, ки дар беморхона хоб аст.
- Баъд аз таваллуд саломатии кӯдак хуб буд. Хӯрокро низ зуд ҳазм мекард. Дар шашмоҳагӣ ба хӯрокаш иловагиҳо ворид намудам, ки кам-кам нороҳатиашро эҳсос мекардагӣ шудам. Баъди яксолагӣ бештар ҳасиб мехӯрд, ба хӯрок он қадар аҳамият намедод. Падараш доим барояш ҳасиб мехарид, намедонистам, ки истеъмолаш барои кӯдак ин қадар зарар доштааст, - мегӯяд, Зайнура.
Ба гуфти духтури ҷарроҳиҳои кӯдакона Тоҷиддин Бобоев агар модари ҳомила бемории нафастангӣ дошта бошад, таъсири он бевосита ба узвҳои ҳозима ва асаби кӯдак мерасидааст, сабаби дигари бемориҳои рӯдаву меъда бемориҳои ирсӣ ҳисобида мешавад. Зиёд шудани бемориҳоро табиб ба истеъмоли ғизоҳои пастсифат, ки рӯдаю меъдаи кӯдак қобилияти ҳазми онҳоро надорад, рабт медиҳад.
Меҳриниссо Фатҳуллоева табибиб кӯдакона дар суҳбат бо мо таъкаид мекунад, ки дар вақти ҳомиладорӣ асабҳои модар бояд ором бошаду дар ҳавои тоза зиёд сайругашт намояд. Ҳама он ғизое, ки дар давраи ҳомиладорӣ дили модар мехоҳад, барояш бояд муҳайё сохт, зеро ин аз норасоии витаминҳое дар организм аст, ки дар давраи ҳомиладорӣ зан ба он ниёзи бештар пайдо мекунад.
- Масъалаи доғе, ки Сардори давлат зимни Паёмашон ироа доштанд, ин пешгирӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат ба кишвар буд. Дар пойтахт баъди ин аксар мағозаву дӯконҳо таҳти назорати қатъии мақомоти рабтдор қарор гирифтанд, вале мутаассифона дар деҳот вазъ дигар аст. Мардум аксаран аз мағозаҳо маҳсулотҳои кӯҳнашудаву пастсифатро дастрас мекунанд. Қанду ба истилоҳ витаминҳое, ки барои кӯдакон харидорӣ мешаванд, маълум нест, ки аз чи тайёр шудаанд. Хуб мешуд мағозаҳои деҳаҳо ҳам аз санҷиш мегузаштанд. Дар ин маврид шояд сатҳи шиддати бемории рӯдаву меъда дар байни кӯдакон камтар ба қайд гирифта мешуд, - мегӯяд М.Фатҳуллоева.
Фарзона Восеева