Модарам гуфт: «5 духтар доштам, 6-то шуд»
«Воқеан, дар ин маврид сухан гуфтан бисёр душвор аст. Ман худам бо хушдоман назистаам, эшон чанд сол қабл аз издивоҷи мо гузашта буданд. Аз ҳаёти модарам ва келинашон метавонам бигӯям. Аз рӯзе, ки келин ба хона қадам монд, модарам гуфт: «5 духтар доштам, 6-то шуд» Ба келин ҳамчун фарзанд муносибат мекарданд. Ҳатто нисбат ба мо ба арӯси хона меҳрубонтар буданд, ғамхорӣ зоҳир мекарданд. Як хоҳарам, ки мактабхон буд, рӯзе каме бо алам гуфт: «Аз ман дида янгама бештар дӯст медоред. Ба ӯ бисёртар таваҷҷуҳ мекунед ва ба ман кам аҳамият медиҳед». Модарам ба мулоиматӣ фаҳмониданд, ки духтарам, ту дар хонаи падари худат ҳастӣ. Келин бошад, дар хонаи бегона омадааст, бояд ба муҳити хонаи мо одат кунад. Мо аҳли хонавода бояд ёрдамаш кунем, меҳрубон бошем бо ӯ. Вай ҳам фарзанди як инсон аст, ба падару модараш азиз аст. Ба умед ба шавҳар баромадааст, моро падару модар меҳисобад, пас чаро мо бояд келинро духтари худамон ҳисоб накунем? Вақте ки ҳамсари писарам аст, пас ман ӯро мисли фарзандам медонам. Туро ҳам дуст медорам, келинро ҳам. Хоҳишам ин аст, ки дигар дар ин бора фикр накун ва бо янгаат меҳрубон бош», - гуфт зимни сӯҳбат бо мо Дилафрӯз Қурбонӣ корманди рӯзномаи «Омӯзгор».
Хушдоманам маро мефаҳманд…
Ҷамила Мирбозхонова бошад, бар ин назар аст, ки пеш аз ҳама дар зиндагӣ ҳам хушдоман ва ҳам келин бояд сабур бошанд. Вақте ки сабуриро пеша кардӣ, ҳатман дар зиндагӣ ғалаба мекунӣ.
- Ман аз таҷрибаи зиндагии худам мегӯям. Ростӣ, хушдомани ман боре ҳам маро келин гуён садо накардааст. Ҳамеша маро духтарам мегӯянд. Бо шавҳарам муддати 3-сол мешавад, ки зиндагии муштарак дорем. Ҳангоми келин шуда ба хонаводаи шавҳарам рафтам, дар танӯр нон пухта наметавонистам ва ман инро ба хушдоманам гуфтам. Ӯ дар ҷавоб ба ман гуфт: «ҳеҷ гап не, ёд мегирӣ. Вазифаи аввалиндараҷаи ту тарбия кардани фарзанд аст». Хонаи хушдоманам ҳамеша пур аз меҳмон аст. Рӯзе ба хушдоманам гуфтам, аз 5 кг биринҷ зиёд ош карда наметавонам, бо табассум гуфтанд, ман ҳастам ту парво накун. Хушдоманам дар ҳама ҳолат маро мефаҳманд ва дастгириам мекунанд».
Келинҳои ҳозира аз ҳад зиёд эрка шудаанд
Хонаводае нест, ки дар он ҷо ҷангу хархаша миёни зану шавҳар нашавад. Чунин ба назар мерасад, ки имрӯз ҷавонон ба оиладорӣ ба таври бояду шояд омода нашудаанд ва дар аксар вақт бо як сухани ноҷо оилаҳо барҳам мехуранд.
- Хулосабарорӣ кардан дар ин мавзуъ бисёр душвор аст. Зеро, ҳар оила ҳар гуна аст. Ҳастанд оилаҳое, ки келини хонадон хуб асту хушдоман бо сахтгириҳои зиёд ӯро ба ҷон меорад. Ва ё дар оилаи дигар хушдоман хуб асту келини гапногиру гапнодаро. Вале бояд фаромӯш накард, ки келин бояд дар ҳар маврид интизоми худро нигоҳ дорад. Барои мо ҳар гапе, ки хушдоман мегуфт қонун буд. Чункӣ дар оила ба мо мегуфтанд, ки вақте калон сухан мекунад, хурд бояд ӯро гӯш кунад. Имрӯз вақте келини хонадонро насиҳат карданӣ мешавӣ, хафа мешавад ва ҳатман ба ту бо ситеза ҷавоб мегӯяд. Келинҳои ҳозира аз ҳад зиёд эрка шудаанд,- мегӯяд, Чинигул Саидова, сокини шаҳри Душанбе.
Муносибати бади хушдоман
- Хушдоман бояд келинро бо сухани хуб тарбия намояд. Ҳастанд хушдоманҳое, ки келинро ҳама вақт ва дар ҳама ҷо паст мезананд. Ҳарчанд тамоми корро табъи дилашон ба анҷом расонӣ ҳам аз ту гиламанданд. Ман худ ин рӯзҳоро аз сарам гузарондаам. Бо сабаби он ки бо шавҳарам аз рӯи ишқу муҳаббат бунёд намудем ва хушдоманам маро намехост, ҳамеша дар ҳар кор паст зада, таҳқирам мекард. Ҳарчанд, «очаҷон» гуён ҳамаи корҳоро сари вақт ба анҷом мерасондам ва болои ин ҳама кори давлат карда, тамоми маблағро оварда ба дасташ медодам, боз ҳам аз ман норозӣ буд. Ин муносибат боис гардид, ки оилаи мо пош хӯрад»,- мегӯяд Шаҳдрезаи Мирзо, яке дигар аз ҳамсӯҳбатони мо.
Назарҳо дар ин мавзуъ мухталифанд. Яке келинрову дигаре хушдоманро гунаҳкор меҳисобанд. Мақсад фош кардани гуноҳи келину хушдоман нест. Суоли матраҳ ин аст, ки чӣ бояд кард, то дар зиндагӣ келин ва ё хушдомани намунавӣ буд?
Дар зимн, чанд тавсияи Моҳрӯ Рабиева, зани рӯзгордидаеро менигорем:
*Дар шароити имрӯза барои побарҷо мондани оила ва ёфтани забон бо келин, пеш аз ҳама хушдоман бояд замонавӣ бошад. Агар келинатон тифли навзодашро бо камтарин беморӣ аз ҷумла, зуком, сулфа ё таб ба назди табиб мебарад, монеъ нашавед.
*Вақте келини хонадон аз асбобҳои замонавӣ барои шустану хушконидани либос ва омода кардани хӯрокҳо истифода карданӣ мешавад, чизе нагӯед. Мисол наоред, ки чи гуна шумо дар гузашта бо даст либос мешӯстед. Имрӯз замона дигар шудааст.
*Ҳангоми хулосабарорӣ ба саросемагӣ роҳ надихед. Барои келин хонаи хушдоман албатта рӯзҳои аввал ноошност ва баъзан корҳо ва ё хӯрокҳое, ки ӯ омода мекунад, шояд ба аҳли оила писанд наояд ва ҳамин боис мешавад, ки гоҳ-гоҳе хоҳаршӯйҳо бо янгаашон хархаша менамоянд. Ингуна муносибат дили келинро сард менамояд. Ба хушдомани замонавӣ зарур аст, ки дар алоҳидагӣ ба духтаронаш бигӯяд: «дар оила чӣ гуна бошед, оянда ба шумо низ дар хонаи шавҳар чунин рафтор менамоянд». Дар баробари ин, ба келин бояд бигӯяд, ки: «Духтарам, хафа нашав, духтарони ман ҳоло ҷавонанд, оиладориро намефаҳманд. Ҳамааш хуб мешавад, сабр кун». Ин суханхо табъи келинро болида намуда, ӯро ба зиндагӣ дилгарм месозад.
*Вақте миёни ду келин хархаша сар мезанад, хушдоман гунаҳкор аст. Зеро ӯ ба яке аз келинҳо эътибори зиёд додаасту ба дигаре кам. Ин боис мешавад, ки келини аламзада ба келини дигаре, ки хушдоман ба ӯ бештар эътибор медиҳад, ҳисси бадбинӣ пайдо намуда, бо ҳар роҳе бо ӯ ҷангу ҷидол менамояд. Хушдоман набояд яке аз келинҳоро хуб ва дигареро ганда гӯяд.
*Ҷавондухтаронро мебояд, ки пеш аз шавҳар кардан, ҳунар омӯзанд. Арӯс бояд пазандаву дӯзанда ва кадбонуи чаққон бошад. Вақте аз ӯ омода намудани ширинӣ ё ягон хӯришро хоҳиш карданд, дарҳол битавонад онро тайёр намояд.
*Вақте ба хонае ба ҳайси келин қадам ниҳод духтар пеш аз ҳама бояд хулқу атворашро дигар кунад. Хонаи шавҳар дигар асту хонаи волидон дигар. Муҳимтар аз ҳама келин бояд ҳурмати шавҳару хушдоман ва аъзоёни хонаводаи шавҳарро дар ҷойи аввал гузорад.
Таҳияи Бунафша