Мутаассифона, солҳои охир ҳодисаҳои ба танфурӯшию дигар бадкирдориҳо даст задани бонувон дар кишвари мо мушоҳида мешаванд. Агар як омили рух додани ин ҳодисаҳои нангин дар муҳоҷирати корӣ қарор доштани шавҳару сарварони оилаҳои чунин ашхос бошад, иллати дигар коҳиш ёфтани фарҳанги оиладорӣ ва хулқу атвор ва сатҳи маърифатнокӣ дар ҷомеа аст. Илова бар ин, коршиносони масоили иҷтимоӣ вазъи нобасомони то солҳои 2000-ум ва сифати пасти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии он давраро низ аз омилҳои асосии таназзули фарҳангу маънавиёти ин насли осебпазир мешуморанд.
Насли бузургсоли мо ва зодмандонашон тӯли 80 соли охир шоҳиди ду ҷанги хонумонсӯз буданд, ки бар асари онҳо ҳазорҳо нафар бонувон дар синни ҷавонӣ бе шавҳар монданд. Аммо чи дар солҳои баъди ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва чи пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, зан-модари тоҷик иффату покдомании худро ҳифз намуд. Ҳазорҳо занони бешавҳар боқии умри худро бо ранҷи танҳоӣ ва азобу мушкилиҳои зиндагӣ паси сар карда, шарму ҳаё парҳезкорию шикастанафсии худро ҳифз намуданд.
Дар ин давру замони осоишта ва марҳилаи гузарандаи иҷтимоӣ, ки ҷавонмардони мо ба хотири таъмини рӯзгори аҳли оилаи худ роҳ сӯи муҳоҷирати меҳнатӣ мегиранд, баъзе ҳамсарон ба садоқати шавҳару дигар муқаддасоти оиладорӣ хиёнат мекунанд. Мусаллам аст, ки шавҳар набояд аз 6 моҳ зиёдтар ҳамсари худро бе нафақа ва дигар ниёзҳои инсониаш бимонад, ки мо мусулмонон, ин шарту меъёрҳоро ҳанӯз дар аснои ақди никоҳи исломӣ қабул мекунем. Аммо ин маънои онро надорад, ки аз ба дарозо тӯл кашидани ҳиҷрати баъзе мардон ҳамсарони онҳо инони ихтиёр аз даст дода, бар ивази ниёзу нафсҳои шаҳвонӣ номуси худро аз даст бидиҳанд. Хусусияти дигари насли замони муосир дар он аст, ки бе ибо бо сабаби хиёнаткории зан бекор намудани ақди никоҳи расмии худро ошкоро эълон медоранд. Ҳол он ки ду даҳсола қабл дар чунин мавридҳо ҷуфти аз якдигар ҷудо шуда, аз рӯи одоб ва дигар омилҳои равонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ асрори якдигарро ифшо намекарданд. Суоли матраҳ ин аст, ки сабабу омилҳои ба ин сатҳ коҳиш ёфтани фарҳанги оиладорӣ ва ба бадахлоқию хиёнат даст задани занон чист?
- Паст рафтани сатҳи одобу ахлоқ дар байни занону духтарон аз бадахлоқию бадрафторӣ ва минбаъд бетафовутии худи ҷавонмардон маншаъ мегирад. Яъне, ингуна рафторҳои ношоистаро нахуст дар амалу кирдори ҷавонписарон дида, нодида гирифта будем ва ё чораҳои пешгиранда андешида нашуда буданд. Ҳоло ки рӯз аз рӯз чунин ҳодисаҳо зиёдтар ва ҳатто аз ҷониби бонувон сар мезананд, дигар гиребони ҳайрат гирифта тавба мекунем, - мегӯяд ҳамсуҳбатам, ки худро Мукаррама Султонова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа муаррифӣ кард ва илова кард:
- Коҳиш ёфтани сатҳи таълиму тарбия, воридшавии фарҳанги бегона тавассути технологияи муосир ва таблиғи фаҳшу фуҷур аз тариқи филмҳои хориҷӣ сабаби гирифтории баъзе занону духтарон ба чунин «бемориҳо» гаштааст. Баъзан волидон ба нишони меҳру муҳаббат ба ҷойи тарғиби илму донишандӯзии занону духтарони хонашин ба онҳо телефонҳои мобилӣ ва воситаҳои истифодаи интернетӣ тақдим мекунанд, ки ин хуб нест.
Ҳамсуҳбати дигарам, савдогари бозори «Фаровон»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ки нахост номаш зикр шавад, дар тақвияти фикри М.Султонова илова кард: «Ин ҳарфи нав нест, ки насли ҷавон, ба хусус, духтарони аз таҳсил ва ҳунаромӯзӣ дар канор монда, тавассути ҳамин гуна воситаҳои дилхушӣ расму рафторҳои ба фарҳангу маданияти миллати худ бегонаро қабул менамоянд, маҳз оқибати истифодаи барзиёди телефонҳои мобилӣ ва паёмакҳои ҳамсуҳбатҳои бадахлоқ боиси хонавайронии сунҳори хурдиам шуд. Писарамро пайваста таъкид мекардам, то нагузорад, ки ҳамсараш саргарми тамошои ҳар гуна филмҳо бошад. Шахсан чанд қисмати яке аз ин филмҳоро тамошо карда, ба ҷуз асабоният дигар суде аз он набардоштам. Оҳанги гуфтор, тарзи сарулибоспӯшӣ ва рафтору кирдори нақшофарони ин филм барои ман, ки дар оилаи суннатии тоҷикӣ ба воя расидаам, нописанд буд. Масалан, дар силсилафилми туркии «Меҳри ҷовид» қаҳрамони асосии он Назира бо вуҷуди оиладор будан, муаллими мактаби деҳаро дӯст дошта, аз ӯ ҳомиладор мешавад. Ва тамоми ин филм аз ишқварзиҳои ниҳонии ин зан қисса мекунад».
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо маҳз тамошо ва бардошт аз ҳамин гуна филмҳо, ки ишқварзию хиёнат ба ҳамсар дар онҳо тарғиб меёбад, боиси бадахлоқии сунҳору аз байн рафтани оилаи писараш гаштааст.
Амсоли ин чандин ҳолатҳои пошхӯрии оилаҳоро, ки ба хиёнату бадахлоқии занон иртибот дорад, зиёд шунидаему мушоҳида кардаем. Зиёд шудани ин гуна қиссаҳо байни мардум боиси нигаронист. Суоли посухталаб ин аст, ки чӣ гуна ва аз чӣ чораву тадбир кор гирифт, то сатҳи чунин кирдорҳои зишт дар ҷомеа коҳиш ёбад. Барои дарёфти ҷавоби саҳеҳ интизори андешаҳои хонанда ҳастем, ҳар таклифу пешниҳоди судманд сари мавзуи мазкурро дошта бошед, ба нишонии bonuvon.tj ирсол намоед. Интизори номаҳои шумоем.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН