Ҳолиё дар паси маснаду мартабаҳои саркори бригада, сарвари хоҷагию вакили мардумӣ ва дигар обрӯву эътибори дар ҷомеа доштааш, зиндагии саропо аз муборизаву умри пурбаракати зан-модаре меистад, ки ба қуллаи ҳадафу орзуҳои худ на дар пушту паноҳи дигарон, балки бо заҳмати обилаи дастон ва тай намудани пайроҳаи ноҳамвори муборизаву мушкилиҳои зиндагӣ расидааст. Ин аст, ки имрӯз сархати фаъолзанони ноҳияи Носири Хусрав аз ному насаби пахтакори машҳури ин водии зархез Гулнора Хоҷаева, оғоз меёбад, ки бо заҳмати бебаҳои ҳосилғундорӣ ва нақши пешоҳангию фаъолияти ибратбахшаш дар корҳои ҷамъиятӣ барои пиру барнои ноҳияи Носири Хусрав қарин асту ошно.
-Гулнора намояндаи бонувони фаъоли деҳаи дурдасти Арабхона дар ҷашну чорабиниҳои сатҳи ноҳия аст ва инчунин муаррифгари сатҳу сифати «тиллои сафед» - и и? н водии зарнисор дар вилоят ва фаротар аз онанд. Дар солҳои сарварии хоҷагии коллективиро ба зимма доштанам, боре чунин ҳосилнокии пахтаро дар ёд надорам, ки имрӯз ба ӯву саҳмдорони хоҷагиаш муяссар омада. Ростӣ, аз худ дарак додани чунин фотеҳони саҳро, ки бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ноҳияро дар вилоят ва берун аз он шаъну этибор медиҳад, шоистаи таҳсину ибратомӯзист,- мегӯяд роҳбалади мо ронанда Панҷӣ Хидиров.
Мо мазрааҳои боғу пахтазор, дашту найзори ду шафати роҳро пушти сар карда, ба деҳистони Арабхона расидем ва роҳбалади мо мошинро дар назди як манзили навбунёди ин қария боздошт. Тафси дилгудозе, ки аз дарвозаи хонаи Гулнора ба сару рӯ мезад, собит мекард, ки як моҳи фасли тирамоҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол ҳарорати ҳаво дар ин диёри офтобрӯя поин нарафтааст. Дар саҳни ҳавлӣ бонуи қоматбаланди гандумгуне моро истиқбол намуд, ки дар даст қаламу дафтару китоб дошт, ки гӯӣ парвардаи офтоб аст. Дасту панҷаи дар кори саҳро обутобёфтаи ӯ аз собиқаи тӯлониаш дар заҳмати заминдорӣ дарак медод.
Ӯ дар хонаводаи заҳматкаше ба дунё омадааст, ки сарвари оила доимо дар сафар қарор дошту таълиму тарбияи 10 фарзанд бар дӯши модар буд, ки аз бонувони солеҳаву риёзидони деҳкадаи Арабхона маҳсуб меёфт.
- Меҳнатдӯстию меҳру муҳаббат ба замину зироаткорӣ дар дилу дидаи мо аз шири модару силаи раҳми аҷдодони барзгарамон маншаъ мегирад, ки аз заҳмати деҳқонӣ рӯзгори худро пеш мебурданд, -аз шаҷараи аҷдодии худ қисса оғоз намуд ин бону.
Гулнора Хоҷаева фаъолияти меҳнатии худро баробари хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ аз хоҷагии зодгоҳаш оғоз мекунад. Дар ҳамин макон бо муҳандиси ҷавоне издивоҷ кард. Аз шавқу дилбастагиаш ба кори замину пешаи деҳқонӣ буд, ки бо мурури замон чун фаъолзани оростакору чинакчии пешқадами ноҳия ном баровард. Чун саркори яке аз бригадаҳои пахтакорӣ таъйин шуд, саъю талошаш ба кори саҳро ва бардоштани ҳосили рекордии пахта бештар гардид.
Соли 2006 дар раванди таҷдиди хоҷагиҳои коллективӣ Гулнора Хоҷаева низ аз ҳисоби 6 гектар замини саҳмияҳои аҳли хонаводаашон хоҷагии деҳқонии «Чорқул-бобо»-ро таъсис дод. Ӯ, ки аз ҳама тору пуди соҳаи пахтакорӣ огаҳӣ дошт, ба хубӣ медонист, ки бидуни маблағгузории кифоя кишту парвариши саривақтӣ ва бардошти ҳосили дилхоҳ муяссар намеояд. Ҳамин тавр, аз соли аввали таъсиси хоҷагии инфиродӣ бо Ширкати сармоягузории Исмоили Сомонӣ шартномаи қарзӣ ба имзо расонд.
-Солҳое, ки аз номусоидии боду ҳаво ва дигар сабабҳо ҳосили дилхоҳ рӯёнда натавонем, сармоягузор ба хотири дастгирӣ ва идомаи ҳамкориҳои минбаъда қарзҳои моро то ҳосили мавсими оянда тамдид мекунад, - қаноатмандона мегӯяд сарвари хоҷагии деҳқонии «Чорқул-бобо» - Хароҷоти имсолаи мо ба ҳар гектар замин 2 ҳазору чаҳорсад сомонӣ рост меояд. Даромади хоҷагиҳои пахтакор ба иҷроиши нақшаи ҳосили он бастагӣ дошта, барои пӯшондани харҷи солонаи хоҷагӣ бояд, ки аз ҳар гектар 25 - сентнерӣ ҳосил рӯёнд.
Имсол дар баробари ҳосили баланду иҷроиши барвақтии нақшаи ҳосилғундорӣ, арзиши нахи пахта низ боло рафт, ки аз ин вазъи иқтисодии хоҷагиҳо беҳтар гашта, саҳмдорони он суди бештар меёбанд. Дар мавсими имсола хоҷагидорон аз ҳар гектар 40 - сентнерӣ ҳосил бардошта, ҳанӯз аз фурӯши чинаки аввали пахта хоҷагиро аз қарзҳои чандсола бароварданд. Арзиши имрӯзаи як килограмм пахтаи хом ба 5 сомонӣ баробар шудааст, аз ин лиҳоз, ҳама саъю талошамонро ба он равона кардаем, ки ҳосили дар саҳро мондаро сари вақт ҷамъоварӣ созем. Зеро боришоти тирамоҳӣ сифату арзиши пахтаи дар саҳро мондаро коҳиш медиҳад.
-Соҳибистиқлолии кишвар заминро ба соҳибони аслиаш, халқи заҳматкаш ҳамчун моликияти меросӣ дод. Хушбахтона, бо мурури зиндагӣ фарзандонам низ ба пешаи кишоварзӣ дилбастагӣ зоҳир намуда, дастёру мададгор шудан доранд. Аз ин лиҳоз, айни муддаост, ки дар баробари таълиму тарбияи илму ҳунарҳои гуногун таваҷҷуҳи фарзандонро ба соҳаи хоҷагии қишлоқ, ба хусус, ихтисосҳои замину табиатшиносӣ, дорусозию растанипарварӣ ва дигар бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуданро салоҳ донистем. Зеро бо вуҷуди таҷрибаи даҳсолаи заминдорию пахтакорӣ, ҳамеша ба ёрию машварати мутахассисони таҳсилоташон олӣ ниёзмандем, ки имрӯз норасоии онҳо дар пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ баръало эҳсос мешавад,- ҳароратангез гуфт Гулнора Хоҷаева.
Ҷ. Усмон,
ноҳияи Носири Хусрав