Ӯ зодаи Екатеринбурги ФР мебошад ва дар гузораи солҳои зиндагӣ ҳунари кӯрпаю болин ва чакандӯзии таҳҷоиро фаро гирифт, то ҷое, бинанда тарзи бомаҳорат ва бо салиқаи баланд дӯхтани ӯро дида, ба ҳайрат меояд. Шогирдони зиёде ба хонааш омада, аз ӯ ҳунари хайётию чакандӯзиро ёд мегиранд. Моро то ба хонаи Надежда Михайловна раиси шаҳраки Муъминобод Сабоҳат Гадоева роҳбаладӣ кардаву дар бораи ин зани некукору ҳунарманд ва модари мушфиқ бо шавқ ҳарф зад. Дар ҷараёни суҳбат дарёфтам, ки бо тоҷикписаре бо номи Саид дил баставу бо ризоияти волидон ба Муъминобод меояд. Пеши худ қарор кард, то ҳунар биомӯзад, аз маҳорату санъати баланди хайётиву чакандӯзии бонувони таҳҷоӣ, зеро таҳсилоти миёнаи касбӣ дошт. Ба талқини «Нонро аз даҳон гиру ҳунарро аз даст» дӯхтани кӯрпаву болину чаканро фаро гирифт.
- Шукронаи амониву ободиҳои ватан, ки ҳоло талабот ба маҳсулоти омодакардаи мо хеле зиёд аст, - мегӯяд бо табассуми ба худашон зебанда Надежда Михайловна ва баъди фурсате сукут меафзояд: - Гоҳҳо ба худ меандешам, агар ман ҳунари чакандӯзиву қаламидӯзиро намедонистам, ҳоламон чӣ мешуд? Гурусна - ку намемондем, вале имкон меёфтем, ки фарзандонро соҳибтаҳсилоту хонаобод кунем? Президентамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид мекунанд, ки бонувон бояд соҳибҳунар бошанд, духтаронро соҳибҳунар кунем.
Сабоҳат Гадоева ду куртаро назди мо мегузораду мегӯяд, ку бинед, кадомаш зебо дӯхта шудагӣ… Куртаи чакани сафедро мебинам,ки хеле моҳирона майдакорӣ карда шуда рангаҳояшро низ хеле моҳирона, устокорона ҷо ба ҷо кардааст ё ба қавли чакандӯзҳо шинонидааст. Бо лаҳни саршор аз ифтихор Сабоҳатбону гуфт: - Ин маҳсули дастони Надежда Михайловна аст. Кадбону маъзарат хосту бо ваъдаи нони гарму шакароб берун рафт. Ҳама ҷиҳози хона мураттабу муназзам. Ба сӯзании чакан, ки дар матои алвони сурхи қирмизӣ дӯхта шудаасту рамзи офтобу ситораҳоро тасвир кардаасту наққошашу хайёташ худи Надежда-апа мебошад, менигарам, ки ҳамчу зебу фари девори хона хидмат мекунад. Рӯи ҳавлӣ мебароем, дар нонхонаи (мардуми кӯҳистон ҷои нонпазиро нонхона мегӯянд) кадбону бо келинаш саргарми нонпазист. Ба нонҳои чун рухсораҳояш сурхранг менигараму ба дил мегӯям: «Ҳунар дорӣ, кони зар дорӣ».
Автомобиле назди хонааш қарор мегираду аз он бастаҳои кӯрпаворию қаламидӯзиро берун оварда: - Апаи Надя инҳоро модарам фиристоданд,- мегӯяд духтари либоси атласпӯше шармгинона, - гуфтанд, ки дасти шумо зеби дигар дорад.
- Арӯсшавандаӣ, хушбахту сарбаланд бош, духтарҷон, сабуру хушмуомила бошӣ, бахт ҳамқадамат мешавад.
Ҳар сол як бор ба хабаргирии наздиконаш ба Русия меравад, 2–3 моҳ пас хумори ба Тоҷикистон омадан ӯро фаро мегирад. Онҷо ватани ман аст, вале Тоҷикистон бароям фаротар аз ӯст,-иқрор мешавад Надежда Михайловна.Тоҷикистонро чун ҷонаш дӯст медорад, мардумони самимияшро низ. Дар рафти нонпазию омода кардани шакароб ҳароратангезу бомуҳаббат сарзамини биҳиштосои тоҷик, меваҳои ҷойдорию мардуми меҳмоннавозашро месутуду пуштибонӣ аз танзими таҷлили маросиму маъракаҳо мекард. Дӯхти зебои ҷиҳози арӯсӣ ҳунари баландро мехоҳад ва одамон бо боварӣ бароям ин молу матову пахтаро меоранд, ки шахсан худам дӯзам, асос барои мардуми мо кӯрпаву якандози хуб дӯхташудаву тозаву озода аст, - мегӯяд апаи Надежда.
Ангуштони аз меҳнат шахшӯлаш рӯи матои шоҳӣ форам садо мебароранд.То ба синни нафақа баромаданаш дар кӯдакистони ноҳия ба парвариши фарзандони мардум машғул буд, барояшон забони русиро меомӯхт.
- Чи ҷои пинҳон кардан, маҳз баъди ҳунаромӯзиам рӯзгорамон беҳтар шудан гирифт, илова бар ин эҳтироми мардумро намегӯед. Аз дуру наздик ба суроғам меоянд, ба хотири ҳунарам. Ҳунармандӣ инсонро сарбаланду хушрӯзгор мекардааст. Муҳаббати тоҷикписар-Саиду фарзандонам водор карданд, ки ба хотири ишқу муҳаббати поки ба шавҳарам дошта, диёрашро, мардумонашро, хокашро, ҳар як зарра обу донашро, урфу одаташонро дӯст дораму азиз донам,- мегӯяд ӯ.
Мардуми маҳаллӣ ҳини баргузории ҷашну маросимҳо ва маъракаҳо ба ӯ анвои нонро бо шумули кулчаву чаппотӣ мефармоянд. «Мардуми тозарӯзгору зебову ҷони одаманд, тоҷикон», - мегӯяд ӯ. Агар мӯйҳои хурмоирангу чашмони обиву рухсораҳои лолагунашро сарфи назар кунем, ту гуфтӣ наздат бонуи сирф тоҷик нишастааст, зеро беғалату тоза, тоҷикона ҳарф мезанад ва ин сарзамини барӯманду диёри мардумони ободкорро на б?а забон, балки ба дил дӯст доштаст, ки мегӯяд: -Тоҷикистон дар ҷои ҷонам маъво гирифта.
Садбарги Боқӣ,
Екатеринбург - Душанбе