«Маро бе хости худам ба шавҳар доданд. Баъд аз хатми мактаб падар дар як суҳбати ошкоро ба ману хоҳарам гуфт, ки мехоҳад оилаҳои мо аз тариқи муҳаббат бунёд шаванд, зеро ӯ модарамро дӯст доштаву то имрӯз аз шаҳди ин меваи душворёб ширинкома аст. Аммо то соҳибкасб шуданам касеро дӯст надоштам, хостгорони зиёд ба хона чун омаданд, падар аз байни онҳо якеро интихоб кард…
Баъд аз сипарӣ шудани як муддат эҳсос кардам, ки шавҳар маро ба ду далел интихоб кардааст. Якум, азбаски дар оилаи қашшоқ бузург шудааст, умед дорад, ки аз давлати падари ман насиба хоҳад бардошт ва дар зиндагӣ аз ҷониби хонаводаи мо дастгирӣ хоҳад дид. Дуюм, ҳусну ҷамол ва соҳибкасбии ман будааст. Хеле талх аст зиндагӣ кардан, вақте дар зиндагӣ муҳаббат набошад. Хандаҳову меҳрубониҳои сохтаи шавҳар ва аҳли оилаи онҳоро ба хотири падару модар таҳаммул менамудам. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар хонаводаи мо дурӯягӣ ва дурӯғгӯӣ ҳама вақт мавриди интиқод қарор мегирифт ва мо аз хурдӣ чунин парвариш ёфта будем, ки бояд миёнамон бовару эътимод бошад. Илова бар ин, дар хонаводае бузург шудам, ки аз ҳама ҷиҳат таъмин буд ва зодмандон барои фароҳам овардани тифлии ноз ва соҳибкасбу соҳибтаҳсилот кардани фарзандон шаборӯз заҳмат мекашиданд. Падарам муҳандиси варзидаву шинохта асту модарам бори илмро бар дӯш дорад. Дар хонаи шавҳар мардон, яъне шавҳар, бародарбузурги ӯ ва падарашон барои таъмини оила камтарин саъй мекарданд ва бечоранолию ғайбатро хеле хуш доштанд.
Роҳи ягонаи наҷот аз чунин муҳити нофорам маҳали кор буд. Аз субҳ то намози шом дар кор машғул будаму баъд ҳам ба пухтупаз ва рӯбучини хона. Соли дувум писар таваллуд кардам. Хушбахтии падару модарам ҳадду канор надошт. Шавҳару хусур ҳам қаноатманд буданд. Эҳсоси нав, яъне модар шудан, чизи дигар будааст. Ҳар ҳаракату талоши писарам бароям аҷиб ва дилписанд менамуд. Ба Офаранда сипос мегуфтам, ки бар ивази азобҳои кашидаам бароям чунин писари зебо ва таҳамтансурат бахшидааст. Ӯро мебӯидаму мебӯсидам, сари гаҳворааш шеър мехондаму аз Парвардигор барояш бахт мехостам.
Ин ҳама хушбахтӣ тақрибан ду сол давом кард. Рӯзе барои дидор ба хонаи падар омадам. Баъд аз соате падарам бо чеҳраи пурдард гуфт, ки дар рафтори писарам чизи бегонаву ноошноеро мебинаду ҳич намефаҳмад, ки чист.
Рӯзи дигар ба назди духтур рафтам ва ин оғози роҳи сангине шуд бароям. Баъд аз муоина ҳайати пизишкон ба ман эълом доштанд, ки писарам гирифтори маризии аутизм аст ва бояд ману шавҳарам ба имтиҳонҳои сахти зиндагӣ омода шавем…
Ростӣ, он вақт дар бораи ин маризӣ чизе намедонистам. Гирён назди модарам рафтам. Ӯ бароям каме маълумот дод. «Шахси дар худфурӯрафта» - ин ибораро садҳо бор такрор мекардаму чизе намефаҳмидам. Ба хона баргаштему воқеаро ба хусуру хушдоман нақл кардем.
–Дархудфурӯрафта, яъне девона? – пурсид падар аз шавҳарам.
– Не, не, - гуфт ӯ ва гиря гулугираш кард.
Мушкилоту азоби то ин рӯз кашидаам дар муқоиса ба рӯзҳои баъдӣ бароям хеле кучак шуд. Ба ғайр аз шавҳар ва зодмандон дигар касе маро рӯҳан дастгирӣ намекард. Пешопеш мехоҳам ёдовар шавам, ки бо сар задани чунин мушкил аксар мардони тоҷик аз оилаҳои худ фирор мекунанд ва зани танҳову фарзанди мариз дар хаму шеби зиндагӣ азоби ҷаҳаннамро мекашанд.
Амакҳову аммаҳое, ки то дирӯз Рустамро Рустамҷон мегуфтанд, ӯро ба чашми дигар медидагӣ шуданд. Ба ҷои меҳрубонӣ дуруштиро раво мешумурданд ва вақте ӯ ба назди онҳо мерафт, бо ҳар баҳона дураш мекарданд ва носазо мегуфтанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки кӯдаки дархудфурӯрафта нисбат ба дигар бачаҳо меҳрубониву муҳаббати зиёдтар мехоҳад ва хеле ҳассос аст. Барои як бача (ва он ҳам мариз) чунин ранг гирифтани зиндагӣ басо сахту сангин буд. Ба тадриҷ худро аз ҳама канор гирифт ва танҳо бо ману падараш ҳамсуҳбат мешуд. Бо калонтар шудани писар табобату таъмини ӯ мушкилтар мешуд (бачаҳои дархудфурӯрафта на ҳама хӯрокро мехӯранд). Ба хотири таъмини рӯзгори ман падарам, ки муҳандиси роҳсоз аст, ба шаҳри Боку рафт ва ҳар моҳ маблағи муайянеро бароямон мефиристод. Бо ин роҳ мушкили молӣ ҳалли худро ёфт, аммо ман аз як ҳамсуҳбати хуб ва падари меҳрубон дар канор мондам. Модарам ба корҳои илмӣ машғул асту бо даст додани камтарин фурсат ба назди мо меояд ва то ҳадди имкон дилбардорӣ мекунад. Аммо дар ин марҳала ман ба маслиҳатгару роҳнамо хеле ниёз доштам, зеро ҳар рӯз рафтори писарам тағйир меёфт ва барои фаҳмидану қонеъ кардани хостаҳояш мушкилӣ мекашидам. Шукри Парвардигор ва пизишкони меҳрубон, ки ҳама вақт ба мушкилиҳои мо расидагӣ мекунанд.
Як ҷанбаи мусбати дигар ин ҷамъ омадани падару модарон дар як марказ аст. Онҳо табодули таҷоруб мекунанд ва барои осонтар ҳаллу фасл шудани мушкилоти ҳам ёрӣ мерасонанд. Ба ҳамин хотир, ман дигар кор намекардам ва ҳар рӯз барои табобати фарзанд ба марказҳои гуногун муроҷиат менамудам ва бо ҷамъ кардани каме маблағ барояш бозича мехаридам (бозичаҳои онҳо нисбат ба бачаҳои солим хеле қиматтаранд).
Бояд гуфт, ки тарзи бозӣ, хӯрокхӯрӣ, муносибат ба атрофиён ва табиат, шеваи дарс тайёр кардани кӯдакони дархудфурӯрафта аз дигар бачаҳо фарқ мекунад. Танҳо бо мутолиа ва муроҷиат ба мутахассисон метавон ба фарзанди маризи худ кумак кард. Ҳатто тарзи суханкунии онҳо фарқ дорад. Аутистҳо ҳангоми муроҷиат намудан ба ҷои шахси якум шахси сеюмро истифода мекунанд, ки ислоҳи он дар натиҷаи заҳматҳои зиёд ба даст меояд (ва ё намеояд). Онҳо намехоҳанд, ки падар ё модар сари онҳоро сила кунад. Ба чашми шахси дигар нигоҳ карданро дӯст намедоранд. Аз байни аъзои оила чанд нафарро интихоб мекунанд ва вонамуд хоҳанд кард, ки дигаронро намебинанду намешунаванд. Баъзе бачаҳои дархудфурӯрафта ороманду баъзе хеле шӯх ва серҳаракат. Кӯдакони серҳаракатро бояд имкон фароҳам овард, ки бидаванду битозанд, агар барояшон монеа эҷод намоӣ, муносибаташон дигар мешаваду бештар дар худ фурӯ мераванд ва маризӣ бештару бештар онҳоро дар худ фурӯ мебарад. Рустамҷони ман хеле серҳаракат аст, аз субҳ то шом медаваду хастагиро намедонад.
Бо калонтар шудани писарам андешаҳо хоби бе он ҳам ками маро аз чашмам мерабоянд. Намедонам, ки фардои ӯ чӣ хоҳад шуд? Оё табобат меёбад ё не? Неруву тавоноӣ ва сабру таҳаммули шавҳарам басанда хоҳад буд ё хайр? Ё ӯ ҳам рӯзе аз хона мебарояду дигар барнамегардад? То кай ӯро дар ҳавлӣ нигоҳ хоҳам дошт? Ҳамсолонаш минбаъд бо вай чӣ гуна муносибат мекунанд? Оё метавонад касберо аз худ кунад? Худо маро ба он рӯзе мерасонад, ки бо чашми сарам бубинам, ки писарам мисли дигар бачаҳо худаш ба мактаб мераваду баъд ҳам ба хона бар хоҳад гашт? Ҳоло дар мактаб аъло мехонад, вале дар синфҳои болоӣ метавониста бошад, ки барномаи дарсиро аз худ кунад? Худоё, агар ман бимирам, ҳоли писарам чӣ мешавад?»
Ин ҳарфҳои пурдард аз забони зане садо медиҳанд, ки ҳанӯз ба синни 30 нарасидааст. Ба қавле аз ҳазор гул як гулаш нашукуфтаасту аллакай аз марг мегӯяд. Аз марге, ки ба сарнавишти писараш аломати суол мегузорад. Аз худ намеандешад, аз бахт намегӯяд, ояндаи худро намебинад. Танҳо ва танҳо ин бонуи ҷавонро суолҳои беҷавоби зиёд ва номуайянӣ фаро гирифтаанд. Умеди ягона ва мухотаби танҳояш Офаранда аст.
«Баъзан ба худ меандешам, ки барои кадом корам Худо маро ҷазо додааст. Чӣ хатое аз ман гузашта бошад? Чаро аз байни ҳамсолон ман барои чунин имтиҳон интихоб шудаам? Чаро маҳз писари ман ба чунин маризӣ гирифтор гаштааст? Бояд чӣ кор кунам? Мӯи сафеди сарамро мебинаму тарс вуҷудамро зер мекунад. Худоё, маро барои нигоҳубини писарам боз чанд соли дигар нигаҳ дор! Итминонам қавӣ аст, ки агар ман бимирам, пас аз чанд рӯзе шавҳарам писарамро ба ятимхона мебарад. Он вақт намедонам ҳоли ӯ чӣ мешавад? Саҳеҳтараш медонам. Худоё, нигаҳ дор ӯро!»
Дар муқобили дарди бузурги мусоҳиби ҷавонам худро новобаста ба бузургии синну солам он қадр кӯчаку ночиз эҳсос менамоям, ки ба худам ҳатто нафрат пайдо мекунам. Эҳсоси он ки дар зиндагӣ бо ҳама саъю талош натавонистаам дарди шахсеро сабуктар кунам, ба ниёзмандон камтар таваҷҷуҳ зоҳир намудаам ва дар ҳаёт кори арзишмандеро анҷом надодаам ва аз ҳама муҳимаш аз дарди чунин модарон бехабар зистаам, азиятам медиҳад. Акнун эҳсос мекунам, ки ман дар баробари ин модари бузурги саропо дард, мисли кӯдаки дархудфурӯрафта нигоҳамро мегурезонам. Худу як қисми ҷомеаро гунаҳкор ҳис мекунам ва ҳамзамон дар дил ба он шахсоне, ки солҳо боз барои муолиҷаи чунин маризон ва дастгирии рӯҳии волидони онҳо заҳмат мекашанд, изҳори сипос менамоям. Худоё, дарди ин модаронро кам куну фарзандони онҳоро шифои комил бидеҳ. Дуогӯем…
Фароруни Сабзқадам