Субҳ озими хонаи Амрият Маҳмадризоева шудем. Дохили айвони кушоду барҳаво болои чанд қабат кӯрпача зани покизаандом, озодаву ороста нишаста, бо чеҳраи нарму табассуми гарми самимияш пазироӣ намуд. Ин зан бибии Амрият аст. Ӯ ҳаштод сол дорад. Зодаи деҳаи Дуобаи Ҷамоати деҳоти Тагобаи ноҳияи Рашт. Қаҳрамонмодар, дувоздаҳ фарзанд ба дунё овардааст. Теъдоди наберагону аберагонаш қариб ба сад нафар расида.
Ӯ дар хонаи яке аз фарзандонаш, саҳеҳтараш тавре худи бибии Амрият мегӯяд: «Ин хонаи писари панҷумам Қаноатшо мебошад». Лоиқзода Қаноатшо Холиқ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Рашт аст. Онҳо нуҳ бародару се ҳоҳаранд.
- Духтаронам занҳои хонашинанд, хонаву дари обод доранд. Писаронам Идибеку Одилбек дар деҳаи Порвоғ, Ёрибеку Маҳфизулло дар Русия, Ҷонибек дар Душанбе ва Маҳмадсафо дар Чин ба соҳибкорӣ ва тиҷорат машғуланд. Қодирбек дар бонк ва Олимбек занбӯрпарвар аст, - мегӯяд ӯ.
Тавре холаи Амрият нақл мекунад, шавҳараш Холиқ Лоиқов дар доди панҷову сесолагӣ аз олам чашм пӯшидааст. Фарзандони калониро падар ва баъди вафоташ бародари калонӣ Идибек боқиро соҳибтаҳсилот намудааст. Ҳама писарон дорои таҳсилоти олӣ мебошанд.
- Бисёр модари сахтгир будам, гоҳе мешуд бо дангал сур мекардум. Дувоздаҳ кӯдаки худма ва боз даҳ фарзанди хусурма калон кардум, хонондум, тӯй кардум. Осун нест тарбияи иқа фарзанд. Раҳматӣ падаршон бисёр одами бовиқору босалобат буд. Баъди вафоти ӯ ман ба фарзандонам ҳам падар ва ҳам модар шудам.
Аз нақли пиразан аён гашт, ки аз хонаи хусураш чанд маротиб ба хостгорияш омаданд, вале хешовандон розӣ намешуданд. Падари ӯ раиси ҷамоат ва хусураш раиси колхоз буд, вале сари қудошавӣ ба мувофиқа намеомаданд.
- Амаки шавҳарам дӯсти падарам буд ва маҳз бо миёнаравии ӯ ман дар оилаи Лоиқовҳо келин шудам. Баъди як ҳафтаи хонадоршавиям шавҳарамро ба аскарӣ бурданд. Ӯ пас аз се солу шаш моҳ баргашт. Бисёр одами ҷиддӣ буд, касе гапашро ду карда наметавонист. Аз роҳбарияти ноҳия то деҳқони одӣ аз ӯ маслиҳату машварат мехостанд. Солҳои дароз бригадир ва мудири анбори совхоз буд, - мегӯяд бибӣ.
Ҳамаи келинҳояшро худаш хуш кардааст. Аз онҳо миннатдор аст ва дар бораи онҳо суханони нек мегӯяд. Келинҳо бошанд, дар баробари худ ҳурмату эҳтироми хушдоманро ба ҷо меоранд. Азбаски дар арӯсияш азоб кашида буд, тасмим гирифт то дар оянда ба келинҳо сахт нарасад.
- Келинҳом аз духтаром ва бачаҳом бисёртар ҳурматам мекунанд. Келином одамои хубанд, ботарбияанд, коргаранд. Ман худам ба келинҳо пухтани кашк, манту ва чаппотиву гирдачаро омӯзондаам.
Азбаски бобои Холиқ сердӯсту рафиқ буд, кошонаашон меҳмонрез буд. Дар баробари кору бори хона қабулу гусели меҳмонҳо, пухтупаз ва кори саҳрову нигоҳубини чорво то калон шудани бачаҳо ба зиммаи бибии Амрият буд.
- Хоҷагимон калон буд, сӣ сар чорвои калон ва зиёда аз сад сар моли майда доштем. Заминҳои калони кишти картошкаву сабзавот, майдонҳои боғу қуттиҳои оилаи занбӯр, ки хусурам бо онҳо сарукор дошт, даромади хоҷагиямонро таъмин менамуду барои пасандоз низ кифоя буд. Рӯзгори пурфайзу бобаракат доштем,-мегӯяд ӯ.
Хоксории момои Амрият боло мегираду гапи муҳимро намегӯяд. Муҳим ин, ки маҳз ӯ маҳаки асосии ҳамаи оилаву авлод ва хоҷагии Лоиқовҳо буду мебошад. Баракати ин зани қавиирода, ки азмаш дар рӯзгордорӣ қавӣ буд, ин оиларо ба қуллаҳои мурод расонд. Оилае, ки намуна асту дасти ёрии фарзандонаш ба халқ мерасад. Дар пасту баландиҳо ва бурду бохти мардум бо онҳо шариканду дар ободии деҳа, ҷамоат, ноҳия ва ҷумҳурӣ камар бастаанд.
Имрӯз ин зани хушрӯзгору бобаракат даврони хуби пирӣ меронад. Бо талош фарзандонаш ӯро ба хонаи якдигар мебаранд. Наберагонаш аз суханони пандомезаш нӯш мекунанд. Хуллас, ҳама дӯсташ медоранду ӯ низ онҳоро. Дар ин синни табаррук даст ба дуо асту шабонарӯз дар ҳаққи Сарвари кишвар, фарзандону наздиконаш ва мардуми Тоҷикистон дуои хайр мекунад. Аз сулҳу амонӣ ва оромиву осоиштагӣ шукрона менамояд. Шукрона мекунад, ки мардуми кишвар ба саодату шодкомӣ расидааст.
Аҳсанту офарин ба модари тоҷик. Ба модаре, ки фарзандони фарзонаву арзанда ва бонангу номус ба дунё овардаву тарбият мекунад. Дар замири онҳо аз хурдӣ хизмат ба халқу ватанро ҷо менамояд. Бо дуои неки худ рӯзгорро пурбаракат мегардонад.
Далер Сафар,
ноҳияи Рашт