Воқеан, унвони қаҳрамонӣ дар кадом шаклею дар кадом сохту ҷамъияте, ки набошад, шоиста ва боиси ифтихор аст. Гавҳарбӣ Пираковаро қисмат чунин буда, ки ба ҳамин гуна як мартабаи баланд бирасад ва шаҳди рӯзгори қаҳрамониро бичашад. Инак, бештар аз 50 сол мешавад, ки ӯро мардуми диёраш ҳамчун Қаҳрамон мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.
Дар суҳбати Қаҳрамон
Ҳоло ба қиёфаи ӯ менигараму бармало эҳсос менамоям, ки симои ӯ бо гузашти солҳо тағйир ёфтааст. Пирӣ тавонистааст, ки ба он ҳусну ҷамоли зебо, қомати расо, чашмони шаҳло ва дастону бозувони гирои ӯ латма бизанад. Албатта, ин чиз амри табиист ва ҳеҷ кас наметавонад пеши роҳи инро бигираду умре ҷавону зебо бимонад. Вале хилофи ин, гузашти рӯзгор ба сурати зебояш он қадар осеби зиёд нарасондааст, балки ӯро боз ҳам дилкаштару нуронитар гардонда…
Суҳбати мо бо ин зани матину заҳматқарин ва дар меҳнат обутобёфта, басо самимӣ шурӯъ шуд.
- Орзуи Қаҳрамон шуданро дар дил мепарваридед ё ин як амри қисмат буд?
- Ҳама чиз аз қисмат ва ризояти Худованди бузург аст, вале ман ин орзуро дар дил доштам. Ин дар ман ҳамон вақт пайдо шуд, ки рӯзе ба дастам як маҷаллае афтоду дар муқоваи он расми механизатори Ӯзбекистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Турсуной Охуноваро дидам. Хондам, ки ӯ механизатори мошини пахтачинӣ будааст. Ҳайрон шудам, ки магар занҳо ҳам механизатор мешаванд? Ба ин зан он қадар ҳавасам омад, ки дар дилам як шуълае ба ин касб фурӯзон гашт ва ба худ гуфтам: «Чаро ман ҳам механизатор нашавам?» Воқеан, он вақт аз занҳо ягон механизатор набуд ва ҳеҷ кас дар ин хусус фикр ҳам намекард. Ман, ки дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ вазифаи муовини раисро оид ба корҳои маданӣ - равшаннамоӣ иҷро мекардам, маҷалларо гирифтаму рост назди бобои Миралӣ даромадам ва ба ӯ нишон додам. Гуфтам, ана, бинед, занҳо чӣ корҳо мекунанд, мо бошем фақат ба корҳои маданӣ - равшаннамоӣ машғулем!
Бобои Миралӣ маҷалларо як аз назар гузаронду гуфт:
- Чӣ, боз васвасаи қаҳрамон шуданат гирифтай?! Ина хондӣ, дидӣ, чашмот кушода шуданд. Маданӣ - равшаннамоияш, ана ҳамияй. Дорӣ ҳунар, рав, пеши котиби райком, агар иҷозат диҳад, ман зид не, хонда биё, мошин аз ман!
Аз назди раис баромадаму ба кумитаи ҳизбии ноҳия рафтам. Котиби райком Ҳаким Бобоев, ки бисёр инсони нек буд, маро дар қабулгоҳаш дида ҳайрон шуд:
- Гавҳарбӣ, ту ин ҷо чӣ мекобӣ?
- Одам бе ягон кор назди котиби райком меояд?
- Ку, биё духтарам, медонам, албатта, масъала муҳим аст, ки ту омадаӣ! Хуш, бигӯ, чӣ гап аст?
Масъаларо гуфтам. Ӯ хурсанд шуд, ки гӯё ман ба танаш ҷомаи нав пӯшонда бошам. Дарҳол ба ҳамаи раисони колхозҳо занг зада дастур дод, ки аз ҳар хоҷагӣ 5 – 6 нафар духтарони болаёқатро барои ин кор омода намоянд. Курс ташкил шуд ва мо дар муддати шаш моҳ соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ гардидем. Ҳамин тавр, ман аввалин зане будам, ки дар собиқ вилояти Кӯлоб ба паси фармони мошини пахтачинӣ нишастам ва бо як завқи баланд ба кор шурӯъ кардам…
Аз байн як сол нагузашта, дар ҳама ҷо, дар газетаю маҷаллаҳо, дар радиою телевизион, сухан дар бораи ман ва мошини пахтачиниям мерафт. Шоирон дар бораам шеъру достонҳо менавиштанд…
Ҳамон сол дар Маскав як ҷаласаи калоне шуду ман ҳам дар он чун пешқадами истеҳсолот иштирок кардам.Ҳангоми танаффус маро Ҷаббор Расулов наздаш даъват карда гуфт:
- Гавҳарбӣ, духтарам, ман аз комёбиҳои ту бисёр шодам ва ифтихор мекунам, ки аз миёни занони тоҷик, мо чунин духтарони қобилу ҷасур ва кордон дорем. Офарин, духтарам! Лекин ин ҳоло кам аст. Ту бояд дар колхоз як бригадаи механиконидашударо ташкил намоӣ, ки кораш намунавӣ бошад ва мо онро чун таҷрибаи пешқадам тавонем ба дигар хоҷагиҳо нишон диҳем…
Аз Маскав омадан замон, ин бригадаро ташкил кардем, 19 нафар ва 74 гектар замин. Дар ҳақиқат ин бригадаи хурд дар як муддати кӯтоҳ ба ҷабҳаи зарбдори кор табдил ёфт. Худам ҳам сарвари бригада будаму ҳам бо мошин пахта мечиндам ва ҳам вазифаи муовини раисро ба ҷо меовардам.
Субҳ нодамида ба кор мебаромадем ва нисфишабӣ бармегаштем. Рӯзи истироҳат набуд. Шабу рӯз ҳама вақт кор ҷӯш мезад. Вале ҳеҷ гоҳ мондашавиро эҳсос намекардем. Дар ҳама ҷо гапи мо, ном ва кори мо буд. Аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ меомаданд ва аз таҷрибаи мо меомӯхтанду мерафтанд. Пай дар пай чандин маротиба ғолиби мусобиқаи сотсиалистии ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ гардидем.
Ҳоло ин лаҳзаҳоро ба хотир меораму ҳайрон мешавам. Шояд ин аз масъулияти зиёди мо дар назди роҳбарон буд ё аз ғайрати ҷавонӣ, ё чизи дигар, намедонам.
- Ё шояд ба хотири Қаҳрамон шудан буд?
- Не, агар росташро гӯям, ман кайҳо қаҳрамон шуданро аз хотир бароварда будам. Мумкин он ҳавою ҳаваси ҷавонӣ буд, ки дарҳол фаромӯшаш кардам. Аммо дар кор масъулият буд. Он вақт агар кас як корро ба уҳда мегирифт ё ваъда медод, бояд иҷро мекард, дигар имкон надошт. Ман, ки ба сарвари ҷумҳурӣ ваъда дода будам, бояд ба ваъдаам вафо мекардам.
Дар ҳақиқат, мо ҳамон бригадаи механиконидашударо ташкил кардем ва онро ба як мактаби таҷрибаи пешқадам табдил додем. Соли 1965 ба ман унвони «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» - ро сазовор донистанд. Он вақт ман ҳамагӣ 23 сол доштам. Худи ҳамон сол боз унвони «Механизатори хизматнишондодаи Тоҷикистон»-ро низ шарафёб шудам.
- Ман медонам, ки Шумо дар вазифаҳои гуногуни давлатию ҳизбӣ фаъолият доштед. Кай ба касби механизаторӣ хотима бахшидед?
-Баъд аз он ки Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ шудам, як рӯз Ҳаким Бобоев маро наздаш даъват карду гуфт:
- Гавҳарбӣ, унвони қаҳрамониро гирифтӣ, боз дигар чӣ мехоҳӣ? Ана, акнун, ба хондан меравӣ. Ман туро ба мактаб мефиристам.
- Гуфтам, чӣ хел мактаб?
- Гуфт, ки корат набошад. Ба Тошканд меравӣ, мактаби олии ҳизбиро хонда меоӣ. Баъд, Худо хоҳад, боз якҷоя кор мекунем!
Розӣ шудам ва чор сол дар мактаби олии ҳизбии Тошканд таҳсил кардам. Омадаму дигар нагузоштанд, ки кори механизаториро идома диҳам. Ҳамин тавр, ба корҳои ҳизбию давлатӣ гузаштам…
- Аз механизаторӣ яку якбора таҳсил дар мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС, бароятон мушкил набуд?
- Албатта, мушкил буд таҳсил кардан бо онҳое, ки ҳама кормандони давлатию ҳизбӣ буданду аз рӯи донишу таҷриба, аз ман фарқи зиёд доштанд. Аммо бо кӯшишу ғайрати зиёд ва омӯзишу бедорхобиҳо, ин мушкилӣ дар як муддати кӯтоҳ бартараф шуд. Дар замони шӯравӣ танҳо ба дониш баҳо намедоданд, балки иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ низ хеле муҳим буд. Як хотира дорам, аз он рӯзҳо.
Таҳсил сар шуду дере нагузашта моро ба пахтачинӣ бурданд. Он ҷо ҳар як донишҷӯ нақша дошт. Шарикдарсҳои ман базӯр 10 – 15 кило пахта чида, ҳеҷ кадоме нақшаро иҷро карда наметавонист. Ман бошам, дар як рӯз 200 – 250 кило пахта чида, гурӯҳро аз қафоравӣ нигоҳ медоштам. Аммо дар маҷмӯъ донишгоҳ нақшаро иҷро карда наметавонист. Дидам, ки бо даст пахта чидани ман кори онҳоро сабук намекунад, бо раиси хоҷагӣ маслиҳат карда, мошини пахтачинӣ гирифтам. Рӯзи дигар бо мошин ба саҳро баромада ҳамаро дар ҳайрат гузоштам.
Дар давраи пахтачинӣ бештар аз 150 тонна пахта чида, тамоми нақшаи донишгоҳро иҷро кардам ва соҳиби мукофотҳои зиёди пулию молӣ гардидам. Шарикдарсҳоям расмамро калон карда, дар ҳамон мошине, ки пахта мечидам, часпонда буданд. Аз он ҷо ба номи бобои Миралӣ «Раҳматнома» фиристонданд. Ҳамин тавр, номи ман ҳамчун ҷамоатчии фаъол то охири таҳсил дар забони устодону шарикдарсон боқӣ монд…
- Дар бораи бобои Миралӣ чӣ гуфтаниед?
- Бобои Миралӣ одами фидоӣ буд. Барои кор, барои колхоз, барои пахта ва барои мардум.Ӯ марди сухан буд, марди қавлу амал буд. Агар қавл медод, иҷро мекард. Мегуфт, ки аз фалон замин мо бояд 50 сентнер ҳосил гирем, албатта, мегирифт. Ё мегуфт, ки имсол мо бояд сад гектар заминро зиёд кунем, ҳатман мекард. Бисёр каси поку тоза буд. Ҳар қадар, ки кор, замину об ва пахтаро дӯст медошт, одамони заҳматкашу меҳнатиро ҳам дӯст медошт. Молу чизи колхозро мисли гавҳараки чашмаш нигоҳ медошт. Ҳар кас, агар хонаи ӯро дида бошад, пас донистааст, ки ӯ чӣ гуна одам буд.
- Мебинам, ки хонаву дари Шумо ҳам бисёр хоксорона ва холӣ аз шукӯҳу шаҳомат аст…
- Бале, ман як зани заҳматкашу деҳқонам. Ба ҳаминаш ҳам шукрона мекунам. Хонаву дар, қасру кӯшк, давлату савлат, нишони хушбахтӣ нест. Давлати калон, ин осоиштагии мулк ва тани сиҳату солим аст. Мо аз ин осудагӣ, ки Сарвари хирадманди мо Эмомалӣ Раҳмон бароямон муҳайё кардааст, шукрона мекунем. Шукронаи фарзандҳоро мекунем, шукронаи осудагии давлатамонро мекунем.
- Дар хусуси фарзандон ва сарвари хонадонатон чизе нагуфтед.
- Худоро шукр, 6 фарзанд дорам. Ҳамаашон соҳиби маълумот, ҷои кор, хонаву дар ва зиндагии мустақилона мебошанд. Гулчеҳра, Саида ва Таҳмина омӯзгоранд. Хусрав корманди Маҷлиси намояндагон, Рустам дар Вазорати маориф ва илм, Саъдӣ соҳибкор аст. Падари фарзандонам Қурбоналӣ Алиев коргари ҷамъияти матлубот буд, ҳоло нафақахӯр аст.
- Эҳсос мекунед, ки Шуморо ҳамдиёронатон чун Қаҳрамон мешиносанд ва эътироф мекунанд?
- Албатта, эҳсос мекунам! Мардуми мо қадршиносанд, гавҳаршиносанд. Ҳар куҷое меравам, иззату эҳтиром мебинам. Дар маҳфилу маъракаҳо болонишинам. Эҳсос мекунам, ки ба қадри он ҳама заҳматҳою хизматҳои мо мерасанд. Худи Пешвои миллат аз Душанбе дар ҳар иду айём бароям туҳфа мефиристад, суроғам мекунад. Боз, агар гузораш ба ноҳия афтад, албатта, бо ман суҳбат мекунад, мепурсад ва гузаштаҳоро ёдоварӣ мекунад. Дар маҳфилу маҷлисҳо, ки имкони суҳбат набошад, боз шахсан аз ман: «Апаи Гавҳарбӣ, чӣ ҳол доред, сиҳату саломат ҳастед?!»- гӯён пурсон мешавад.
Роҳбарони вилояту ноҳия низ нисбатам беэътибор нестанд. Ҳама вақт аз ҳолам бохабар мешаванд, ба маҳфилу маҷлисҳо даъватам мекунанд. Ман аз ҳамаи онҳо розиям.
- Шунидам, ки гармхона бунёд кардаед. Ҳоло ҳам ҳавсалаи кори ҷисмониро доред?
- Худоро шукр, ҳоло бақувватам. Кор карданро дӯст медорам. Фарзандонам зорию тавалло мекунанд, ки дигар кор накунам, худро азоб надиҳам, аммо наметавонам. Агар як ё ду рӯз ба меҳмонӣ равам, корро ёд мекунам. Мехоҳам, ки доим бо замин бошам. Пир шудаам, вале аз кору аз замин сер нашудаам…
Охирсухан…
Чанд муддате, ки бо ин зани наҷиб будам, ҳама он лаҳзаҳо бароям гуворо сипарӣ шуданд. Бори дигар эҳсос кардам, ки воқеан, ин зан Қаҳрамон аст. Ҳанӯз ҳам садоқату самимияти ӯ нисбат ба ҷодае, ки комёбаш гардондааст, кам нашудааст. Ҳарчанд ки комёб ва сарбаланду сарфароз аст, даст аз замин намегирад. Ҳароина рӯй ба замин дорад ва ҳанӯз ҳам ризқашро аз замин меҷӯяд…
Алихон ЗАРИФӢ,
ноҳияи Восеъ