Ману хоҳарам вориди бозори «Корвон» шудем. Раҳ-раҳи бозор аз ду тараф фурӯшандагон молу колои худро рӯи роҳ гузошта, савдо мекарданд. Аз миёни ҳазору як майдаю чуйда диққати моро чизе не, танҳо хурӯсакҳое, ки замони кӯдакиамон беҳтарин ширинии дӯстоштаамон буд, сӯи худ кашид.
- Ана, хурӯсак… Биё, ба хотири ёд аз давраҳои кӯдакӣ яктоӣ харид кунем, - хоҳиш кард хоҳарам, ки одатан кунҷкоб аст ва хеле шӯхтабиат.
- Э, не. Ҳавои хурӯсакат гирифт? Аққалан кӯдакҳо ҳамроҳамон мебуданд, бо баҳонаи онҳо мехаридем, – гуфтам ман.
- Чӣ фарқ дорад? Кӣ моро нигоҳ карда шиштааст? – боз якравӣ кард хоҳарам ва ба фурӯшандаи хурӯсак наздик шуд.
Ман ҳам ночор думболи ӯ роҳ гирифтам. Пас аз нархпурсию харидории хурӯсакҳо лаҳзае чашм аз он зани фурӯшанда канда натавонистам. Нигоҳҳоям сӯи ӯ буданду андешаҳои парешонам дар дунёи дигар. Симои зан хеле ошно менамуд, гарчанде тағйирёфта буд ва озурдаву хаста. Ҳар қадар фикр мекардам, хотираҳо бад – он дараҷа бештар пеши назарам зинда ҷилвагар мешуданд. Ва ҳама он қиссаҳои гузаштаи ин зани хурӯсакфурӯш маро дар зеҳну фикр рӯ зад.
Харидори асосии хурӯсакҳои ӯ мо, талабаҳои мактаб будем. Ҳар субҳ пеш аз мактабравӣ падар ба мо тангае медод, то аз ошхонаи мактаб кулчақанде ё самбӯса харему дар вақти танаффус тановул кунем. Вале мо ба гоҳи танаффус ба хонаи ин зан меомадем ва аз хурӯсакҳои себӣ, ки ҳанӯз ҳам таъми он аз даҳонам нарафтааст, харидорӣ мекардем. Феълан хурӯсакҳои себӣ он маззаро надоранд! Он зан хурӯсакпаз буд.
Мутаассифона, хурӯсакхӯрии мо ҳам дер давом накард. Мо, талабагон пушти дарвозаи зан мерафтем ва садояш мекардем, вале ба ҷуз вағу чағи кӯдакон дигар овозе аз ҳавлиаш шунида намешуд. Баъдтар ба мо ҳамсоязан гуфт, ки дигар дари зани хурӯсакфурӯшро накӯбем, зеро ӯ аз ин хона рафтаасту барнамегардад. Бо ҳамин қиссаи хурӯсакхӯримон ба охир расид ва мо аз ин ширинкома бармаҳал бенасиб мондем.
Аз он ки зани ҳамдеҳаро дар бозор дидем, баъди чанде дар борааш аз модар пурсида будам. Модарам дар бораи чӣ гуна аз қишлоқ рафтану тарки хонаву дар кардани ин зан, ки аз дигарон шунида буд, чунин нақл кард:
- Занаки беақл. Аз куҷое рост буд ё дурӯғ хабари бо дигар занҳо шинухез кардани шавҳарашро фаҳмидааст. Тоқат накарда, мисли он ки оташ гирифта бошад, ҳамеша бо ҳар баҳона бо шавҳараш ҷангию ногап мешуд. Ба ҳамааш мард сабр кард. Хотири ҳафт кӯдакаш боло мегирифту лаб зери дандон монда, аз «девонагиҳои» занаш чашм мепӯшид. Зан ҳамоно аз аспи ҷаҳл намефаромад. Тоқаташ тоқ шуду алови рашкаш хонумонашро сӯхт. Аз баҳри хонаву дар ва кӯдаконаш гузашт. Тарки ҳама гуфт. Ҳамакнун ҳоли хароби ӯро бо чашми сар дидед. Рашк ӯро бадбахт кард.
Ҳамин аст, қиссаи як зане, ки бо як иштибоҳ имрӯз дар кӯчаҳои танҳои зиндагӣ сарсону саргардон боқимондаи умрашро дар танҳоӣ бо хурӯсакфурӯшӣ паси сар мекунад. Шояд пушаймон аз он бошад, ки бо кӯтаҳақлӣ ҳамаро аз даст додааст? Вале ҳайҳот, пушаймониро суде нест, гуфтаанд.
Аноҳито