Дилоромро муҳаббату дӯстдорӣ бо шавҳараш ҳамхона кард. Аслан аз аввал ӯ таҳти фишору зӯроварӣ қарор дошт, вале лаб зери дандон то имрӯз тоқат дорад ва аз ин оиладории бо ҳами беҳам, ки тайи чанд сол боз пурхушунату пурмољарољараён дорад, соҳиби се фарзанд гардидаанд. Аз аҳволи бади Дилором шояд ҳама бохабаранд, ҳам модару хоҳар ва ҳам додару бародар, хешу ақрабо ҳам. Ва ман ҳам яке аз дӯстонаш! Вале аз донистани мо чи суд, ки мададе ба ӯ расонида наметавонем. Дар аввал мегуфтем, ки «ба љанги зану шавҳар остонаи дари хона механдад». Яъне, ин ҳолатҳо дар оиладорӣ гоҳ-гоҳе мешавад ва бо андак вақт ҳамааш хуб мегардад. Вале…
Шояд чун ман, ки як нафар дӯст ё дугона ҳама ёру бародарон ва хешу ақрабо роҳи раҳонидани ӯро аз ин варта љӯё бошанд? Ва шояд ҳанӯз ҳалли роҳи ин мушкилиро пайдо накардаанд? Ё … магар касеро аз ин ғаме несту бетарафиро ихтиёр намудаанд?
Чӣ бояд кард, то кӯмак ба ӯ ва ӯ баринҳо, ки сари ҳар мижа задан гирифтори хушунату зӯроварианд, намуд? Чаро гирифторони хушунат аксаран бонувонанд? (Зеро нишондоду таҳлилҳои коршиносон собит намудааст, ки дар тамоми дунё аз ҳар се нафар зан як тан аз онҳо гирифтори хушунатанд. Яъне, аз љамъи умумии гирифторони хушунат 93 фисадашон бонувонанд, боқимонда кӯдакону мардон. Ҳар рӯз 36 ҳазор зан ҳадафи хушунати хонаводагӣ қарор гирифта, аз ин сари ҳар 40 дақиқа як нафаре қурбон мешавад). Ё онҳо бо сабаби љинси латиф буданашон боиси хушунат дар хонадон мешаванд? Чаро хушунат?
Баъди суҳбати телефонӣ бо Дилором аз чандин љинси мард, дақиқтараш аз ҳамкорон пурсон шудам, ки чаро бештар бонувон дар оила ба хушунат мубтало мебошанд? Чӣ боиси ин ҳама нофаҳмиҳо ва мавриди зӯроварӣ қарор гирифтани онҳо дар оила мегардад? Посухҳо қариб ҳамагӣ якранг буданд: «Занҳо таҳаммулпазир нестанду қаноатпешагиро дӯст намедоранд… ва ғайра». Пас, ҳамон сабре, ки бояд кард, ҳатто таҳаммул ба ҳамон зӯроварие, ки нисбаташ мекунанд, то кай бошад? То қурбонӣ шудан ё шояд сабр ҳам сарҳади худро дошта бошад? Яъне, чӣ бояд кард? Оё мешавад, ки он ҳокими мутлақи бедодгарро тарбияю талқин дар муҳаббату дӯстдорӣ нисбат ба аҳли хонавода кард? Кӯдакон дар ин муҳити носозгор чӣ тавр метавонанд рӯз баранд?
Аксари гирифторони хушунати хонаводагиро, бахусус бонувонро ба қавле ба «ноомадии қисмат ё шӯрбахтӣ» - и зан мансуб медонанд. Дилором ҳам аз бахти шӯраш менолад, ки ӯро чунин қисмат насиб гашта. Зеро аз нигоҳи иқтисодӣ камбудӣ надорад, фарзанд дораду зиндагии тинљу фароҳами бидуни мушкили молӣ. Вале рӯҳан хаста аст аз хушунате, ки сари ҳар қадам шавҳараш ба ӯ раво мебинад. Сабабашро пурсон мешавам, мегӯяд, ки беасос таҳқираш мекардаасту рӯҳан азобаш медодааст. Агар хомӯширо пеша мекунад, зери лату кӯб будааст, агар не таҳқирҳояш ба ављи аъло мерасидааст, ки аз он тоб наоварда, гулӯгир то ҳолати беҳушӣ расидааст. Дилором мегӯяд, ки гузаронидани ин ду ҳолат барояш мудҳиш бувад. Яъне ин ду вазъест, ки ӯ бо марг рӯ ба рӯ мегардад.
Бо дарназардошти маслиҳатҳои ҳуқуқшинос Матлуба Бобољонова бонувоне, ки мавриди зӯроварии оилавӣ қарор гирифтаанд, бояд ба мақомоти корҳои дохила ё прокуратура мурољиат кунанд. Ӯ тавсия ва гуфтаҳоямро рад кард. Яъне, бояд гуфт, ки то дараљае ӯро таҳқиру мазаммат ва зӯроварӣ аз зиндагӣ рӯҳан ноумед кардааст, ки дигар ёфтани бурдаи нонро бе шавҳараш ғайриимкон медонад. Гӯё ӯ нотавон аст ва пешбурди рӯзгораш бе шавҳараш ҳељ аст. Ҳатто барои ӯйе, ки таҳсилдида асту корозмуда. Пас, вой бар ҳоли он зане, ки на илм дораду на касб ва на ҳунаре.
Аноҳито