Дар саҳро ба мисли Зӯҳро наврасон аҳён-аҳён ба назар мерасиданд, ба хусус дар нисфирӯзиҳои фасли тобистон, ки ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа боло мерафту баъзе одамон тобу тавони зери шуъои офтоб истоданро надоштанд. Зӯҳро саргарми пудинаву қоқучинӣ сар-сари ёлаҳо мегашт, то раммаи гӯсфандонаш аз алафзори таллу пуштаҳо ба серӣ бичарранд. Дар он сӯи ҷуй заминҳои фаррохи хоҷагии ҳамсоя воқеъ буду болотар аз он, аз миёни дарахтони сарсабз боми хонаҳои қисмати дигари ноҳия ба чашм мерасид. Мардуми диёри боло Зӯҳроро намешинохтанд, аммо дар борааш нақлу қиссаҳои ҷолиб шунида буданд. Фарзандони кӯчаки онҳо бошад, аз Зӯҳро ба ҳадде тарсу ҳарос доштанд, ки бо шунидани номаш ба ҳар сӯ фирор мекунанд. Деҳқонони хоҷагиҳои пахтакори ду соҳили ҷуй, ки аз нотарсии Зӯҳро огаҳӣ доштанд, баъзан ӯро бо бачаҳои шӯху худхоҳ гӯштӣ меандохтанд. Теъдоди ангуштшумори ҷавонписароне буданд, ки дар гуштингирӣ аз ӯ шикаст нахӯрда бошанд. Миёни мардуми ду маҳал як андеша ғолиб буд, ки ҳар ҷавони Зӯҳроро ба ҳамсарӣ интихобкарда, ҳатман «занкалон» мешавад. Бешак, бачаҳои дар гӯштингирӣ аз Зӯҳро мағлуб омада, дар дил орзуи номзади ӯ буданро мекарданд.
Аз миён солҳо гузашту баъди паси сар шудани нооромиҳои кишвар сокинон ба маҳалли зисти хеш баргашта, ба заминкорию дигар шуғлҳои хоҷагидорӣ машғул шуданд. Аммо, мардум ҳар гоҳи наздик шудан ба поёноби заминҳои худ аз ваҳшати анбӯҳи лухту найзорҳои нодаравидаи мавзее, ки замоне чарогоҳи чорпоёнашон буд, ҳарос доштанд. Ҳезумчинӣ он сӯ истад, лоаққал касе ҷуръат намекард, ки таллу пуштаро аз хору газдарахтҳо тоза намуда, то лаби ҷӯй пайроҳаи одамгузар кушояд. Нахустин нафаре ҳам, ки бо садои ҳаёҳӯйи гусфандонаш сукути ин буттазорро шикаст Зӯҳро буд. Зоҳир гаштани ӯ дар дашту пуштаҳои касногузар дар дили одамон умеду боварӣ ба тинҷию осоиштагиро зиёд мекард.
Шабу рӯзи нооромиҳо, соли 1992 Зӯҳро ба писарамӯи лоғарандомаш Меҳрубон оиладор шуд, ки ба қаду қомат аз ӯ ду ваҷаб пасттар буд. Рӯзи тӯй ҳамдеҳагон, лаҳзаҳои муноқишаву зӯрозомиҳои Зӯҳроро бо бачаҳои деҳ ба ёд оварда: «ҳаёташ дуд кард»,- гӯён ба ҳоли домод механдиданд. Рӯзҳо пайи ҳам сипарӣ мешуд, вале баръакси дигар навхонадорон аз муносибатҳои оиладории Меҳрубону Зӯҳро, гапу калочае набуд. Баръакс, Зӯҳро солиёни зиёд дар мазҳари омм нопайдо буду саргузаштҳои даврони шубобу дигар кирдорҳои мардонааш аз хотираҳои мардум зудуда мешуд. Нафаре аз ҳамсояву хешовандон ҳам боре нашунидааст, ки Зуҳро аз шароити зисту зиндагонии хонаи шавҳар назди касе шиква карда бошад. Ва ба далели модараш, ки «зан бояд ҳамеша дар хизмати шавҳар бошад», ба гоҳи ба меҳмонии зодмандонаш омадан, боре ҳам Зӯҳро шабро дар хонаи падар рӯз намекард.
Солҳои паси ҳам сипарӣ мегардид, аммо аз сирру асрори оилавии Зӯҳрову ҳамсараш ягон тан, ҳатто аҳли хонаводаи шавҳараш ҳам гапу хабаре надошт. Боре дар як ҷамъомади хешутаборӣ дар посух ба ҳолпурсии наздиконашон Зӯҳро шӯхиомез ба тахтапушти шавҳари худ шаппотие фароварду гуфт: «Домоди шумо бе мислу бе ҳамтост». Меҳрубон чунин зарбаи банохосту вазнинро интизор набуд, ки ду қадам пештар калавида, қариб буд, ба зону биафтад. Он лаҳза хешовандон бори дигар гиребони тавба гирифта, гӯшакӣ мегуфтанд: «Офарини Меҳрубон, ки чӣ гуна бо ин духтари пилтан зиндагӣ дорад?».
Бо мурури замон вақте онҳо соҳиби се фарзанд шуданд, сарвари хонавода як қитъаи замини наздиҳавлигиро барояшон ҷудо намуд, то манзилу хоҷагии алоҳидаи худро дошта бошанд. Меҳрубон ба хотири дарёфти маблағ барои сохтмони манзил тамоми корҳои хонаро ба ҳамсараш вогузошта, худ ба мардикорӣ ба Россия рафт. Акнун субҳи содиқ надамида, Зӯҳро каланд сари китф дар сари замин ҳозир буду нисфирӯзӣ дар пушторааш алаф ба хона бармегашт. Гоҳе савори харароба бо бори гандум сӯи осиёб мешитофту гоҳи дигар ҷилави асп дар даст ҷонвари ҷавмастро ба лангар бурда меовард. Зимистон ба ҷойи шавҳар ба тозакунии ҷӯйборҳои хоҷагӣ мебаромаду дар ҳашарҳои роҳу пулсозӣ ва дигар корҳои ободонии деҳа беҳтару хубтар аз ҷавонмардон кор мекард. «Ин зани сарсахт ҷавоби даҳ мардакро медиҳад», - гуфта, мӯйсафедони маҳалла дар баҳсҳои навбати обу баъзе баҳсу муноқишаҳои ҳамсоядорӣ аз сар ба сар шудан бо ӯ худдорӣ мекарданд. Дар кадом маҷлису ҷамъомаде, ки «Зӯҳро омад» мешуд, масъала ранги дигар мегирифт. Бо иродаи матину афкору андешаи дигаргунааш ба масъалаҳои ҳаётӣ аз дигарон ба куллӣ фарқ мекард.
Муттаассифона, бо ҳама зӯрию тавонмандиаш дар ҳузури шавҳари худ сархаму мот мешуд. Ба хусус, баъди бозгашти Меҳрубон аз Руссия, ки ба ҷуз майпарастию қиморбозӣ шуғли дигареро қабул надошт. Меҳрубон бо фарорасии фасли зимистон ба хона бармегашт, рӯзе набуд, ки ҳушёр аз дарвозаи ҳавлӣ ворид бишавад.
Як шаби торик яке аз ҳамқаддаҳои Меҳрубон аз тақ-тақи гӯшхароши дарвозаи хонааш бедор шуда, сӯи ҳавлӣ шитофт. Ҳалқаи дарро кушода буд, ки дасти пурқуввате аз гиребонаш дошта, ӯро ба берун мекашонад. Марди ширакайф аз шиддати фишори гулӯяш, ки дар панҷаҳои хашини зани ҳамсоя буд, ё аз зарбаҳои пушти сараш ба дарвозаи оҳанин бархӯрд. Вақте аз дасти Зӯҳро раҳо шуд, бархоста фирор кард.
Баъд аз ин ҳодиса Алӣ- галабон аз шарми гаппу калочаи мардум дигар ба кӯча намебаромад ва мардони улфатпарасти деҳа ҳам барои эҳтиёт аз шишту хез бо шавҳари Зӯҳро канораҷӯӣ мекарданд. Бо гузашти солҳо Меҳрубон ҳам ба гирдоби майпарастиву дигар бадахлоқиҳо печида, аз ватану аҳли хонаводаи худ дурӣ ҷуст. Дигар чӣ дар лаҳзаҳои беморию мусибат ва чӣ рӯзҳои тӯю хушнудиҳо, Зӯҳро дар бари худ падари фарзандонашро надид. Чӣ қадар шабҳои сарду торики зимистонро ба бедорхобию танидани роҳи беморхона рӯз кард, чӣ қадар дар гармои тобистон хишт рехту дар заминҳои мардум кишту дарав кард, то фарзандонаш камбудиеро эҳсос накунанд, номаълум аст. Ҳамсояву хешовандон ба нерӯи хастанопазиру сабру тоқати ӯ қоил буданд. Боварии кас намеомад, ки чӣ гуна як зани яккаву танҳо бар замми тарбияву нигоҳубини 8 фарзанди ноболиғ боз ба корҳои хонаву хоҷагии пахтакор ва нигоҳубини раммаи гову гӯсфандони мардум мерасид.
Дар одобу ахлоқ ва муошират бо атрофиён ҳам Зӯҳро шоёни тавсиф аст. Хислати кинаандӯзӣ надошт, дар ғоиби дигарон ҳарфи носазо намегуфт. Дар лаҳзаи рӯ ба рӯ шудан бо нафаре, ки як рӯз пеш ҷанҷолу дастбагиребон шуда буд, қошу қаввоқ намеандохт. Феъли қаҳр кардан надорад, вале ҳеҷ гоҳ барои ҳарфҳои тунду мушту шаппотии ба сари касе бардоштааш, узрхоҳӣ накардааст. Бо ин ҳама ғуруру якравии сарсахтонааш зани дилсӯзу меҳрубоне аст Зӯҳро, ки ба гоҳи шунидани сухани носазо нисбат ба беэътиноии шавҳар мегӯяд: «Сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам сайр», дар насибаш бошад, як рӯз ба хонаи худ меояд».
Дар суҳбат бо мо дар хусуси муносибатҳои оиладорию сабабҳои ба ин ҳол уфтодани шавҳараш чизе нагуфт. Аммо асрори сабру таҳаммули тӯлонӣ ва ба беаҳаммиятии ҳамсар тан доданашро чунин шарҳ дод:
-Падарам ба ҳадде одами ҷиддӣ буданд, ки мо фарзандон дар ҳузурашон озодона гуфтугӯ карда наметавонистем. Ба ҷуз супориш дар хусуси ину он корҳои хонаву замин, дигар дар ягон мавзӯъ бо мо суҳбат накарда буд. Лекин рӯзи тӯй хоҳиш кард, ки лаҳзае моро танҳо гузоранд. Он ҳаяҷону тарсеро, ки аз зери чодари арӯсӣ бо падар гуфтугӯ доштам пайдо шуда буд, то имрӯз фаромӯш накардаам. Падар бо лаҳни меҳрубонона ва хело самимӣ чунин пандам дода: «Ҷони падар, чуноне ки дар хонаи зодмандон беҳтарин фарзанд будани худро собит кардӣ, ҳоло дигар барои ҳамсари хеш беҳтарин зан бош, то барои фарзандон беҳтарин модар бошӣ».
Тоза дарк кардем, ки Зӯҳро бо ин ҳама ранҷу ситам бахти аввалу номи неки фарзандонашро ҳифз мекардааст. Бо як калима бо ҳама нотарсиву ҷасурӣ, меҳнату сабурӣ ӯ як зани «муштипар» будааст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН