Дар ҳунар кӯш…
Мудири бахши агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Гулҷаҳон Шехова бунёди 44 иншоотро бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ нишонаи муҳаббати афроди кордону ҳунарманд ва созанда ба Ватан ва боварӣ ба сулҳу ҳаёти шоиста дар кишвар арзёбӣ намуда, мегӯяд, ки бо ин роҳ соҳибкорон на фақат дар равнақи тиҷорату соҳибкорӣ, балки дар таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон саҳми арзанда мегузоранд.
Ноҳия 21 ҳазору 600 нуфус дошта, таносуби зану мард дар ин ҷо тақрибан баробар аст. Ба манзури бо шуғл таъмин намудани мардум агентӣ дар се самт фаъолият мебарад. Дар доираи барномарезӣ шаҳрвандон соҳиби касбҳои дӯзандагӣ, кафшергарӣ, мутахассиси компютер ва муҳосибӣ шуда, шумораи бекорони расман сабтшуда аз 2 ҳазор ба 865 нафар коҳиш ёфт.
Дар пайи сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ва бо супориши бевоситаи ӯ соли 2015 дар деҳаи Умарак маркази бонувон бо номи «Меҳри модар» ва сипас дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашт корхонаи дӯзандагии «Ахтари меҳр» бунёд ёфтанд, ки айни ҳол теъдоди зиёди бонувони ҳунармандро бо шуғл таъмин менамоянд. Намудҳои гуногуни ҳунармандӣ дар ноҳия рушд ёфта, ба василаи хуби даромади буҷети оилавӣ табдил ёфтаанд.
Дар ноҳия коргоҳҳои хурди саноатии истихроҷи тилло ба мисли «Такомголд», «Шимшоҳ», коркарди санги мармари «Карона мрамор» ва корхонаи ангишти ВТИ «Помир» фаъолият менамоянд, ки саҳмашон дар ғанигардонии буҷети маҳаллӣ ва ҷалби ҷавонон ба шуғл торафт меафзояд.
Чанде қабл дар ноҳия корхонаи гаҷпазӣ нахустин маҳсулоти истеҳсолнамудаашро ба бозор баровард.
– Муҳоҷират яке аз самтҳои сиёсати иҷтимоӣ боқӣ монда, бештар аз 1600 нафар сокини ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Афроде, ки соҳиби касб мебошанд ва забони давлати қабулкунандаро медонанд, имконияти ҷойи кори хубтар пайдо кардан доранд ва ба ин мақсад дар доираи барномаи шаҳодатномакунонии ашхоси бешуғл, ки азми муҳоҷират карданд, ба 85 нафар касбҳои гуногун, ба мисли сохтмончӣ, кафшергари барқӣ омӯзонда шуданд, – меафзояд мудири бахш.
Бонувон зарурати касбомӯзиро ҳар чӣ бештар эҳсос мекунанд ва дар баробари омӯзиши ройгон дидан, бештар аз 60 бону ба бахши агентӣ муроҷиат намуда, бо усули худмаблағгузорӣ қолинбофӣ, дӯзандагӣ ва зардӯзиро омӯхтанд ва ё малакаашонро дар ин соҳа такмил доданд. Шоир бо таъкиди муҳимияти ҳунар барҳақ фармудааст:
Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,
Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.
Ҷавонони Дарвоз ватандӯстанд
Ҳодисаҳои ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ гаравидани иддае аз ҷавонони кишвар давлат ва ҷомеаро сахт нигарон сохта, ба манзури ҷилавгирӣ аз ин раванд байни омма чорабиниҳои густардаи фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардидаанд. Натиҷа ин аст, ки қариб ҳамарӯза дар воситаҳои ахбор «қаҳрамонони набард ба хотири ислом» бо афсӯсу надомат ва пушаймонӣ аз фирефта шудану ба роҳи хато рафтани хеш қисса мекунанд ва ҳамсолонашонро ҳушдор медиҳанд, ки ба ваъдаҳои бардурӯғи мубаллиғон бовар накунанду ҷони ҷавонашонро дар хатар нагузоранд. Онҳое, ки хатояшонро фаҳмида, ихтиёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат менамоянд, авф мешаванд, вале нисбат ба афроде, ки дар ҷабҳаи ҷанг дар хунрезию вайронкорӣ даст доштаанд, дар асоси қонун муҷозот татбиқ мегардаду даҳҳо чунин афрод паси панҷара шинонда шуданд ва барояшон пушаймонӣ суде надорад. Бемории гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва экстремистӣ, ки айни ҳол рӯ ба коҳиш дорад, ба баъзе ноҳияҳои ВМКБ ҳам асар кард. Вале дар рӯйхати онҳо номи ягон сокини ноҳияро пайдо накардам.
– Сабабашро дар тарбияи хуби фарзанд дар оила мебинам. Дар тарбияи фарзанд падару модар масъулияти баробар доранд, вале дар рӯзгори суннатии тоҷикон чунин аст, ки фарзанд бештар бо модар мемонад. Таълими фарқ кардани хуб аз бад ва ҳаром аз ҳалол ба фарзандон рисолати модари маърифатпарвари тоҷик аст ва шодам, ки модарон аз иҷрои ин вазифаашон баромадаанд, – изҳор медорад Гулҷаҳон Шехова.
Аз суҳбат бо ҷавонони ноҳия ҳар кас эҳсоси баланди маърифат ва худшиносиву худогоҳиашонро дармеёбад.
– Хонаи хушбахтии хешро наметавон дар зербинои бадбахтии дигарон бунёд намуд. Дин таълим медиҳад, ки чизи ҳаром насиб намекунад ва ин ҳақиқат аст. Магар онҳое, ки ба номи «давлати исломӣ» мардумро аз манзилҳояшон ронда, зану фарзандонашонро ҳам бо худ бурданду дар манзили бегона ҷо карданд, ин чизро намедонистанд. Имрӯз шаҳрҳои калони тасарруфшуда аз дасти ҷангиҳои «давлати исломӣ» бозпас гирифта шуданду барои саркӯб шудани ҷангиҳо рӯзҳои башумор мондаанд. Тақдири «ҷиҳодиён»-и тоҷик, ки аз беандешагӣ дар харобкорӣ ва куштори мардуми бегуноҳ шарик гаштанду ҳосили амали манфурашон ба ҷуз аз иснод овардан ба ислом ва сарсону саргардон намудани зану фарзандонашон чизи дигаре нест, дар дили ҳар фарди солимфикр ҳисси нафрат бедор месозад, – изҳор дошт ҳамсуҳбатам Назрӣ ном ҷавони сокини маркази ноҳия.
Ба ақидаи мудири бахши ҷавонони ноҳияи Дарвоз Расул Шокиров, агарчанде ноҳия бо Афғонистон ҳаммарз ва таъсири эҳтимолияти ифротгароӣ ба ҷавонон бештар аст, бинобар баланд будани ҳувияти миллӣ назар ба ҳисси динӣ тири мубаллиғони ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ки аз номи дини ислом амал мекунанд, дар мавриди ҷалби ҷавонон ба сафҳои хеш, хок мехӯрад. Дар ноҳия тарғиби арзишҳои миллӣ ва воқеии ислом ба хотири ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ифротгароӣ кори фақат сохторҳои давлатӣ набуда, тамоми қишрҳои ҷомеа дар он ба таври фаъол ширкат меварзанд ва чунин талошҳо бе натиҷа намондаанд. Ба андешаи мусоҳибам, ҳанӯз чанд сол қабл Тоҷикистон худ манзараи шабеҳи нуқоти доғ дар Шарқи Наздик дошту ба шарофати фарҳанги сулҳофарии мардуми тоҷик ва иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини сулҳу субот ва зиндагии шоиста барои ҳар фард аз гирдоби ин ҳаводиси нангини натиҷаи бархӯрди манфиатҳои гурӯҳ ва давлатҳои гуногун раҳо ёфта, халқ ва бахусус насли ҷавон аз ин сабақи талхи таърих дарси ибратбахши сиёсӣ андӯхтанд ва зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанду дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи касе ва ё гурӯҳе нахоҳанд шуд.
Мудири бахши агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ меафзояд, ки бонувони ноҳия дар ҳама соҳаҳо нақши фаъол дошта, қариб 70 дарсади омӯзгорон ва духтуронро занон ташкил медиҳанд. Дар риштаи соҳибкорӣ, хизматрасонӣ ва кишоварзӣ ҳам занон бештар мавқеъ пайдо мекунанд. Ин воқеият аст, ки кашидани бори гарони рӯзгордорӣ ва тарбияи фарзанд бештар бар дӯши занон афтодааст. Занон ба фарҳанги хонаводагӣ эҳтироми бузург доранд ва ҳамагӣ 30 нафар зан дар ноҳия бо сабабҳои гуногун муҳоҷирати кориро ихтиёр кардааст.
Ба мақсади коҳиши бекорӣ ва сатҳи камбизоатӣ ҳамчунин ҳамасола дар ҷамоатҳои деҳот ба таври мавсимӣ бисёр ҷавонон ба корҳои муздноки фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб ва дар ободониву кабудизоркунии маҳал ширкат меварзанд
Бо ташаббуси мақомот чанд сол боз таги чанори бузурги маркази ноҳия шанбеи ҳар ҳафта маҳфили фарҳангӣ-маърифатӣ бо номи «Шоми ҷавонӣ» баргузор мегардад, ки дар он писарону духтарон истеъдоду дониш ва завқи бадеиашонро ба намоиш мегузоранд.
Мудири бахши мазкур бар ин бовар аст, ки ба тақдири ҳеҷ кас набояд бетараф бошем ва ҳар фард, бигузор бекор ҳам бошад, бояд эҳсос кунад, ки таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Чунин мавқеи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар муносибат бо ҷавонон самар дод.Тайи солҳои охир ноҳия дар вилоят ва ҷумҳурӣ нахустин шуда нақшаи даъват ба артишро иҷро мекунад, ки баёнгари ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон аст.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Дарвоз