Сафи занони мардикор на танҳо дар бозорҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, балки дар навоҳии ҷануби вилояти Хатлон низ рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Дар ҳудуди хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ бошад, занони мардикор бозори худро доранд. Ба гуфти сокини хоҷагии мазкур Амиралӣ Султонов ҳар субҳ даҳҳо тан занону духтарони деҳоти атроф ба хотири дарёфти кори музднок дар ин «бошишгоҳ» ҷамъ меоянд. Хоҷагидороне, ки ба нерӯи корӣ эҳтиёҷ доштаанд, аз ин нуқта омада коргар кироя мекардаанд.
- Баъзан аз субҳи содиқ бонувони корҷӯ барои худ шуғлҳои музднок пайдо мекунанд ва рӯзҳое низ мешаванд, ки то бегаҳ интизори соҳибкорон нишаста, ба хонаҳои худ дасти холӣ бармегарданд, - қайд мекунад ҳамсуҳбатам.
Санча Халилова, исми мустаори сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхист, ки муддати ду сол аз шуғли иҷоракорӣ рӯзгорашро пеш мебарад, нақл мекунад: «Ҳар субҳи барвақт ба умеди дарёфти кироякорӣ ба ин бошишгоҳи саҳроӣ меоям. Мардум ин маконро «мардикорбозори занона» ном гузоштаанд. Корфармоён, ки аксарияташон хоҷагидоронанд, бар ивази музди нақд моро кироя мекунанд. Дар мавсими хишова ва коркарди зироатҳои кишоварзӣ музди кори мо аз рӯи масоҳати замин муайян карда мешавад. Давраи ҳосилғундорӣ бошад ҳақмузди як рӯзи корамон аз 20 то 40 сомониро ташкил медиҳад. Кироякорӣ аз он ҷиҳҳат хуб аст, ки музди корамонро ҳар рӯз пардохт мекунанд ва «кай маош мешавад?» гуфта, охири моҳро мунтазир намешавем».
Ҳар нафар бонуи «мардикор» моҳона аз 1200 то 1500 сомонӣ даромад ба даст меоред. Агар корфармоён ҳаққи хизматро хуб пардозанд, занон омодаанд корҳои хиштрезию намадшӯӣ ва тозаву тамиз кардани хонаро низ бар зимма бигиранд.
Ба гуфти ҳамсуҳбати дигарам, ки худро Муродгул муаррифӣ мекунад, бештари бонувони иҷоракор занони яккаву танҳое будаанд, ки ҳамсаронашон дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, ба зану фарзандонашон пул намефиристанд.
Муродгул ва ҳамроҳонаш аллакай чун «мардикорони» хушкор дар ҳудуди деҳоти маҳалли зисти худ шинохта шуда, муштариёни зиёде доранд.
- Корафтодагон моро тавассути рақамҳои телефонӣ ё суроғаи зистамон пайдо мекунанд. Алъон барои 10-12 рӯзи оянда фармоишҳои гуногун гирифтаем. Мардум моро ба хотири сифату суръати иҷроиши корҳоямон меписанданд, зеро фармоишҳоро сари вақт босифат иҷро намуда, баъдан ҳақмузд талаб мекунем, - мегӯяд Муродгул.
Тавре Шамсиддин Давронов, соҳибкори маҳаллӣ дар суҳбат бо мо иброз дошт, иҷоракорӣ як навъ воситаи дарёфти шуғлҳои музднок ва ҳам омили пешрафти кори соҳибкоронест, ки ба неруи корӣ эҳтиёҷ доранд. «Шахсан худам тули чандин сол дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия ба мардикорӣ машғул будам, - қисса оғоз намуд Шамсиддин, - вақте бо ин роҳ маблағи кифоя ҷамъ намудам, ба Ватан баргаштаму ба тиҷорат пардохтам. Ҳоло соҳиби мағоза, хоҷагии фермерӣ ва чанд адад техникаи кӯмакрасон мебошам. Барои пешбурди кори хоҷагӣ аз хизматрасонии иҷоракорон ба хусус занони мардикор истифода мебарам, зеро онҳо корашонро бо сифату суръати баланд иҷро менамоянд».
Ҷамолиддин САЙФИДДИН