Рӯзигул Рустамова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, иброз медорад, ки баъзе оилаҳои расман ҷудошуда, ба хотири гирифтани душаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия никоҳи давлатии худро бекор мекунанд, аммо дар асоси никоҳи мусулмонӣ бо ҳамсари асосии худ зиндагиро идома медиҳанд.
- Чандин бонувонро мисол оварда метавонам, ки қаблан барои ҷудо шудан аз шавҳарони худ аз мо кӯмаку ёрии ҳуқуқӣ пурсида буданд. Аммо дар рафти суҳбатҳои хона ба хона ин гурӯҳ занон иқрор шуданд, ки дар асл бо ҳамсарони худ зиндагӣ мекунанду никоҳи расмиашонро ба хотири шаҳрвандӣ гирифтани сарварони оила бекор кардаанд, - мегӯяд масъули бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Дӯстӣ.
Тибқи иттилои расмӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия 48 ҳодисаи ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 38 ҳолат дар асоси ҳалномаи судӣ ва 10 ҷуфт оила дар асоси аризаи муштараки зану шавҳарон сурат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол масъулони бахши САҲШ-и ноҳияи Дӯстӣ сабаби афзоиши расмии ҷудошавии оилаҳоро ба расмиятдарории талоқҳои солҳои пеш арзёбӣ мекунанд.
- Теъдоди муайяни никоҳҳои бекоргардида, аз ҳисоби оилаҳое мебошад, ки ҳанӯз солҳои 1990-ум аз ҳамсарони худ ҷудо шуда, кайҳо оилаҳои нав барпо намудаанд. Ҳоло ба хотири шаҳодатнома гирифтани фарзандонашон маҷбуранд, ки ҳолати оилавии худро муайян намоянд. Дар соли ҷорӣ бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Дӯстӣ никоҳи давлатии оилаеро бекор намуд, ки синну солашон ба 60 мерасид. Ин афрод соли 1979 дар шуъбаи САҲШ расман оиладор шуда, баъди се сол бидуни бекор намудани ақди никоҳи давлатӣ аз ҳам ҷудо ва оилаи нав барпо мекунанд. Барои расман ба қайд гирифтани ҳолати шаҳрвандии худ танҳо баъди 35 сол ба САҲШ муроҷиат карданд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Дар ҳамин ҳол Латофат Ҷаъфарзода, судяи суди ноҳияи Дӯстӣ дар мавриди сабабҳои тариқи ҳалномаи судӣ ҷудо шудани оилаҳои ҷавон андешаи дигар дорад.
- Ноуҳдабароии баъзе ҷавонмардон дар таъмину пешбурди зиндагӣ, аз ҷониби дигар омода набудани духтарони ҷавон ба ҳаёти мустақилона боиси баҳсу муноқиша ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон мегардад. Ҳамчунин якдигарнофаҳмӣ, баҳсу мунозираҳои давомдор, дахолати зодмандон дар оиладорӣ, таассубу бесаводӣ ва беҳунарии духтарон боиси пошхӯрии оилаҳост, - қайд мекунад Л.Ҷаъфарзода.
Ба гуфти ӯ баъзан дар баҳсҳои судӣ оид ба бекор намудани ақди никоҳ ҳодисаҳои нангине мисли хиёнат нисбати ҳамсар низ шунида мешудааст.
Насрулло Файзуллоев, сархатиби масҷиди ноҳия аз вазъи ногувори баъзе оилаҳо изҳори нигаронӣ намуда, иллати ноустувории оилаҳоро аз ҳақношиносӣ ва маърифати пасти ҷавонон медонад.
- Мо бояд фармудаҳои «Қуръон»-и Карим ва ҳадиси пайғамбари Худоро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки гуфта: «Эй мардон, шумо бо занон зисти накӯ кунед», «Ман аз ҳаққи ду шахс ҳамеша дар ғам ҳастам, ки ин яке ҳақққи ятим ва дигарӣ ҳаққи занон аст», - мегӯяд Н.Файзуллоев.
Аз суҳбат бо сокинон ва коршиносони масоили гуногун бармеояд, ки мушкилоти иҷтимоии ҷомеа, аз ҷумла, ларзиши пояҳои оилаву оиладорӣ аз бесаводӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи маърифатнокии сокинон маншаъ мегирад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи фаъолони ноҳия тӯли як соли охир ташкили суҳбату вохуриҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ - воқифгардонӣ дар самти пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳо, аз ҷониби бахши кор бо занон ва оила, сархатиб ва дигар шахсони барӯманди ҷомеа ба маротиб афзудааст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Дӯстӣ