Посухи суол аз тарзи ҳаёт, сатҳи зиндагӣ ва маърифати шаҳрвандони ин мамлакатҳо бастагӣ дорад. Пӯшида нест, ки дар қарни 20 кишварҳои номбурда аз назари тарққиёти илму техника хеле пешрафт карданд ва вобаста ба ин тарзи зиндагии мардумонаш низ дигар шуд. Онҳо барои худ беҳтарин зиндагиро созмон доданд. Аксар шаҳрвандони кишвари мо, ки дар ин мамолик таҳсил намудаанд ё муддате кор кардаанд, ёдовар мешаванд, ки воқеан ҳам одам дар ин қора худро инсон ҳис мекунад ва ҳуқуқи ӯ аз ҷониби қонуни асосӣ ва дават ҳифзу ҳимоя мегардад. Бо даст додани чунин сатҳи баланди зиндагӣ мантиқӣ аст, ки одамон сӯи ҳам лабханд мезананд, зеро одами хушбахт дигаронро мисли худаш дӯст медорад. Зебоии олами ботини ӯ дар ҳама ашёи атроф мунъакис мегардад, чашмони вай зебобин хоҳанд шуд. Одами хушбахт аксаран мехоҳад хушбахтии худро бо дигарон қисмат кунад, аз чашмони ӯ нур меборад, лабонаш пурханда аст ва дилаш ҳам орӣ аз рашку ҳасрат ва бухлу кина мебошад.
Бо фурӯ пошидани сохти шӯравӣ тарзи муносибати мардуми мо низ ба тадриҷ тағйир ёфт. Зеро дигар миллати «пешсаф» ва «бародари калонӣ» ҷониби мо бо қаҳру нафрат наменигарист. Кишварҳои собиқ шӯравӣ, ки бо таҳдид ва зӯри силоҳ ба ҳайати ин абарқудрат ворид шуда буданд, соҳибистиқлол шуданд. Аз ин рӯ, мардуми озодро лабханд фаро гирифту табассум як ҷузви муҳими ҳаёташ гардид.
Агар хонандаи закии сомонаи «Бонувони Тоҷикистон» ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда бошад, эҳсос намудааст, ки миллатҳои пешрафтаву худогоҳ ва озоду хушбахт аз дигарон ба куллӣ фарқ доранд. Дар чунин кишварҳо сатҳи зиндагӣ хеле баланд аст, аз ин рӯ, мардумаш умри дарозтар мебинанд ва дар муносибат низ тафовут доранд. Онҳо бештар ба масъалаҳои муҳим, аз қабили такомули маънавиёт ва пешрафти илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Вақте театру синамо тараққӣ меёбаду мардум дар фурӯшгоҳҳо дунболи китобҳои тозанашр мегарданд, аз онҳо ҷуз лабханду чашмони пур аз шарар дигар чизеро интизор шудан ғайримумкин аст.
Илова бар ин, як омили хеле муҳим ва мусбат дар қарни 21 ин аст, ки аксар кишварҳои дунё новобаста ба осиёӣ ё шарқӣ буданашон, талош мекунанд бо ҳамшаҳриҳо ва ҳамдиёрон, бо мусофирону сайёҳон хушмуомила бошанд. Як ҷузви муҳими ин риштаи фарҳанг табассум аст, зеро ин кори ба зоҳир на чандон муҳим ва дар амал хеле сода аз аҳамияти бузург бархӯрдор мебошад.
Вақте Шумо ҷониби касе бо лабханд ва ё табасум менигаред ё салом медиҳед, баҳри дили ӯ кушода мешавад ва ҳатман бо табассум посухатон хоҳад гуфт ва агар коре доред, итминон дошта бошед, ки иҷро хоҳад шуд.
Дар зиндагии маъмулӣ низ чеҳраи кушода ҳамеша таъсири мусбат ва нақши ҳалкунанда дорад. Агар Шумо ба сӯи тифли худатон бо табассум менигаред, ӯ низ ҷонибатон механдад. Агар бо ҳамкоре чунин муносибат мекунед, бояд дониста бошед, ки лабхандатон ба дилаш нишот овардаасту ба вай неру бахшидааст ва давоми рӯз кори ин шахс бобарор хоҳад буд. Агар тавонистаед бо як кори содаи худ дили ҳамсояеро шод карда бошед, умед аст, ки ӯ низ табъи дигареро болида хоҳад кард.
Офтоб бо аввалин нурҳои худ заминро гарму рӯшан ва дили мо- одамонро шод мегардонад. Ҳар кадоми мо дидани чеҳраи кушода, лабханди зебо ва табассумро дидан мехоҳем, зеро он нишон аз хушбахтиву солимӣ аст. Мисле, ки волидон аз дидани табассуми фарзандон хушҳол мегарданд, ҳамчунин Офаранда низ аз дидани чеҳраи хушбахт ва лабони пуртабассуми офаридаҳояш хушбахт мешавад.
Пас, биоед, бо чашм кушодан, ба сӯи Хуршед, Осмону Замин, фарзандону волидон ва ҳамсояҳову ҳамватанони худ табассум кунем, то Худои моро халқкарда аз мо хушҳол шаваду сӯямон ханда бизанад, зеро хушбахтии мо аз Ӯст.
Эмомалӣ Сайидамирзод