Новобаста ба ин, бояд ёдовар шавем, ки ҷанбаҳои дигар ва хеле муҳими рамазон ин андешаи пок, забони пок, дасту амали пок, нигоҳи пок ва қадами пок мебошанд. Ҳар мусалмон бояд талош кунад, ки тайи ин моҳи шариф зеҳни худро аз ҳар гуна андешаҳо, ба хусус манфӣ тозаву тамиз созад, то минбаъд низ битавонад мағзи худро бо андешаҳои наку машғул дорад.
Андешаи наку боиси пешрафти ақл ва ташаккул ёфтани инсон мегардад. Ин тарзи муносибат ба зиндагӣ ба тадриҷ хулқу хӯи инсонро дигар мекунад ва чунин офарида ҳаргиз ва ба ҳич ваҷҳ рафтори баде зоҳир нахоҳад намуд. Андешаи пок сабаб мегардад, ки як одам нигоҳи худро ба зиндагӣ дигар кунад. Агар ӯ қаблан дар ашёи атроф ва ё одамони перомунаш буда, хислатҳои манфӣ ва ё сифатҳои бадеро медидааст, бо дигар кардани тафаккур ва андеша чашми ботинаш мисле, ки боз мегардад ва дар ҳар ашё ва ё шахс ҷанбаҳои мусбату зеборо бештар мушоҳида менамояд. Вақте шахс дар ашё ва инсонҳо зебоӣ ва ҷаззобиятро мебинад, ҳатман бар он талош хоҳад кард, ки дар радифи дигарон ӯ ҳам чизи хуб ё амали накуе аз худ боқӣ бигзорад, ки барои инсонҳои фардо нақш ва ё таъсири мусбате дошта бошад.
Агар андеша наку бошад, ба ҳич ваҷҳ инсон ҳарфи бадеро бар забон нахоҳад овард, зеро ин ғайримумкин аст. Зеҳни наку, андешаи наку ва андешаи наку ҳарфи наку тавлид хоҳанд кард. Ба ибораи дигар, вақте чашм зебобин мегардад, дигар бар забон танҳо вожаҳое меоянд, ки аз ҷовидонияту накуӣ, зебоиву муҳаббат хабар мерасонанд. Ва ҳамзамон талош мекунанд инсонҳои дигарро сӯи ин хиёбони покиву назокат даъват бисозанд, дигар ҳарфу вожаҳо ба ибораву ҷумалоте табдил хоҳанд ёфт, ки созандаи як муҳити саропо ишқ хоҳанд шуд. Ишқу муҳаббати инсон ба дарахтони ҳавлӣ, ба офтобу анвори гармаш, ба гулҳои лаби ҷӯй, ба парандаҳои хушхон, ба тифлакони биҳиштӣ, ба модарони ҷоннисор, ба падарони далеру шуҷоъ ва хирадманд, ба субҳи содиқ, ба нимарӯзи як рӯз, ба шоми ошиқон, ба чашмак задани ситораҳои раҳдур ва ниҳоят ба моҳтоби қашангу зебо!
Хуб, ҳоло, агар андеша наку шуд ва забон ҳам пок аз олоишот гардид, амали ӯ чӣ гана хоҳад буд? Бидуни тардид чунин инсон танҳо ва танҳо амали солеҳ хоҳад дошт. Як инсони донишвар ва вораста ҳич гоҳ наметавонад амали зиште дошта бошад. То ҳади имкон ӯ низ талош хоҳад варзид, ки дар пешрафти муҳит ва обод гаштани барзану хиёбонҳо ва доништалаб шудани наврасону ҷавонон саҳми боризе дошта бошад. Дигар ниёзе нест бар чунин шахс бигӯӣ, ки ниҳолҳои ҳавлӣ обнахӯрдаанд. Ӯ бо даст додани нахустин имкон ниҳолу дарахтон ва сабзаву гулҳои назди хона, ҳавлӣ ва гирду атрофро об хоҳад дод.Барои ободтар шудани майдони варзишии маҳалла ва майдончаи бозии бачаҳо саҳм хоҳад гирифт. Дар дастрас кардани китобҳои рангину электронӣ ба ҳамсоядонишҷуён кумак менамояд.
Чаро мо дар мавриди дасту по дар моҳи рамазон ҳарф мезанем? Зеро як одам метавонад ба воситаи дастони худ амали зиштеро анҷом диҳад, яъне даст ба даздӣ занад, ба рӯи шахси дигаре мушт бардорад, ба бадани зани номаҳраме даст расонад…
Ҳамчунин пойҳои одамӣ метавонанд ӯро ба фурӯшгоҳ ё ба хонае ба дуздӣ баранд. Ӯ метавонад дар ин моҳи шариф ба майхона ва ё фоҳишахонае қадам ниҳад ва ғайра ва ҳоказо.
Нигоҳ ҳам чунин аст. Набояд дар моҳи шарифи рамазон чашмони худро бар рӯи шахсе дӯхт, ки ӯро намешиносед. Хоҳ Шумо зан бошед ва хоҳ мард. Дар чашмон метавонад муҳаббат ҷилва кунад ва ё шаҳват ҳувайдо бошад.Ба ҳамин хотир бузургон фармудаанд, ки чашмон оинаи ботини инсон мебошанд.
Ҳоло ба назар мерасад, ки аксар бародару хоҳарони мо танҳо ба як паҳлуи моҳи шарифи рамазон аҳамият медиҳанд, яъне хӯрок нахӯрдану об нанӯшидан. Бояд қабл аз ҳама намози худро сари вақт ба ҷой овард ва забон аз ғайбату бадгӯйӣ тамиз кард. Набояд даст ба чизу моли касе дароз намуд. Набояд чашми тамаъ сӯи моли шахси дигар дӯхт. Набояд моли мардум хӯрд. Набояд дар бораи ҳамкор ё ҳамсояи хеш андешаи зишт парварид. Набояд ба ҷое рафт, ки боиси шармандагии худи шахс ва пайвандони ӯ мегардад. Боястӣ ба фарзандону пайвандон ва ятимону бечорагон муҳаббати худро дар ин моҳи шариф дучанд кард. Бояд дасти бенавоеро гирифт, хайру эҳсон кард. Сари тифлеро сила кардан бояд, то ғаму андуҳаш бикоҳад. Ҳар рӯз бо хандаи нахустини офтоб мо низ бар рӯи ҳам бихандем, бо ҳам бошем ва эҳсону хайр ва муҳабату накуиро амали ҳарлаҳзаинаи худ бисозем. Бошад, ки Офарандаи бузург моро ҳидоят созад.
Эмомалӣ Сайидамирзод