Манзур аз ин гуфтаҳо он аст, ки агар мо чизеро ба мардум пешниҳод карданӣ шавем ё хоҳем, ки номеро бигузорем, лавҳаеро биовезем, шиоре бипартоем ва ё эълону рекломеро насб намоем, мебояд онро хуб биомӯзему дар мизони ақлу хирад баркашем. Он чиро гӯем, ки басо санҷида, сара ва пухтаю рехта бошад. Сухане бошад, ки ба чашму дил наздик. Агар доное хонад, навиду армуғон ёбад ва агар нодоне, раҳнамою раҳкушояш гардад. Каси дигаре ҳам хонад, чизе бардошт кунаду маълумоте дарёбад, то ба сӯеву ба кӯе раҳнамун шавад. Накунад, ки ба ҷои ин, ба иштибоҳ афтад, озурда гардад, сарсону саргардон ва саргуму раҳгум монад. Дар ин маврид, кори мо хизмати хирсонае хоҳад буд, назди як ҳамватан, як сайёҳу меҳмоне, ки аз хориҷ омадааст…
Агар мо дар иҷрои ин амал як масъулияте бар дӯш бигирему як эҳтироме ба забони модарӣ ва қонуну қавоини он қоил бошем, ҳаргиз ба мушкилӣ намеафтем ва ба хатое роҳ намедиҳем. Намегузорем, ки номҳои номувофиқ, овезаҳои бемаънӣ, шиорҳои забонзадаю авомона, ки аслан ба ҳеҷ дарде намехӯранд, ба баландиҳо бароянд, ба расонаҳо роҳ ёбанд ва ё аз минбарҳо садо диҳанд.
Дуруст аст, ки на ҳар кас забонро медонаду аз қонуну қоидаҳои он бохабар аст. Вале онҳое, ки медонанд, набояд хомӯшию бетарафиро ихтиёр кунанд ва ба ин ноҷӯриҳо чашм пӯшанду гӯш ба карӣ андохта раванд. Мисле ки намедидаю намешунида бошанд.
Ҳоло наметавон атрофи он ҳама нуқсу камбудӣ ва хатокориҳое, ки дар номгузорию лавҳанигорӣ ва шиорпартоиҳои мо ба чашм мерасанд, як – як истода гузарем. Зеро ин кори саҳлу сода нест. Барои салоҳи ин донишмандони қавие мебояд, ки бо дониши амиқ, нигоҳи комил ва назари фарохи худ ҳар ноҷӯриеро ба ислоҳ биоранд.
Банда, ки рӯзноманигорам ва дар ҷодаи нигорандагӣ андаке таҷриба ҳам дорам, мехоҳам ин ҷо атрофи як навиштаҷоти хато, ки имрӯз хеле оммавӣ шудааст, баъзе андешаҳои худро баён намоям.
Ин эроди ман ба навиштаҷоти «Ошхонаи миллӣ» дахл дорад, ки гумон мекунам, сари ҳар қадам ба ин ифода вомехӯрем. Солҳост, ки дар пешайвони ошхонаҳо бо ҳарфҳои калон «Ошхонаи миллӣ» менависанд. Суоли матраҳ ин ҷост, ки: «Оё воқеан ҳам ошхона миллӣ мешавад?». Гумон мекунам, ки ошхона миллӣ буда наметавонад, Зеро як ошхона, агар ҳар қадар бузург ҳам бошад, наметавонад рисолати миллӣ касб кунад ва дар як вақт ба тамоми миллат хизмат намояд.
Дуруст аст, ки мо «Бонки миллӣ», «Китобхонаи миллӣ», «Осорхонаи миллӣ», «Донишгоҳи миллӣ», «Боғи миллӣ» ва боз бисёр чизҳои дигари миллӣ дорем, ки шумораашон воҳид аст. Вале то ҳанӯз бо ҳамин ҳайсият ошхонаи миллӣ надорем, ки ба дигар муассисаҳои миллии мо баробар бошад. Хайр, бигузор дар ҳамин радиф боз ошхонае бошад, ки ба ҳайси ошхонаи миллӣ хизмат кунад. Вале набояд шумори он аз як адад бештар бошад. На он гунае, ки танҳо дар шаҳри Душанбе миқдори ин ошхонаҳо аз сад адад мегузарад ва маҷмӯан дар кишвар, маълум, ки аз ҳазор ҳам беш аст. Оё дар ҳақиқат ин гуна ошхонаҳоеро, ки ҳамарӯза барои 50 - 100 нафар одам хӯрок омода менамоянд, бояд «Ошхонаи миллӣ» номид? Магар, зарурате ҳаст, ки мо беш аз ҳазор адад ҳамин гуна «ошхонаи миллӣ» дошта бошем?!
Ин ифодаро ҳангоме дар мизони мантиқ бармекашем, ҳеҷ маъние ба бор намеорад. Ин як бесаводӣ ва камхирадии саросарӣ аст, ки аз бемасъулиятӣ миёни мардум роиҷ шуда рафтааст ва ҳеҷ кас паи ислоҳаш кӯшише накардааст. Ҳарчанд ки ин иштибоҳ аз бесаводию камфаҳмии худи соҳибони ин ошхонаҳо сар задааст, дар маҷмӯъ мо ҳама дар ин хато саҳм дорем. Чаро ки паи ислоҳаш боре садо баланд накардаем.
Соҳибони ошхонаҳоро лозим аст, ки бинависанд: «Ошхонаи хӯрокиҳои миллӣ» ва аз ин масъулияти гарон фориғ монанд. Тафриқа миёни вожаҳои «Ошхонаи миллӣ» ва «Ошхонаи хӯрокиҳои миллӣ» аз замин то осмон аст.
Нахуст бояд гуфт, ки ошхона ҳеҷ гоҳ миллӣ шуда наметавонад, зеро он ҷоест, ки мардум дар он ҷо ҳамарӯза ғизо мехӯранд. Вале ғизо миллӣ буда метавонад, чаро ки боз ғизоҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки ба миллатҳои дигар мансубанд ва мо онҳоро роҳат истеъмол менамоем. Имрӯз ошхонаҳои мо, асосан, хӯрокиҳои омехта мепазанд.
Ошхонаҳое, ки дар онҳо сирф хӯрокиҳои миллӣ омода менамоянд, масъулини онҳо ҳақ доранд, ки дар равоқи ошхонаҳояшон бехато, бо ҳарфҳои зебо ва хоно чунин бинависанд: «Ошхонаи хӯрокиҳои миллӣ». Дар ин сурат, навиштаҷоти онҳо дуруст аст. Ҳеҷ айбе надорад.
Алихон ЗАРИФӢ