Вале саргузашти Шоҳин дар муҳити ҳамсабақонаш бемисл нест. Ӯ гуфт, ки ҳамсабақонаш мавзӯъҳои ғамангезтаре доранд.
Бинобар маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пайи аз сарпарастии фарзандон даст кашидани волидайн бо далели камбизоатӣ 2 ҳазору 145 нафар, ғайр аз ин 1 ҳазору 779 нафар бе падар ва 399 кӯдаки бе модар дар муассисаҳои таълимии низоми нимапӯшидаи Тоҷикистон таҳсилу зиндагӣ мекунанд. Танҳо дар хона – интернати рақами 4 шаҳри Душанбе бештар аз 140 нафар кӯдак таҳсил мекунад, ки ба қавли маъмурияти ин муассиса тақрибан ҳамаашон падару модар доранд.
Манзура Нурова, муовини мудири хона – интернати мазкур мегӯяд: «Аксарияти волидайне, ки аз парастории фарзандони хурдсол даст мекашанд, соҳиби хонаводаи солим нестанд, ҷудо шудаанд. Волидайне ҳастанд, ки намеоянд, фақат холаву амакҳояшонро мебинем, ки бо онҳо суҳбати ҷиддӣ карда наметавонем. Се духтарро модаронашон панҷ сол қабл оварда, худ то имрӯз бедараканд».
Хоҳарони бепарастор Моҳрӯ, Нигора ва Гулчеҳра ба ин боваранд, ки рӯзе мерасад, модарашон ба дидорбинии онҳо меояд. Онҳо падарашонро намешиносанд. Хоҳари бузург Моҳрӯ хонандаи синфи 7 аст. Моҳрӯ мегӯяд, ки модар хостааст, то онҳо дар хона – интернат бошанд ва «ин ҷо муносибати хуб мекунанд, шароит ҳамааш муҳайё. Модарам дар Маскав, панҷ сол шуд, ки бо мо дар тамос нест. Ӯ бемор, агар сиҳат шавад, меояд. Моро аз кӯдакӣ бибӣ ва холаам парасторӣ кардаанд, ки ба онҳо меҳр дорем».
Шукрона, кӯдаки дигаре, ки волидайнаш ӯро ба хона – интернат гузошта, ба суроғаш намеоянд. Ӯ ба тозагӣ аз бистари беморӣ бархоста, ба дарсҳояш рӯ овардааст: «Дар беморхона будам. Муаллимаамон хабар гирифт ва як ҳамсабақам бо модараш омад. Муаллимаам маро боре ба хонааш бурд», - гуфт Шукрона.
Ба ҳар кӯдаки ин муассиса ҳамсуҳбат мешудем, ба умед мегуфт: "Модарам саҳар меояд".
Ахиран кӯдакони маъюбу бепарастор, ки волидайнашон аз онҳо суроғ намекунанд, тавассути барномаҳои телевизионӣ ба тарзи муносибати падару модар ва пайвандон эътирозашон зиёд садо медиҳад. Масъулини муассисаҳои таълимиву тарбиявии низомашон нимапӯшида аз афзоиши кӯдакони бепарастор бештар интиқод мекунанд.
Дар Маркази миллии тавонбахшии кӯдаконаи Чорбоғ, ки вобастаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ҳудуди 200 нафар атфоли имконияташон маҳдуд пазируфта мешуданд. Вале ба қавли масъулин имрӯз бинобар афзудани муроҷиатҳо шеваи қабул ба ин муассиса тағйир ёфтааст.
Фахриддин Юсуфзода, корманди масъули ин вазорат мегӯяд: «Агар падар ё модар воқеан дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта бошанд, масъулин вазъиятро омӯхта, кӯдаконро барои парасторӣ мепазиранд. Аммо акнун муассиса то синни 18 - солагӣ уҳдадори парастории кӯдак нест, балки муваққатан барои як ё ду сол кӯдаконро қабул менамояд. Вақте ки волидайн аз шароити душвори зиндагӣ берун оянд, муваззафанд, ки фарзандонашонро худ парасторӣ намоянд».
Таъмини шароит барои таҳсил ва зиндагии осоиштаи кӯдакон аз вазифаҳои муҳими давлат ва волидайн арзёбӣ мегардад. Дар ин самт қонунҳо ва барномаҳое қабул гардиданд, ки дар бандҳои ҳар яке риояи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон кафолат дода шудааст.
Содиқзода Ҳокимбек, масъули раёсати кафолатҳо оид ба ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд: «Стратегияе, ки дар бандҳои қонун ва барномаҳои давлатӣ таҷассум ёфтаанд, қадам ба қадам ҷомаи амал хоҳанд пӯшид. Соли 2016 дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таъсисёбии Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, таъсисёбии шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар сохтори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон яке аз дастовардҳои соҳаи мазкур буда, умед аст, ки минбаъд ин ниҳодҳои навтаъсис ба вазъ таъсири мусбат бигузоранд».
Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намудааст, ки қонуну барномаҳояшро ба бандҳои Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак мутобиқ намояд, вале берун аз коғазҳо ҳанӯз мазмуни ин ҳуҷҷат оммавӣ нагаштааст. Аз фаъолияти Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, ки дар мақоми он Раҷабмоҳ Бадриддинова таъйин гашт, як сол нагузаштааст.
Назар ба қавли Раҷабмоҳ Бадриддинова «баъди ба тасвиб расондани санади байналмилалӣ барои риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак андеша идома дорад. Тибқи ин конвенсия аллакай ду маротиба маърӯзаҳои миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои конвенсияи мазкур дар Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ бо тавсияҳои дахлдор баррасӣ гаштааст».
Ҳар сол тақрибан 200 ҳазор нафар бар аҳолии Тоҷикистон меафзояд. Омор нишон медиҳад, ки 35 дарсади аҳолии кишвар кӯдаконанд. Дар баҳси таъмини ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва танқиди бемасъулиятии бархе аз волидайн мавзӯи меҳварист.
Соҳибёр Толиб