«Фарзандони ман ба муҳоҷирати меҳнатӣ намераванд. Дар оила 10 нафар ҳастем, таъминоти хӯрокаву пӯшока ва дигар хароҷоти оилаамон ҳама аз ҳисоби ҳосили боғ ва фӯруши ниҳолҳо рӯйпӯш мешавад. Соли гузашта танҳо ба як харидор ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ниҳол фурӯхтем»- мегӯяд, хола Одинавӣ Шобидинова.
Иқлими ноҳияи Лахш барои картошкапарварӣ ва махсусан, боғдорӣ хело мусоид аст. Аз ин рӯ, солҳои 80-уми қарни гузашта дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳия боғҳои нав бунёд гардиданд. Ичунин, барои дар оянда ривоҷ додани соҳаи боғдорӣ дар ин ҷамоат хоҷагии ниҳолпарварӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки имрӯз он номи Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватани Ҷеембой Қамаровро дорад.
Бештари майдони боғҳои хоҷагӣ дар доманакӯҳҳо бунёд гардидаанд, ки аз он ҳамасола боғбонон ҳосили фаровон ба даст меоранд.Солҳои охир майдони боғҳои хоҷагӣ ба 156 гектар расонида шудаанд. Бо мақсади самаранок истифода бурдани майдони боғоту замиинҳои байни дарахтон ва ба даст овардани ҳосили дуюм деҳқонону боғдорони хоҷагӣ байни қатори дарахтон зироатҳои картошка, ҷуворимакка, помидор, бодиринг ва инчунин, ғаллаву донагӣ мекоранд.
Майдони боғҳо ба 117 хоҷагӣ вобаста карда шудаанд. Бо ин васила зиёда аз 600 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ шуданд, ки аз ин шумора 428 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Боғдорон дар ҳудуди хоҷагӣ парвариши ниҳолҳои себу нок, зардолуву чормағзро ба роҳ монда, дар ин ҷода таҷриба ҳосил кардаанд.
Чун аз ниҳолпарварӣ даромади зиёди иқтисодӣ ба даст меояд, хоҷагидорон кӯшиш намуда вобаста ба талаботи замон майдони парвариши ниҳолҳоро зиёд карда истодаанд. Аз рӯи маълумотҳо айни ҳол дар хоҷагӣ 30 ҳазор бех ниҳол барои фурӯш тайёр мебошад ва давоми сол, то фасли тирамоҳ хоҷагӣ боз 65 ҳазор ниҳоли дигар барои фурӯш омода мекунад.
- Дар хоҷагии ниҳолпарварии мо натанҳо ниҳолҳои себу нок, балки нашпотӣ, зардолу ва шафтолу низ парвариш карда мешаванд. Ҳамасола ниҳолҳои хоҷагии моро хоҷагидорони ноҳияҳои дуру наздик харидорӣ мекунанд. Зеро ниҳолҳои лахшӣ нисбати касалиҳо ва номусоидатиҳои обу ҳаво тобовар мебошанд, - мегӯяд Одинавӣ Шобидинова.
Ҳарчанд боғбонӣ касби мардона ба шумор меравад, дар хоҷагии мазкур занон бештар фаъолияти боғбониро ба уҳда доранд. Худи занону бонувони ин хоҷагии ниҳолпарварӣ қайд мекунанд, ки ниҳолҳоро аз дона парвариш кардан кори саҳлу осоне нест ва ин кор заҳмат талаб мекунад. Зеро ниҳолакони навруста монанди тифли навзод ба навозишу парвариш ва меҳр эҳтиёҷ доштаанд.
Дар хоҷагии давлатии ниҳолпарварии ба номи «Ҷеембой Қамаров» дар баробари нигоҳубини хуби ниҳолакону дарахтон аз қатори байни дарахтон низ самаранок истифода мебаранд. Боғдорон ин ҷо зироатҳои гуногун кишту кор мекунанд. Аз ҷумла, картошка, сабзӣ, пиёз, ғалла, донагиҳо ва юнучқаву дигар хӯроки чорво парвариш ва рӯёнида мешаванд.
- Дар рустоҳои ҷамоати Пилдон мо занони калонсол ва соҳибтаҷриба ба духтарону келинҳо нозукиҳои кори ниҳолпарварӣ ва тарзи дурусти парвариши онҳоро аз донак меомӯзонем. Ин кор барои мо занони хонашин фоида хуб оварда, маблағи муайяне ба буҷаи оила ворид мекунад. Бунёди боғ ҳам кори савоб ва ҳам кори фоидаовар мебошад. Барои ҳамин ҳар яки мо бояд дарахти бештаре шинонем, то муроде ҳосил шавад, - мегӯяд бо табассум холаи Одинавӣ.
Одатан занони деҳотро занони хонанишин мегӯянд, ки ин андеша дар бештар маврид ғалат аст. Зеро онҳо дар заминҳои хоҷагӣ баробар бо мардон кор мекунанд. Ҳосили саҳро ва боғро низ дар деҳот аслан бонувон ҷамъоварӣ мекунанд. Боғдориву картошкапарварӣ, чорводориву замбурпаварӣ низ бар зиммаашон аст. Тавре худи онҳо мегӯянд: «Мо бекору хонанишин нестем, мо бонувони коргарем!».
Далери Сафар