Зиндагии одиву заминие ба сар мебаранд. Атрофашон мисли умрашон сабз асту гулпӯш. Атри кӯҳӣ машомашонро муаттар сохта. Умрро сарфи меҳнати ҳалол намудаву даҳон аз нони гандумии рӯи хонашон ширин кардаанд.
Ватани аҷдодӣ
Амаки Хушмаҳмад бо холаи Зулайхо ҳаёти ҳамҷояро баъд аз издивоҷ аввал дар шаҳри Норак оғоз карда бошанд ҳам, баъдан меҳри замину шуғли кишоварзӣ эшонро ба ин мавзеи зебои кӯҳистони ҳаммарзи Норак бо Данғара овард. Аз болои пули навсохти «Шар-шар» агар ба ҷониби рост нигаред, боғзори азимеро мебинед, ки дарахтонаш ғарқи гулҳои рангаанд. Аз ҷониби чап замини бо низом киштшуда пеши чашм ҷилва мекунад. Рӯи теппа кулбае намудор аст. Ин макони зисти оилаи Кобуловҳост.
Барои амаки Хушмаҳмад ин ҷо «ватани аҷдодӣ» бошад ҳам, барои холаи Зулайхо ба масал хоки «ғарибист». Гузаштагони хола аслан аз Кӯҳистони Мастчоҳанд, худаш дар шаҳри Душанбе таваллуд ва бузург шудааст. Аз он ки зиндагиро дар пойтахт ба кӯҳу саҳро тарҷеҳ додааст, пушаймон нест. Мавзееро, ки зиёда аз 30 соли ҳаёташ он ҷо сипарӣ шуда, бо ҷон пазируфтааст.
Ҳоло амаки Хушмаҳмад 70 ва холаи Зулайхо 63-солаанд. 46 сол аст, ки ҳамрозу ҳамқадаму ҳамхонаанд. Бо ҳам 8 фарзандро бузург карда, соҳиби 45 набераву 4 абера шудаанд.
- Агар дар дунё 2 одами хуб бошад, якеаш Зулайхо – модари фарзандони ман аст, - мегӯяд бо табассум амаки Хушмаҳмад ва меафзояд: - Боре ӯро сухани сахт нагуфтаам. Чӣ гуна нисбаташ беэҳтиромӣ кунам, ки 8 фарзанд бароям ба дунё овардаву дар тарбияашон заҳмат кашидааст? Бону зани боиффату дастархондорест. Ҳамеша ризқро бо дӯстон ба ҳам дидаем. Дар зиндагӣ ҳар ҳолат мешавад, баъзан ними нонро доштем, ҷои пораи дигарро сухани ширини модари фарзандонам пур мекард.
Касби сарвари хонавода кафшергарист. Бо собиқаи 43 - солаи корӣ дар НБО-и Норак ба нафақа баромадааст. Ҳунараш эътироф шудааст, ки то ҳол барои анҷоми коре аз минтақаҳои гуногуни кишвар харидори амак мешаванду ба ҳар гӯшаи Ватан даъват мекунандаш.
Вақте модари Хушмаҳмад Кобулов даргузашт, ӯ ҳамагӣ 17 сол дошт. Нигоҳубину тарбияи 8 хоҳару додаракони хурдсол бар зиммааш афтод. Онҳоро калон ва соҳиби хонаву дар кард. Ҳунарманди шинохтаи соҳаи театр Шамъигул Кобулова, ки бо офаридани нақши Аҷузкампир байни мардум маъруф аст, яке аз хоҳарони амаки Хушмаҳмад аст.
Фарзандони оилаи Кобуловҳо аз нигоҳи хулқу атвор гуногунанд, аммо чизе, ки онҳоро ба ҳам мепайвандад, ахлоқи накуст. Маҳз серталабиву сахтгириҳои волидон буд, ки онҳо чун нафарони барои ҷомеа заруру хидматгузор бузург шуданд. Дар тарбия падар сахтгир буду модар меҳрубон. Ба ҷигарбандон талқин мекарданд, ки ҳама дар зиндагӣ яксон сарватманду доро намешаванд. Насиҳат ин буд, ки касе пештар аст, дасти ақибмондаро бигирад. Ба андешаи амаки Хушмаҳмад оила давлати хурд аст, ки бояд сиёсати муайян дошта бошад, то фарзандон аз рӯи он қадам зананд. Барои Кобуловҳо ғайбат бегона аст. Сари хонашон сухани дигарон намегӯянд.
Хандаҳоям гиря доранд…
Онҳо дар масоҳати 4 гектар замин, ки бештараш боғзор аст, ба деҳқониву кишоварзӣ машғуланд. Эҳтиёҷоти иқтисодии оиларо аз ин ҳисоб бароварда месозанд. Соли гузашта аз ҳамвории пеши манзилашон 2 ҳазор дона каду гирифтанд, ки ҳар донаашро ба арзиши 1 сомонӣ ба фурӯш гузоштанд. Помидор, бодиринг, лӯбиёву ҷуворӣ, пиёз, сабзӣ, қаланфури булғорӣ, кабудӣ парвариш медиҳанду ба фурӯш мебароранд ва дар ғанӣ гардидани бозор саҳм мегиранд. Баъзан сабзавоту меваҷотро аз дари хонаашон харид мекунанд. Амаки Хушмаҳмад ҷонибдори арзонӣ будани бозор аст, ки доим ба фарзандон насиҳат мекунад: «Мо деҳқонем, баракати корамон аз дасти кушодамон аст, маҳсулотро арзон бидиҳед, бигзор дигарон ҳам аз ҳисоби заҳмати мо ризқ ёбанд». Кобуловҳо пайваста дасти сахову мадад ба мактабу боғчаҳои шаҳри Норак низ дароз мекунанд.
Чанд сол пеш, вақти сохтани роҳ ва пули нав дар мавзеи дараи «Шар-шар» роҳсозон аз рӯи зарурат боғзори амаки Хушмаҳмадро бо зиёда аз 850 дарахти гуногун, ки 100 намуд мева бор меовард, решакан карданд. Он солҳо танҳо аз себ Кобуловҳо 6 тонна ҳосил мегирифтанд. Зардолуҳое, ки замоне амаки Хушмаҳмад аз донак шинонда парвариш карда буд, сар ба осмон қад кашидаву мева медоданд. Ин ҷои суҳбат дар чашмони амаки Хушмаҳмад ашк чарх мезанад ва зери лаб мегӯяд: «Эҳ, азобе кашидам! Меҳнати 30-солаамро барбод доданд. Ҳар дарахт мисли фарзандам буд. Гарчанде аз кумитаҳои заминсозии шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара ваъда доданд, ки ин талафотро ҷуброн мекунанд, то ҳол ба қавлашон вафо накарданд».
Ҳоло аз он боғзор чанд дарахти хурмову нок боқӣ монда, ки ҳосил медиҳанд. Барои хуб пухта расидани нок онро то моҳи декабр нигоҳдорӣ мекунанду баъдан ба бозор мебароранд. Кобуловҳо имсол дар ҷои боғи пешин то 400 ниҳол шинондаанд. Умед аст, ки боғзор рӯзе дубора мисли пеш боровар хоҳад шуд.
- Торикии субҳ аз хона берун меравему вақти говгум бозмеоем. Меҳнат мекунем. Корҳои боғдориву кишоварзӣ ба занонаву мардона ҷудо намешаванд. Шавҳарам ба ҳар коре, ки иқдом кард, дар паҳлуяш ҳастам. Кишту кор, хишова, каландзанӣ, доруву дармон, обмонӣ, ҳосилғундорӣ, алафдаравӣ, нигоҳубини боғ ҳамаро бо ҳам анҷом медиҳем. Шукр, заҳмат мекашему мехӯрем. Ширу ҷурғот, равғану тухм ҳам аз хоҷагии худамон мебарояд. Фарзандонамон, ки аз паси рӯзгор ҳар сӯ пароканда шудаанд, дар корҳои кишоварзӣ ёрӣ мерасонанд. Солҳои пеш аз гармии зиёд ва нарасидани об шабона кишт мекардем. Падарашон ҷо-ҷо дар замин чанд машъал меафрӯхт, ҳар ду сабзавоту полезӣ мекоштем. Бо сабаби хурдӣ он замон ин корҳоро ба кӯдакон бовар карда намешуд, шукр, имрӯз дастгирамон гардидаанд, - мегӯяд холаи Зулайхо.
Дар баробари парвариши долу дарахтони худ, имрӯз амаки Хушмаҳмад дар сарсабз нигоҳ доштани арчаҳои қади роҳ низ саҳм дорад. Зиёда аз 1200 бех арчаи шоҳроҳи мошингардро сабзу хуррам нигоҳ медорад. Намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар хусуси озодагии мавзеи мазкур, ки чун шоҳраги асосӣ ҷанубу шарқи Тоҷикистонро бо марказ мепайвандад ва ҳар рӯз ҳазорон меҳмонону корафтодагон пиёдаву савора онро убур мекунанд, дилпуранд. Чун оилаи Кобуловҳо, махсусан амаки Хушмаҳмаду холаи Зулайхо мувозиби тозагиву зебоии ин роҳанд.
Дили оча ба бача…
Ба қавли амаки Хушмаҳмад «дасти момои Зулайхот гул аст». Дар пухтани ҳалвои ширӣ ва таомҳои миллии шакаробу қурутоб ҳамто надорад. Хӯроки дӯстдоштаи оилаи Кобуловҳо чун бештари мардуми кӯҳистон аз алафҳои кӯҳӣ омода мешавад ва он «ойлова» ном дорад. Фориғ аз кори замин холаи Зулайхо ба ҷамъоварии гулу гиёҳи шифобахш машғул мешаваду писари хурдиаш дар қатори дигар маҳсулоти кишоварзӣ онҳоро ба бозор мебарорад.
Модар то ҳол ҳар қадами фарзандони бузургшудаашро назора мекунад. Шом як-як зангашон зада, аз аҳволашон пурсон мешавад. Дилаш таскин, ки ёфт, ба худ иҷозаи истироҳат медиҳад.
- Бори заҳмати парасториву тарбияи фарзандро бештар модар мекашад. Мард ба ҳукми рӯзирасон аз дар берун аст. Каму кости зиндагии дохилиоилавиро зан ба низом медарорад. Аз ҳисоби кишоварзиву боғдорӣ фарзандонро хӯрондем, хонондем, хонадор кардем, сад шукр, аз зиндагӣ розиам. Соҳиби писарони баномусу духтарони ҳалиме ҳастам. Келинҳоям низ шабеҳи духтаронаманд. Барои расидан ба саодати зиндагӣ зан бояд пуртоқат бошад. Ба духтарону келинҳоям пайваста талқин мекунам, ки ҷое мард сахт мегӯяд, камбудие шуд, ҷанг мекунад, аммо шумо вазнин шавед. Бо мушкилу нокомиҳои зиндагӣ ҳам бояд муросо кард, - мегӯяд хола.
Зулайхо Алиева ба ҳукми як модар дар орзуи амониву осудагии дунёст. Оромиши худро дар саломативу пешрафти кори фарзандонаш мебинад. Мо барои ӯ ва оилаи заҳматкашу фарзандони баномусаш саломатии бардавом, тавфиқи кору барор мехоҳем.
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Душанбе-Норак