Раяи танкрон
Холаи Робия мегӯяд, ки чун дигар духтарҳои деҳа орзуҳои ширин дошт. Ҷанги беамони фашистӣ ҳама умеду армонашро барбод дод. Хабари ҳуҷуми гитлерчиён мисли миллионҳо нафар мардум дили пур аз шавқи Робияро низ оташину ғамин кард. Чун комсомолу фаъол буд, ба комиссариати ҳарбӣ омаду довталабона ба ҷанг рафт. Он лаҳзаҳоро ин пиразани 92 - сола чунин ба ёд меорад: «10-уми апрели соли 1942 буд. Ман 17 сол доштам. Моро барои омодагӣ ба хонаҳо ҷавоб доданд. Рӯзи 12 апрел ба Қазон бурданд. Теъдоди мо, духтарон, хеле зиёд буд. Он ҷо се моҳ ба омӯзиш машғул шудем. Ҳамаро мувофиқи қобилият ба курсҳо тақсим карданд. Ин ҷо ба мо ҳатто оббозиро ёд доданд. Ман, ки дар соҳили Волга калон шуда будам, хело шиновари хуб шудам. То ба фронт рафтан дарси мухобиротӣ - алоқачиро омӯхтам. Ба ман гуфтанд, ки чун алоқачии хуб ҳастам, бояд рондани танкро ҳам аз худ кунам. Ман дар муддати кӯтоҳ рондани танкро омӯхтам. Танкист шудам. Қисми мо қисми 222 –и танкӣ буд. Чун аз уҳдаи рондани танк мебаромадам, командири қисм ба ман хело бовар дошт. Маро дар қисми низомиамон Рая танкист мегуфтанд. Вақте муҳорибаи Сталинград шиддат гирифт, қисми танкии моро ба он ҷо эъзом намуданд». Ёди он рӯзҳои мудҳиш бори гарон омад Робия Холматоваро. Ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Баъди каме оромӣ ӯ суханашро идома дод. Шаҳрро сӯхтаву яксон ба хоку хун карданд фашистон, аммо ҳазорҳо нафари онҳоро қир намудему боқимондаҳояшонро бо роҳбарии фелдмаршал Паулюс асир гирифтем. Баъд ба мо фармон шуд, ки аз шаҳр баромада ба тарафи баҳри Сиёҳ равем. Дар роҳи баромад дар сари кӯча мӯйсафеде пайдо шуд. Гуфт, ки роҳ хатарнок аст. Мина хобондаанд, беҳтараш роҳатонро иваз кунед. Мо хостем аз миёни замини нокорам гузарем. Фашистон дар ин ҷо ҳам мина хобонда будаанд, ду километр роҳ рафтем, ки танки мо ба маводи тарканда бархӯрд. Вақте ба худ омадам, гуфтанд, ки дар шаҳри Саратов дар шифохонаи ҳарбӣ хобам. Бо ман он рӯз дар танк командирамон Макаренко буд. Гуфтанд, ки ӯ ҳалок шуд. Макаренко аз Украина буд. Зану духтарашро фашистон асир гирифтаву паронда буданд, медидам, ки командир пинҳонӣ ба ёди онҳо гиря мекард». Аз нақлаш фаҳмидам, ки Робия аз сараш захм бардошта се моҳ табобат мегирад. Баъд аз муоинаи табибон гузаштан, ӯ дубора азми ба фронт рафтанро мекунад.
Мақсад ғалаба буд…
То Робия бародари калониаш Зиёвуддин ва апааш Зайнаб ихтиёран ба сафи муҳофизони Ватан пайваста буданд. Баъди ба фронт рафтани Робия бародари хурдиаш Оятулло низ ба сангар меравад. Дар аввалҳо бародарону Зайнаб барояш мактуб навишта, ҳар яке аз ҷонбозиҳои худу ҳамяроқонашон менавиштанд. Баъди соли 1943 ӯ дигар аз пайвандонаш мактуб нагирифт. Хабари марги ду бародар ҷонашро сӯзонд. Аз апааш Зайнаб бошад, дараке надошт. Бинобар ин фронтро дубора ихтиёр мекунад. Мақсадаш то ба Берлин расидан ва ғалаба кардан буд. «Моҳи майи соли 1945 ба Кеннигсберг расидем. Фашизми гитлерӣ мағлуб шуду мо ғалаба кардем, аз паради Майдони Сурх гузаштем».
Робия баъди ҷанг ба деҳа ба назди волидайн меояд. Аз Зайнаб ҳамоно дараке набуд. Робия ба идораи ҷамоати деҳот ба кор даромад. Падараш ором наистода ҷустуҷӯи Зайнабро идома медод. Ниҳоят муждае аз Тоҷикистон ба ин хонадон расид, ки Зайнаб сиҳату саломат аст ва ба наздикӣ ба кӯи наздикон хоҳад расид.
Беҳтарин неъмат сулҳу оромӣ аст
«Зайнаб чун ба хона омад, маълум гашт, ки ӯ дар фронт бо тоҷикписари далер Қара Холматов шинос мешавад. Қара командир будаасту Зайнаб дар қисми ҳарбиашон ҳамшираи шафқат. Онҳо ба ҳам ошиқ мешаванд. Пас аз ғалаба ба Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳринав меоянд. Ана ҳамин Зайнаб, Худованд раҳматаш кунад, сабаби ба Тоҷикистон омадани ман шуд. Ин 12 – уми августи соли 1946 буд. Зайнаб чил рӯз пеш вафот кард, дар синни 97 - солагӣ. Апаам ба ман дар бораи Тоҷикистон ва одамонаш бисёр мегуфт, вале мақсади асосиашро нагуфт. Нагуфт, ки мехоҳад маро ба додари шавҳараш арӯс кунад. Ӯ бо шавҳараш ба Тотористон омада буд. Ба Тоҷикистон ба хонаи онҳо расидан баробар, онҳо косаи обро оварданд, барои никоҳ. Ростӣ, ман аз ин расм огоҳ набудам, гирифтаму косаи обро нӯшидам. Дубора косаи обро оварданд ва ҷавонеро нишон доданду гуфтанд, ки ин Азиз ном дорад, бо ин косаи об ҳозир шуморо никоҳ мекунем ва аз ин баъд зану шавҳар мешавед. То ҳозир ҳайронам, ки чаро он вақт чизе гуфта натавонистам. Азиз ҷавони зебо буд. Фаҳмидам, ки ӯ ҳам иштирокдори ҷанг будааст. Ҳоло муаллими деҳа буд. Мо аз ин никоҳ соҳиби даҳ фарзанд шудем. Соли 1956 мо ба ноҳияи Ҳисор ба деҳаи Чинор омадем. Дар деҳа мактаб набуд. Шавҳарам як хонаамонро ба синфхона табдил дода, бачаҳои деҳаро дарс медод. Ман дарси забони русӣ мегуфтам ба онҳо»,- қисса кард Робиябону.
Вай ҳам чун апааш ба муҳити деҳоти Тоҷикистон зуд унс мегирад. Ҳама корҳое, ки занони деҳа мекарданд, вай ҳам иҷро менамуд. Тозатару хубтар. «Аввалин мошини сабукрави тамғаи «Москвич»- ро дар колхоз ман гирифтам, барои пиллапарвариам доданд. Соли дигар мотосикли сечарха туҳфа карданд. Говдӯшӣ ва пахтакорӣ ҳам кардам»,- мегӯяд холаи Робия.
Ин ҳама саргузашти худро бо ҳавсала нақл мекунад. Гоҳ механдаду гоҳ ашк мерезад. Ёди шавҳараш амаки Азиз карда гуфт, ки фарзандонро дар роҳи рост тарбия намуд. Дар синни 84 даргузашт. Писаронаш духтуру муаллиму коргаранд. Хизмати халқро мекунанд. Рӯи ҳавлиаш гулҳои зиёде мавҷ мезананд. Гулпарвариро дӯст медорад ин холаи қаҳрамон. Меҳр дорад ба ин шуғл. Дар наздаш гули калони хонагие буд, ки хола ба он нигоҳ карда гуфт: «Гули ёрон» ном дорад. Онро аз Қазон овардам. Ин ҷо хуб сабзид. Ёди наздиконам мекунад.
Гарчи синни холаи Робиа ба 92 расидааст, боре ҳам ба табибон рӯи ниёз наовардааст. Ҳар сол ба дидорбинии наздикон ба зодгоҳ меравад. Аммо дар он лаҳзаҳо ҳам ёдаш дар банди Тоҷикистон аст, чаро ки ба ин сарзамин решапайванд гардидааст.
Беҳрӯзи Абдураҳмон