Ӯ баъдан аз модар хабар ёфт, ки падар шавҳарашро чандин шабу рӯз ҷустуҷӯ намуда, вале пайдо накардааст. Модар яксара ғам мехӯрд, ки агар падар он палидро пайдо кунад, дар сари ҷаҳлу қаҳр хунашро мерезад ва марги як бепадар фарзандонашро аз падар зиндаҷудо ҳоҳад намуд.
Мавзуна бо даст додани фурсати муносиб дастони падарро бӯса карду илтиҷо намуд, ки дигар шавҳарашро накобад, зеро ӯро дидан намехоҳад ва бо сиҳат ёфтани ҷароҳатҳои баданаш аз тариқи суд қонунӣ аз ӯ ҷудо мешавад. «Ба хотири адаб додани як бепадар модару хоҳарон ва бародаронамро танҳо магузоред», – илтиҷо мекард духтар.
Мавзуна муносибати падари худро вақти мактабхонӣ бо падарони ҳамдарсон, ҳамсояҳо ва замони донишҷӯӣ бо зодмандони ҳамсабақонаш муқоиса мекард ва итминон дошт, ки дар дунё дигар чунин падари ғамхор, меҳрубон, дӯстдоштанӣ, дӯсти қарин ва марди ҷасуру сахӣ вуҷуд надорад. Онҳо то замони ба зиндагии мустақил гузаштан, дар даврони кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонӣ аз чизе танқисӣ намекашиданд. Бо ин вуҷуд, падар ҳар шаб назди фарзандон меомаду новобаста ба хастагии кор дар ин ё он мавзӯъ бо онҳо ҳамсуҳбат мешуд. Аз ҷараёни дарсҳо пурсон мешуду рӯзҳои таътил фарзандонро ба сайру гашт ва хӯрдани ғизои хушмаззае ба ресторан мебурд. Дар ҳолати дигар, худаш хӯрок мепухт ва то сер шудани фарзандон аз сари дастархон намехест. Бо ҳар яке дар алоҳидагӣ дӯст буд ва аз ҳоли дили онҳо ҳамеша хабар дошт. Онҳо дар симои падар на танҳо девори қавӣ ва пуштибон, балки дӯсти қарину ғамшарикеро медиданд…
Аммо баъд аз он ҳодиса падар бештар аз ҳарвақта ба ӯ меҳрубонтар шуд, то он вақте, ки ба падар гуфт дар батнаш тифли якмоҳа дорад. Падар хоҳиш кард, ки исқоти ҳамл намояд ва оянди худро сангинтар насозад, зеро ба по хезондани ду тифл барои як зани танҳо хеле мушкил аст. «Ману модарат имрӯзему фардо. Баъд аз фавти мо бароят хеле мушкил мешавад. Агар бародарат издивоҷ кунад, Худо медонад, ки муносибати ҳамсари ӯ бо ту чӣ гуна хоҳад буд. Он ҳам баъд аз сари мо дар як хона», – гуфт дар тақвияти суханони худ падар.
Вале Мавзуна на ба ҳарфи падар гӯш карду на гуфтаҳои модар. Мехост барои духтараш хоҳар ва ё бародаре ба дунё овард, то ӯ танҳоиро эҳсос насозад. Азбаски дар ин давра саломатии хуб надошт, замони ҳомила будан, азоби зиёде кашид. Модар ҳамеша дар паҳлуяш буд, падар бошад, танҳо аз назари молӣ барояш кумак мекард ва то ҳадди имкон ва шакибоӣ аз ӯ дурӣ меҷӯст.
Моҳҳо пушти сар шуданду вақти таваллуд расид. Падар субҳи солеҳон ӯро ба таваллудхона овард ва бо тамоми кормандони аршади таваллудгоҳ суҳбат кард ва маблағеро дареғ надошт. Баъд аз пушти сар кардани якшабонарӯз дарди тоқатфарсо тифл ба дунё омад, вале маризу нотавон.
Муддати як моҳ падару модар ҳамроҳ бо пизишкон барои зинда мондани тифл мубориза бурданд ва бо хости Офаранда кӯдак сиҳат ёфту бо модар ҳамроҳи бибию бобо ба хона баргашт. Хурсандии хонавода ҳадду канор надошт. Тифл сар – сари даст буду тамоми шароит барои онҳо муҳайё, аммо дили Мавзуна дард мекард, меандешид, ғам мехӯрд, ки ба ҳарфи падар гӯш надод ва акнун ӯ фарзанди дӯстрӯякашро дӯст нахоҳад дошт. Бе лутфу меҳрубонии падар ба воя расидани фарзанди худро тасаввур намекард, зеро бидуни он муҳаббати бузурги падар кӯдак ноқис калон мешуд. Шабҳо хобаш намебурд, андеша мекард, ки агар падар намебуд, фарзанди аввалаш аз падари бемеҳру шафқат ва майзадаи худ чизе намегирифт ва дар оянда ба фарзандони худ меҳру муҳаббаташро дода наметавонист. Ҳоло бошад, падар аз ӯ ранҷидааст ва ин тифлаки бегуноҳ аз беҳтарин чиз, яъне меҳри бобо бенасиб хоҳад монд.
Ӯ медонист, ки падар барои калон шудани кӯдак тамоми шароитро муҳайё хоҳад кард. Аз либосу хӯрока фарзандаш танқисӣ нахоҳад кашид. Аммо ӯ мехост, тифлакаш мисли худаш тифлии ноз дошта бошад. Аз он дарёи пуртуғён, он дилбаҳри саропо ишқу муҳаббати бобо нӯш кунад ва шахси мукаммале ба воя расад. Аммо ӯ бояд чӣ кунад? Чӣ метавонад дили падарро нарм созад? Ин ва боз садҳои суолҳои дигар мағзашро фишор меоварданд ва Мавзуна андеша мекард, роҳ меҷӯст, чизе ва ё фурсатеро интизор буд.
Дар ин маврид чандин бор бо модар ҳам суҳбат кард. Ӯ ҳам намедонист барояш чӣ бигӯяд, чӣ тасия диҳад, зеро хӯи шавҳарашро медонист. «Танҳо ба Худо бояд такя кард», – мегуфт модар.
Муаммо будани зиндагӣ ва гардишҳои ғайриинтизори онро мо дар китобҳо бисёр хондаем ва дар синамо низ дидаем, вале ҳич вақт фикр накардаем ва бовар надорем, ки дар зиндагии худамон рух хоҳанд дод. Муддати бештар аз як моҳ Мавзуна ба қароре наомад ва дигар умедҳояш ба тадриҷ аз дил мерафтанд, дигар ба чизе бовар надошт ва даҳшати тасаввур ӯро ба тадриҷ пахш мекард. Аммо кай инсон аз барномаҳои Офарандааш хабар дошт? Оё мо медонем, ки фардо чӣ пеш меояд?
Вақте чиллаи кӯдак гузашт, субҳ, қабл аз ба кор рафтан, падар вориди ҳуҷраи наберагон шуду кӯдакро рӯи даст гирифт. Тифлаки зебо гӯиё ин ҳама муддат ин лаҳзаро интизор буд, ки ҷониби бобо табассум кард. Падар ӯро бӯсиду канор гирифт ва аз пушти гарданаш бӯиду гуфт: «Номи ин духтарамро Шукрона мемонам. Зеро Худо ӯро наҷот дод ва мисли офтобаки хона ба мо бахшид. Шукронаи Офаранда! Худо умраш диҳад, имрӯз барояш ҳуҷҷат мегирам. Бегоҳ зиёфат».
Аз чашмони Мавзуна беихтиёр ашк равона шуд.
Ашки шодӣ ва сипос…
Фароруни Сабзқадам