“Мо дар оила ҳашт нафар фарзанд будем. Падарам усто буданд. Қисме аз хонаҳои деҳаро маҳз ӯ сохта буд. Байни мардуми қишлоқ низ обрӯи зиёд дошт. Модарам як зани одии деҳотӣ, дар баробари тарбияи фарзандону кори хона дар заминҳои колхоз пахтачинӣ мекард. Ман, ки фарзанди калонӣ будам, аз хурдсолӣ вазнинии кори хона ва тарбияи кӯдаконро бо модарам якҷо ба уҳда доштам. Он замон ба хондани духтарон дар деҳот аҳамият намедоданд ва ман чун дигар духтарон мактабро то синфи чаҳорум хондаму халос”, – мегӯяд қарамони мо. – Соли 1964 буд, дар саҳрои колхозӣ ҳамроҳи дигар занону духтарони деҳа машғули пахтачинӣ будем, ки як гурӯҳ донишҷӯёнро барои чидани пахта ба саҳро оварданд.
Он вақт холаи Адолат 16 сола буд ва намедонист, ки яке аз ин донишҷӯён, ҷавони хушқаду қомат, ки номаш Изатулло буд, шавҳари ояндааш мешаваду ҳамроҳ бо ӯ зиёда аз ним асри зиндагиро тай мекунад. Амаки Изатулло он замон донишҷӯи техникуми кооперативӣ буду 19 сол дошт.
–Соли аввали ба ноҳияи Лахш омадан, бароям бисёр аҷиб буд. Кӯҳҳои сарбафалак, атроф кӯҳу шах, табиати нотакрор, чашмасорони оби мусаффо ва дарёи калони Сурхоб, ки канори роҳ мерафт, мани ҷавонро ба дили афсонаҳо мебурд. Бахусус, зиндагии ду мардум, тоҷикону қирғизҳо, ки дар ин минтақа қарнҳо боз паҳлуи ҳам дӯсту тифоқ кору пайкор мекарданд, маро ба ҳайрат овард. Ҳарчанд ман духтари деҳа будам, солҳои аввали зиндагиям дар Ҷиргатол бисёр азоб кашидам. Диёри ноошно, мардуми ноошно, зимистони сарду тӯлонӣ. Вале бо мурури замон одат кардаму ин диёру ин мардумро бисёр дӯст доштам. Ва ҳар вақте ба зодгоҳам ё ба назди фарзандонам ба пойтахт равам, ин ҷоро ёд мекунам ва зуд бармегардам, – мегӯяд мусоҳибам.
Холаи Адолат 19 фарзанд таваллуд кардааст ва имрӯз шукрона мекунад, ки 17 нафар дар қайди ҳаёту хизмати мардум мекунад. “Нуҳ писару ҳашт духтар, шасту ду набера ва чор абера дорам, ду карат “Қаҳрамонмодар” – ам”, – мегӯяд бо як ифтихор ӯ. Албатта, боиси ифтихор низ ҳаст, ки ҳама писарони хола соҳиби маълумоти олиянду дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварамон ифои вазифа мекунанд. Яке пизишку дигаре меъмор, сеюмӣ дар мақомоти қудративу чорумӣ дар хизмати давлат. Хуллас, аз ноҳия сар карда то ба пойтахт дар идораҳои гуногуни давлатӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият доранд.
Сунҳорҳо низ соҳиби маълумотанд, духтаронаш низ омӯзишгоҳҳои тиббӣ ва омӯзгориро хатм намудаанд. Имрӯз бо сари баланд гуфта метавонад, ки ҳамаи онҳо соҳибмаълумотанду хонаобод ва дар сояи давлати онҳо ҳамроҳи шавҳараш даврони хуби пирӣ меронад.
–Ҳарчанд ба воя расондани 17 фарзанд мушкил буд, вале тарбияи дурусти онҳо, хонондану соҳибмаълумот намудан, адабу одоб омӯзондан, ба роҳи рост ҳидоят намудан аз он ҳам мушкилтар буд, - мегӯяд холаи Адолат. - Ҳоло мо дар нафақаем ва истироҳати арзандаро сазовор гаштаем. Вале дар аввал ман фаррошиву дӯзандагӣ мекардаму шавҳарам мутахассиси одии соҳаи матлубот буд, хоҷагии деҳқонӣ доштем, дар заминҳои калон якҷоя ғаллаву картошка ва дигар зироатҳоро парвариш мекардем, аз боғ ҳосили хуби себу нок ҷамъоварӣ менамудем. Сабр кардем, тоқат кардем, пастиву баландӣ ва мушкилиҳои рӯзгорро паси сар кардем, ёвару дастгири якдигар шудем ва то ба ин рӯзҳои саодат расидем. Шавҳарам дар маълумотнокии фарзандон нақши муассир дорад. Шабҳои тӯлонии зимистон дар хона маҳфилҳои фарҳангиву ирфонӣ доир менамуд. Дар қалбу зеҳни фарзандон ҳисси ватандӯстиву ватанпарастиро аз хурдсолӣ талқин мекард. Ҳатто дар ҷамъоварии ҳосили боғу замини картошка ва дарави ғалла бе байтбараку шеъру масал кор пеш намерафт. Аз ҳама лаҳзаҳо самаранок истифода мебурд, китобхониву муколама, муаллиму талабабозӣ мекарданд бо ҳам фарзандон. Имрӯз наберагон низ дар ҳамин рӯҳия тарбия мешаванд.
Аҳсант ба холаи Адолату амаки ҳоҷӣ Изатулло, ки чунин фарзандони накуном тарбият намуда, намунаи ибрати ҷавонони имрӯза гардидаанд. Холаи Адолат ҳар лаҳза шукронаи давру замони орому осуда, ободиву созандагӣ ва Роҳбари дилсӯз, Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунад. Шукрона мекунад, ки сулҳу субот пойдор аст.
Далери Сафар