Вақтҳои охир ба гуруҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарони мо низ ба назар мерасад. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни Исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва эктремизм, ки ҷиноят ҳисобида мешавад, ҷалб менамоянд. Ҷавонон бояд имрӯз саводи кофии динӣ дошта бошанд, то фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд.
Террорист, ки қотили бегуноҳон аст, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст. Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода барад.
Имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Иддае, ки худ аз тафаккури исломӣ бехабаранд, ин гуруҳҳоро «исломӣ» хонда аз воқеият фурӯгузорӣ мекунанд, ки ҳадафи чунин созмону ҷараёнҳо ба манфиати хеш истифода бурдани давлатҳои дигар аст ва дар ин масъала мо бояд ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳем то худро гирифтори бозиҳои чунин гурӯҳҳои ифротгаро насозем.
Пас, бояд меъёри аслии шинохти мо аз ҳар гуна хатару таҳдид манфиатҳои асили миллӣ, динӣ ва фарҳангиамон бошад.
Имрӯзҳо гуруҳҳои ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд ва бо сабаби надодоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда, ба доми макри худ мекашанд.
Ашхосе, ки ба масал парчами сиёҳ мебардоранд ботинан сияҳкоранду алҳазар аз онҳо, зеро ин гуруҳҳо бераҳму қотил ва ғоратгаранд. Ин тоифа ба ҷуз бадном кардани Ислому пайравонашон ва рехтани хуни инсонҳои бегуноҳ дигар мақсаде надоранд.
Дар ҳамин раванд имрӯзҳо дар тамоми шаҳру деҳоти кишвар дар байни мардум ва бахусус занон, корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби бахшҳои кор бо занон ва оила, мақомотҳои қудратӣ дар ҳар як ҷамоату деҳот бо мардум вохӯриҳо доир мегарданд.
Тавре зимни суҳбат бо мо мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод Мавлуда Шарипова иброз намуд бахш ва Шӯрои занони ноҳия вобаста ба мавзӯи зикргардида нақша чорабиниҳо тартиб дода, аз ҳисоби занҳои собиқадор, фаъол, рӯзғордида ва шахсони обрӯманди маҳаллаҳо гурӯҳҳои таблиғотӣ ороста, дар тамоми деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо сокинон суҳбату вохӯриҳо гузаронида, оид ба шомилшавии иддае аз наврасону ҷавонон, занону духтарон ба гурӯҳҳои ифротгаро, мардумро ҳушдор медиҳанду сабақи хештаншиносӣ. Падару модаронро бори дигар таъкид менамоянд, ки ба мушкили аср бетараф набуда, фарзандони худро, ки дар дохил ва хориҷи кишвар зиндагӣ доранд зери назорати қатъи қарор диҳанд. Нагузоранд, ки онҳо фирефтаи гуруҳҳои тундрав гардида ба Модар - Ватани худ хиёнат кунанд.
- Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст ва зимни вохӯриҳо қайд мекунем ин тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги аҷнабӣ майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфтор, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонад ба чашм мерасад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Занони мо либосҳои бегонаро бо номи «ҳиҷоб» истифода карда бо ин васила гуё шариатро риоя мекарда бошанд. Вале дар асл маънии «ҳиҷоб» - парда ва «сатри аврат» - пӯшонидан ё пинҳон кардани аврат мебошад. Яъне пӯшонидани аврат тавассути либос. Ба ҳамаи мо маълум аст, бибию момоҳои мо ҳам «ҳиҷобу сатр» доштанд, ки он комилан миллию суннатӣ ва хоси фарҳангу анъаноти мо буд, на ин ки мисли имрӯза «сатру» -у «ҳиҷоб»-и сиёҳранг. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона доштанд ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуданд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест, ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ буда наметавонад ва дар ҳеҷ як давру замон дар ватани мо роиҷ набуду нест – мегӯяд Мавлуда Шарипова.
Гуруҳҳои ифротгаро бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавонон ноогоҳеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти Ислом бебаҳраанд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб мекунанд. Бинобар ин, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбият кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва дар ваҳдати ҷомеа талош доштану аз бегонапарастӣ сарпечидан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.
Далер Сафар