Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маърака дар ҳузури беш аз 10 ҳазор мардум, ки барои дидани корвон дар майдони „Ситораҳои Хуҷанд“ гирд омада буданд, гуфтанд: „Дар яке аз шаҳрҳои қадимаи мамлакатамон - Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани чорабиниҳои Наврӯзи имсола беҳикмат нест, зеро дар асоси манбаъҳои таърихӣ ниёгони шарафманди мо Наврӯзро ҳанӯз дар давраҳои мавҷудияти давлатҳои нахустини худ дар гӯшаҳои гуногуни қаламрави хеш таҷлил мекардаанд ва ин айёмро барои ободии диёр истифода мебурдаанд.
Бо мақсади баҳрагирӣ аз ин таҷрибаи ниёгон мо низ тасмим гирифтем, ки Наврӯзро ҳамасола дар яке аз манотиқи Тоҷикистон ҳамчун рамзи ваҳдати ҷовидонаи миллӣ таҷлил намоем ва суннатҳои деринаи аҷдоди сарбаланди хешро барқарору устувор созем“.
Дар ҳақиқат, Хуҷанд яке аз қадимтарин шаҳрҳои тоҷикон аст, ки поягузорашро Каюмарс медонанд. Хуҷанду хуҷандиён тавонистанд расму оинҳои ниёгонро, бо вуҷуди ҳуҷумҳои бегонагон, дар ҳама давру замон ҳифз кунанд. Муаррихон Назирҷон Турсун ва Ҷамшед Ҷӯразода дар мақолаи „Суннатҳои ҷашни соли нави хуҷандиён“ менависанд, ки „Идҷои бузурги Соли нави Хуҷанд дар соҳили чапи регистони дарёи дар он давр шӯху саркаш, гилолуд ва тезрафтори Сир, дар гӯшаи шимолу шарқии шаҳр, дар шафати маҳаллаҳои Мағокон, Сари Баландӣ, Хотун Масҷид ва Каллахӯрон, дар беруни девори якқабата тӯл мекашид. Идҷоро муддати зиёд барои қабули иштирокчиён ва меҳмонони аз чор ҳадди Осиёи Миёна: Хоразм, Бухоро, Тошканд Чимкент, Фарғона, Қошғар, Хӯқанд, Марғилон, Ғулҷа (Кулҷа), Таласс (Тароз) омада, тайёр менамуданд. Идҷо як навъ намоишгоҳи бузурги санъати амалӣ, ҳунаристони пешаварону ҳунармандони Хуҷандро ташкил менамуд. Аз порчабофон то абзорсозон, аз дӯзандагон то созандагони бозиҳои бачагон, ҳалвогарон, нишоллопазу нонвойҳо, гурӯҳҳои бисёри пазандагони гуногункасб, баққолон, атторон, фурӯшандагони сершумори анвои неъматҳои табиат, маснуоту маҳсулоти худро пешкаши тамошобинон менамуданд. Даҳҳо чойхонаҳо, дуконҳои доду ситад, фурӯшгоҳҳои афзори гуногуни дилхушӣ хизмат менамуданд. Дорбоз, чодархаёл - сирк, боғи сайёри ҳайвонот бо ҳунарпешагону ходимонашон фаъол амал менамуданд. Гулсозони маҳаллӣ ва машриқӣ, ки одатан аз Чин меомаданд, идҷоро зиннат мебахшиданд. Тарфбозон ҳунари мушакпаронии худро намоиш медоданд. Санъаткорон: мутрибон, муғанниҳо, ҳофизон, танбӯриҳо, нақорачиҳо, карнаю сурнайнавозон бо навою сурудашон базми идро ғанӣ менамуданд. Паҳлавонони зӯртарини кишвар, гӯштигирону гурзбардорони рустампанҷа қувваозмоӣ мекарданд. Манзараи идҷои соли нави Хуҷанд дар албоми аксбардори фаронсавӣ Огюст Крафт дар соли 1903 дар Париж ҷой дода шудааст“.
Воқеан, дастандаркорони корвон тавонистанд, ки бо истифода аз маводи таърихию мардумшиносӣ тамоми шукӯҳу шаҳомат ва урфу одату расми наврӯзии Хуҷанд, ҳамзамон минтақаҳои Бадахшону Хатлон, Рашту Ҳисору Зарафшон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯзро ба воситаи рақсу оҳангу суруд, либосҳои миллӣ, бозиҳои гуногун, намунаи ҳунарҳо намоиш бидиҳанд.
Одатан дар паси чунин намоишҳои азим инсонҳои боҳунаре меистанд, ки тамошобин онҳоро намебинад. Барои фароғати чандсоатаи мардум онҳо ҳафтаҳою моҳҳо заҳмат мекашанд, хуни дил мехӯранд. Бинобар ин мо тасмим гирифтем, ки сорбонҳои „Корвони Наврӯз“-ро мухтасар бошад ҳам, муаррифӣ намоем.
–Мутобиқи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз бори аввал намоиши театркунонидашудаи „Корвони Наврӯз“ ба нақша гирифта шуд. Сенарияи шоирон Ӯлмаси Хол ва Темурмалики Рустам, ки хеле навоварона буд, маъқул дониста шуд. Коргардонҳо ва устодони ботаҷрибаи рақс Обидҷон Назаров, Муқим Абдуфаттоев, Бароат Мақсудова, Шаҳло Ҷалилова, Фирӯза Аюбҷонова, Нилуфар Тоҷибоева, Гуландом Аюбҷонова, Мадина Амонова, Қурбонгул Тангирова, рассоми чирадаст, шодравон Акбар Маҳмуд таҳти роҳбарии умумии сардори раёсати фарҳанг Орифҷон Набиев беш аз 2 моҳ бо иштирокчиёни барнома машқу тамрин гузаронданд, –гуфт дар суҳбат бо мо корманди масъули раёсати фарҳанги вилоят Обода Назарова.
Коргардони собиқадору шинохта Орифҷон Набиев он рӯзҳои серташвиши тайёрӣ ба намоиши „Корвони Наврӯз“-ро ба ёд оварда, чунин зикр намуд: „Барномаи „Корвони Наврӯз“ бештар аз 20 қисм буда, оинҳои таҷлили Наврӯзро дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз таҷассум намуд. Рақсҳои умумии минтақаҳои ҷумҳуриамон – хуҷандӣ, кӯлобӣ, раштӣ, ҳисорӣ, зарафшонӣ, инчунин самарқандию бухороӣ ба ҳамагон писанд омаданд. Дар барномаи фарҳангии „Корвони Наврӯз“ наздик ба10 ҳазор ҷавонписару ҷавондухтар аз макотиби олию миёнаи махсуси маркази вилоят, инчунин мактабиёни синфҳои болоӣ аз шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом, Бӯстону Истиқлол, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов ширкат варзида, дар назди тамошобинон ҳунарнамоӣ карданд“.
Яке аз муаллифони намоишнома, шоир ва драмнавис Ӯлмаси Хол, ки аксар чорабиниҳои бузурги вилояти Суғд, аз ҷумла 1150 - солагии устод Рӯдакӣ, ҷашни 20 - солагии Истиқлол, ифтитоҳи нақбҳои Анзобу Шаҳристон, 15- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ғайраҳо мувофиқи намоишномаҳои ӯ сурат гирифтанд, зимни суҳбат бо мо чунин иброз дошт:
–Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ чанд моҳ пеш аз ҷашни Наврӯз намояндагони аҳли қаламу ҳунарро назди худ хонда, гуфтанд, ки бояд барномаи ҷашнӣ тамоман бо усули нав, бо ғояҳои ҷадид таҳия шавад. Банда ва дӯстам шоир Темурмалики Рустам ҳар кадом ба алоҳидагӣ намоишнома навиштем, ки баъдан коргардонҳо аз ҳар ду беҳтарин ҷузъҳояшро интихоб карданд. Дар таҳияи намоишнома мо аз таҷрибаи карнавалҳои ҳарсолаи Бразилия истифода бурдем.
Нуралӣ Нурзод,олим ва шоир, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ „Корвони Наврӯз“-и соли 2016-ро як падидаи муҳими фарҳангӣ медонад ва мегӯяд:
–Ба хотири эҳёи оини бузурги баргузории Наврӯзи бузург дар шаҳри Хуҷанд нахустин бор маросими „Корвони Наврӯз“ бо шукӯҳи махсус доир гашт, ки аз ҳузури дубораи пурравнақи оинҳои ин ҷашни бостонӣ ба сурати ҷадид паём расонд. Мо аз ин намоиши таърихӣ илҳом гирифта, бори аввал бахше аз оинҳои наврӯзии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳамчун меросбарони сарзамини куҳани Суғди бостонро бо кӯшиши гурӯҳи муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони донишгоҳ ва шоирону суханварон ҷамъоварӣ ва таҳқиқ кардем, ки он бо номи „Наврӯзномаи Суғд“ рӯи чоп омад.
Ҷӯра ЮСУФӢ