Духти оилаи хушбахт
Дар озмуни вилоятии соли 2016 ин хонавода, ки пирони барнодил гули сари сабадаш ҳастанду сарвариашро набера Рӯзадор Рӯзадоров бар дӯш дорад, соҳиби мақом ва ҷоизаи оилаи беҳтарин гардид. Рӯзадор ва завҷааш Ниёзбегим Чоршанбиева 22 сол боз дар мактаби деҳаи Аличур ба таълиму тарбия машғуланду дар баробари шогирдони зиёд фарзандони бодонишу боадаб ба воя расондаанд. Онҳо бар ин назаранд, ки маҳз аз баракати ганҷҳои хонадон -модарбузургу модар ва дарси одаму одамгарӣ, ки аз онҳо омӯхтаанд, шарафи оилаи беҳтарин барояшон насиб гардид.
Аз фарзандони оила яке соҳибдиплом гардиду дар мактаби деҳа ба талабагон забони англисӣ меомӯзонад. Дигаре бо хатми факултаи таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ ихтиёран ба хизмати Ватан рафт. Дигарон донишҷӯ ҳастанду мактабхон ва аълохону рафтори намунавӣ доранд.
Ҳафтхоҳарони сарвари оила, ки дар маҳалҳои гуногуни кишвар соҳиби хона, касбу кор ва фарзандонанд, модарбузург ва модарро ба сӯйи хеш мехонанд, то онҳоро дар овони пиронсолӣ нигоҳубин намоянд. Вале модарбузург ва модар бо тамоми зебоиҳои табиати афсункори тобистон ва сахтиҳои давомдори зимистони Аличур ба ин макон дил бастаанд ва ба дигар ҷо рафтан намехоҳанду дар ин ҷо роҳату осуда ва хушбахтанд.
Модарбузург ёд дорад, ки чӣ тавр пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ нахустин манзилҳоро дар маркази Ҷамоати деҳоти Аличор бародараш Давлат, ки пас аз хатми омӯзишгоҳи роҳсозии шаҳри Саратов чун роҳбар бо чанд коргари роҳсоз ба ин ҷо фиристода шуд, сохтанд. Бо меҳнати роҳсозон масири Хоруғ-Уш ба роҳи нақлиёти аҳамияти умумииттифоқӣ табдил ёфту имрӯзҳо ҳам бо гузашти қариб ним аср ронандагони тоҷику чинӣ ба роҳсозони қитъаи Аличор-Мурғоб аҳсан мехонанд, ки дар вақташ онро бо сифати баланд сохтаанд. Давлатбек роҳбари серталаб, вале инсони хоксору меҳрубон ва дилсӯзу меҳмонннавоз буду ҳидоятҳои падарро дар хотир дошт, ки мегуфт: „ҳамеша ҳалолкор бош“.
Дар Аличур чун дар дигар деҳоти ноҳияи Мурғоб тоҷикону қирғизҳо дӯстона зиндагӣ мекунанд. Гузари тоҷикон, ки айни ҳол бештар аз 50 хонавода дар он сукунат дорад, бо қарори мақомоти маҳаллӣ номи роҳсози аввалин Давлатбек Атобековро дорад. Сунбулмоҳ дар айёми ҷавонӣ ба назди бародараш омаду ба яке аз коргарони роҳсоз ба шавҳар баромад ва соҳиби бахту фарзандон гардида, якумр ба ин макони барояш муқаддас дил баст.
Деҳаи зебоманзару меҳмоннавоз
Момои хушсуҳбат нақл мекунад, ки Сарез деҳаи зебоманзар буду сокинони он аз ҳисоби чорводорӣ ва ғаллакорӣ бою бадавлат мезистанд.Як шаби феврал аз заминларзаи сахт ногаҳон кӯҳпорае канда шуда, болои деҳаи Усой афтид ва сарбанди сунъӣ пеши маҷрои дарёи Мурғобро баст. Аз ин деҳа чанд нафаре зинда монданд, ки бо корҳое аз хона дур рафта буданд ва яке аз онҳо Лакмӣ ном ҷавоне буд. Вай бояд хонадор мешуд ва барои харид намудани шоли арӯсӣ ба Бозордараи Мурғоб меояд, зеро корвони тоҷирон аз ин роҳ мегузашт. Аммо тақдир чунин сурат гирифт, ки Лакмӣ дар диёри дигарон монд. Баъдтар, бо сабаби баланд шудани оби кӯл, деҳаи Сарез низ зери об монд ва сокинони он ба дигар деҳаҳои Бадахшон кӯч бастанд ва кӯл номи Сарезро гирифт. Лакмӣ ҳунарманд буду най менавохт ва хосатан вақте ба ёд ва ҳасрати деҳаҳои дӯстдоштааш Усойю Сарез сози мардумӣ ба даст мегирифт, шунавандагон гӯшу ҳуш мешуданд. Лакмӣ то солҳои 60-ум зинда буд ва ҳангоме ба маҳалли Аличур меомад, хешу табор ба хотири дидор ва қурбониёни заминларза оши худоӣ медоданд. Мардуми муҳоҷиршудаи Сарез, ки дар дигар маҳалҳо муқим гардиданд, бо меҳнатдӯстӣ, шукргузорӣ аз офият ва қаноатмандӣ ба каму беши рӯзгор фарқ мекунанду ин хулқу атвори меросӣ аз падарбузург ва модарбузург дар хонаводаи Рӯзадоровҳо ошён гузоштааст. Дастархони хонавода чун дастархони сарезиён барои раҳгузарон ҳамеша кушода аст.
Ҳеҷ кас тасаввур намекард, ки дар як водии хурраму паҳновар байни кӯҳҳои осмонбӯси Помир аз офати табиӣ бо ҷамъшавии бештар аз 17 миллиард метри мукааб об кӯли бузурги сунъие ба вуҷуд меояд, ки дар ҷаҳон бо номҳои „Нозанини хуфта“ ва ё „Аждаҳои хуфта“ шуҳрат пайдо мекунад.
Дар Мурғоб 13 ҳазор нафар сукунат дошта, 3 ҳазор нафарашон тоҷиконанд. Тоҷикон дар рушди роҳсозию роҳдорӣ, сохтмонҳо, маорифу тандурустӣ ва соҳаи хизматрасонӣ саҳми босазо доранд
Тафовути раҳ аз куҷо, то ба куҷост?
Духтари Сарез, агарчанде сафар карданро дӯст намедорад ва бештари умрашро дар ин макони дурдасти барояш азиз гузарондааст, ба дидори шахсиятҳои бисёр наҷиб дар ин ҷо расидааст, зеро мусофирҳо дар чорроҳаи маркази деҳоти Аличур дам мегиранд. Бо амри тасодуф, барояш дар ин ҷо чанд сол қабл дидорбинӣ бо Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардид.
– Он рӯз ҳаво абр ва боронӣ буд. Болои Аличур ногаҳон чархбол пайдо шуду пас аз давр задан фуруд омад. Байни мардум овоза паҳн гашт, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Аличур омадааст. Маълум шуд, ки чархбол дар роҳи сафар ба маркази ноҳияи Мурғоб бинобар бад будани ҳаво ба таври изтирорӣ фуруд омадааст. Президент бо мардум суҳбат кард. Вазъи ҷумҳурӣ ҳанӯз ноором буд, вале вай бо суханонаш бовариро ба сулҳ ва ояндаи босаодати кишвар дар дили ҳар фарди ин ҷо қавӣ сохт. Дар ин асно ҷавонони қирғизу тоҷик, ки аз раъйи қатъии Сарвари давлат барои идомаи сафар пай бурданд, барояш мошини ягонаи сабукрави коршоями „ВАЗ“ – ро фароҳам сохтанд. Ҳамчун модар аз чеҳраи гарми ин фарзанди халқ, рафтори наҷибу суханони самимиаш эҳсос кардам, ки сарварии давлат ба шахси хубу боирода ва арзанда расидасту имрӯз чун тамоми мардуми кишвар аз зиндагии осудаву босаодат шукргузор ҳастам. Падарам нақл мекард, ки пас аз фоҷиаи Сарез дар соли 1911-ум сокинони деҳоти зарардидаи гирду атроф танҳо ба танҳо бо мушкилоти хеш монда, пас аз ду сол нахустин одами бегонаро диданд, ки ба наздашон омад. Вале, тавре мегӯянд, тафовути раҳ аз куҷо то ба куҷост? Оқибатҳои заминларзаи моҳи декабри соли 2015-ум, ки деҳоти наздики Сарез аз он зарари сахт диданд, бо ҳидояти Сарвари давлат ва мадади мардуми ҷумҳуриву созмонҳои хайриявии хайрхоҳи Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ бартараф гардида, аз чунин давлат ва пешрафт бояд шукрона кунем, – изҳор медорад духтари Сарез ва пири равшанзамир Сунбулмоҳ Атобекова.
М. Саид,
деҳаи Аличур, Мурғоб