Наврӯзи имсоларо бонувони вилояти Хатлон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин чорабинӣ, ки бо мақсади эҳёи ғизоҳои қадимии ниёгон роҳандозӣ гардида буд, беш аз 40 нафар кадбонуҳои беҳтарини шаҳру навоҳии вилоят маҳсули ҳунари хешро ба намоиш гузоштанд.
Азизхоним Самиева, як нафар аз иштирокчиёни озмуни «Кадбонуи сол» фикру мулоҳизаҳои худро чунин иброз дошт:
- Маҳз ба шарофати ҷашнвораи Наврӯз даҳҳо ҳунару анъанаҳои қадимии ниёгонро дубора эҳё менамоем. Ҳоло дар хусуси шакароби чормағзӣ суҳбат намоем. Омода намудани шакароби чормағзӣ заҳмати зиёд наметалабад ва ғизои камхарҷу лаззатбахшест. Он аз шакароби имрӯза, ки маъмулан бонувони мо аз нону фатири гарм тайёр мекунанд, куллан фарқ дорад.
Мутаассифона, бештари оилаҳои охирҳои қарни 20, ки аз манотиқи кӯҳистон ба водии Вахш муҳоҷир шудаанд, омода кардани шакароби чаҳормағзибӯ аз дигар донагиҳои серғизоро фаромӯш кардаанд. Бояд намунаҳои ғизоҳои қадимиро ҷамъ оварда, ба насли ҷавон биомӯзем. Зеро ғизоҳои миллии тоҷикӣ, ки номгӯяшон аз сад адад зиёд аст, мероси фарҳангии мо ба ҳисоб мераванд.
Яке аз ҷолибтарин гӯшаҳои ин намоишгоҳ растаи ҳунармандони ноҳияи Қубодиён буд, ки зиёда аз 40 намуди нону ғизои гуногуни мардумиро пешкаши ҳакамон гардонида буданд. Ба гуфти Тоҷинисо Шарифова, муовини раиси ноҳияи номбурда, дар марҳилаҳои аввали ин озмун, ки дар шаҳраку кӯчаву деҳоти ноҳия доир гардида буд, сокинони маҳаллӣ садҳо номгӯи ғизову хӯришҳои мардумиро ба маъраз гузоштаанд.
– Яке аз ҳадафҳои умдаи ин гуна чорабиниҳо бозёфту муаррифии ҳунару ҳунармандиҳои нодири сокинон аст. Аз ҷумла, бузургтарин табақи чӯбин, ки зарфияти ғунҷонидани 15 киллограмм ғизоро дорад, маҳсули ҳунармандони ноҳияи мост, ки дар намоишгоҳи имрӯза ҳаводорони зиёд пайдо кард.
Ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангӣ имкон фароҳам меорад то дар қатори муаррифии дастранҷҳои миллӣ инчунин ҳунару фарҳанги баланди меҳмоннавозию дастархонороӣ ва дигар маҳорату салиқаи кадбонуҳои Хатлонро ба намоиш гузошт,- иброз медорад Тоҷиниссо Шарифова.
Дар ҳамин ҳол Зебонисо Бозорова, як нафар аз иштирокчиёни ин намоишгоҳ пешниҳоде барои масъулин дорад:
- Замоне фаро расидааст, ки фарҳангшиносон ба муаррифии бештари ҳунарҳои миллӣ ва эҷоди дастуруламалу адабиёти омӯзишӣ таваҷҷуҳ намоянд. Зеро бонувони мо ба ин гуна адабиётҳои омӯзишии вобаста ба ҳунари либосдӯзию пухтупази ғизоҳои миллӣ ва анвои ҳунармандиҳои мардумӣ зиёд эҳтиёҷ доранд. Дар баробари барномаҳои телевизионию баъзе саҳифаҳои ҳунаромӯзӣ, ки тавассути маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ пешкаши мардум мегарданд, талаботи бонувон ба китобу тавсияҳои илмии ҳунарҳои гуногун зиёд аст. Тавре фурӯшандаҳои мағозаву растаҳои китобфурӯшӣ иқрор мешаванд, то кунун дастуруламал ё адабиёти омӯзишие дар мавзӯи ҳунарҳои мардумӣ интишор нашудааст, - мегӯяд ҳамсуҳбатм.
Даври аввалу дуюми озмуни мазкур дар сатҳи деҳоту маҳаллаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон доир гардида буд.
Дар ин рӯз дар баробари намоиши ҳунарҳои пухтупаз тарроҳони вилояти Хатлон намунаҳои беҳтарини сару либоси мавсимиро пешкаши тамошобинону ҳаводорони ҳунари зебо гардониданд.
Дар доираи таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврӯз имрӯзҳо дар тамоми навоҳии вилоят маҳфилу озмунҳои ҳунарию фарҳангӣ идома доранд.
Ҷамолиддин Сайфиддин