Имрӯз ҳам чунин занони солеҳу поксиришт дар ҷомеа кам нестанд, вале сатҳи пошхӯрии оилаҳо боиси ташвиш асту дар пешгирӣ аз ин падидаи номатлуб мушкилиҳои зиёд мавҷуданд. Саодат исми мустаори бонуи хатлонист, ки дар 22 солагӣ аз шавҳар ҷудо шуда, дигар издивоҷ накард.
– Барои мо духтарони солҳои 1990, ки бар асари расму қолабҳои носолим аз таҳсили олӣ гирифтан маҳрум шуда будем, бунёди оилаи солиму тарбияи фарзанд рисолати ҳаётӣ маҳсуб меёфт. Мутаассифона, дар ҳаёти оилавӣ ҳам бахт накардам. Зодмандон дар 17 солагӣ маро ба шахси мехостаашон ба шавҳар доданд. Баъди чаҳор соли оиладорӣ ҳамсарам зани дигар гирифту ман бо ду тифли кӯчак дар нимароҳи зиндагӣ мондем. Аз он рӯзҳо 18 сол сипарӣ гардид. Хешовандону пайвандонам пайваста маслиҳат медоданд, ки дубора оиладор шавам, аммо инро намехостам. Зеро умед доштам, ки рӯзе шавҳари собиқам дубора назди мо бармегардад.
Ӯ бо нишони садоқат ба бахти аввал бо заҳмати сангину талошҳои зиёд тифлони ноболиғашро ба воя расонид. Азбаски таҳсилнодида аст, дар зиндагӣ ранҷу азоб мекашад. Инро худи ӯ низ иқрор аст: «Шояд ба панди бузургсолон гӯш дода, дубора оила барпо мекардам, то духтаронам дар муҳити солим ба воя мерасиданд. Гарчанде аз уҳдаи таъмини рӯзгори худу фарзандонам мебароям, вале аз набудани такягоҳе дар симои шавҳар ҳисси ваҳмовари танҳоӣ маро фаро гирифта аст. Пошхӯрии оила барои зани рустоӣ ин барҳам хӯрдани ҳама орзуву ормонҳоест, ки бидуни он ҳаёт тасаввурнопазир аст».
Ба қавли Саодатбону мавзӯи ҷудошавии оилаҳои ҷавон як мушкили печидаест, ки мардум роҳи ҳаллу фасли онро намедонанд. Дарвоқеъ, пошхӯрии оилаҳо падидаи номатлубу мураккабест, ки дар пешгирӣ аз он мардум ба машварату тавсияи ҷомеашиносону донишмандони риштаи иҷтимоӣ ниёз доранд. Феълан, солҳои охир тавассути воситаҳои ахбори омма ва вохӯриҳо бо сокинон оид ба пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо андешаву пешниҳодҳои ҷолиб ироа мегардад. Ҳатто ба баъзе бандҳои қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид гардид. Аммо сатҳи ҷудошавии оилаҳо то кунун нигароникунанда аст.
Табиби бемориҳои занонаи беморхонаи вилоятии Хатлон Дилбар Нурматова, иброз медорад, ки дар радифи дигар иқдомҳо мебояд тавассути вохуриҳо муносибати модаронро нисбат ба сунҳору фарзандонашон дигар кард. Зеро ҳар амалу пиндори сарварони хонаводаҳо ба устуворию муносибатҳои оиладории ҷавонон таъсиргузор аст. Агар хушдоманҳо бо сунҳору домодҳояшон чун ба фарзанди худ муносибат дошта бошанд, кулли мушкилу нофаҳмиҳои оиладорӣ аз байн мераванд.
- Дар баробари бармаҳал хонадор намудани фарзандон омилҳои иқтисодӣ, норасоии ҷойи кору манзили зист низ боиси баҳсу ҷудошавии оилаҳо мегардад, - иброз медорад мусоҳиби дигари мо Мавҷудаи Соҳибназар. - Баъзе донишҷӯдухтарон дар соли дувуму сеюми таҳсил ба шавҳар мебароянд, ки аз ин на ҳамаи онҳо мутахассиси хуб шуда метавонанд ё бонуи дар зиндагӣ муваффақ.
Ба гуфти ӯ омили дигари ноустувории оилаҳои ҷавон ин тайёр набудани духтарон ба ҳаёти мустақилона аст. Имрӯз кам модаронеанд, ки ба духтарон ҳунарҳои гуногунро биомӯзанд. Дар баъзе кишварҳои Шарқ дар баробари таҳсилоти олӣ ба ҳунаромӯзии духтарон низ таваҷҷуҳи зиёд равона мегардад. Пешниҳод ин аст, ки дар дарси маърифати оилавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҷавонон, хоса, духтарон тарбияву нигоҳубини кӯдак ва ҳунарҳои кадбонугӣ омӯхта шавад.
Дар мавриди масъалаи омодагии ҷавонписарон ба оилаву оиладорӣ мусоҳиби мо чунин мегӯяд:
- Солҳои пеш ҷавонписарон танҳо баъди адои хизмати ҳарбӣ оиладор мешуданд. Зеро волидайн номзадии ҷавонеро, ки таҳсилоти олӣ надораду хизмати ҳарбиро адо накардааст, барои духтарашон намепазируфтанд, ки дуруст буд.
Хулоса, иллати аслии коҳиш ёфтани фарҳанги оиладорӣ, ин аз байн рафтани ҳисси эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммули камбуду иштибоҳи якдигар арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, мавзӯи пешгирӣ аз пошхӯрии хонаводаҳои ҷавон, бунёду пойдории оила ва тарбияи фарзанд аз масъалаҳо мубрамест, ки бидуни бартараф кардани онҳо бунёди ҷомеаи солим имконнопазир аст.
Ҷамолиддин Сайфиддин