Ҳанӯз дар нуздаҳсолагӣ аз тасмими волидайнаш сар напечида, арӯсӣ кард. Аз як деҳа ба рустои дигар, ки даҳҳо фарсах аз хонаи падарӣ дур буд, Тоҳири муаллим талабгораш шуд. Бузургон рад накарданд. Фотиҳаи сафед барои издивоҷи ин ду навҷавон доданд. Нурбибӣ азбаски фарзанди кенҷаи хонадон буд, таваҷҷуҳи модар бештар ба вай ихтисос мегирифт. Ба истилоҳ ноздонаи хонадон ба шумор мерафт. Вале модар бо ҳама меҳрубониҳо дар тарбия ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани духтарбача сахтгир буд. Номи неки шавҳардориро барои зан шараф меҳисобид ва ҳамеша босабр будану нигоҳ доштани муқаддасоти оиладориро ба духтараш таъкид менамуд.
– Зиндагӣ бекамбудию мушкилӣ намешавад. Қасрнишину кӯшкдор ҳам дар роҳи пурпечу фарози ҳаёт бо камбағалу нодор ҳамсафар аст. Ӯ ҳам пастию баландиҳои рӯзғордориро паси сар мекунад. Дар оиладорӣ гоҳ шоҳию гаҳе гадо. Модарони имрӯза дар аксар маврид духтаронашонро ба хостгорҳои наозмудаю наомӯхта ба шавҳар медиҳанд, бо далели он ки мабодо дер нашавад. Солҳои пешин як анъанаи хубе миёни мардуми мо роиҷ буд, ки арӯсшаванда моҳҳо ҳамчун номзад ба масал дар „фотиҳа“ меистод. Омӯхтани таҳаммулпазирӣ дар ин давра оғоз меёфт. Модар тамоми нозукиҳои оиладориро ба духтар мефаҳмонд. Тозагию ободкорӣ, ҳунари пухтупазу кадбонугиро ёд медод ва илова ба ин, сари ҳар дам дар бораи эҳтироми хонаводаи шавҳар насиҳат мекард, -– мегӯяд момои Нурбибӣ Холиқова, сокини деҳаи Тахти шаҳри Ҳисор.
Ӯ лаҳзае сукут варзид. Шояд аз мушкили пошхӯрии бархе аз хонаводаҳо меандешид, ки якбора ба сухан оғоз кард:
– Ҳамин телефонбозии ҷавонони ҳозираро гуфтаниям… Оре, телефон кори ҳамаро осон кард. Лекин як сабаби дигари вайрон шудани оилаҳо ҳамин дастгоҳ аст. Ягон нофаҳмии хонаводагӣ зуд ба воситаи телефон ба хонаи модари духтар мерасад. Сари эҳсосот гапу калоча ва шӯру мағал мехезаду бар асараш ду навҷавон ва дар ин миён чанд кӯдаки дигар бепарастор мемонанд.
Келиндориро ҳам ӯ кори саҳлу осон намепиндорад. „Дилу забон“-и „духтари мардум“-ро ба нармию дилгармӣ метавон ёфт, на бо ҳар рафтори келин эродгирӣ, камбудиҳояшро напӯшондан, ба писар таънаомез ҳар замон аз ношоистагии ҳамсараш таъна задан. Дар ҳоле ки арӯс мебояд ба муҳити нав ба қавле обгардиш шаваду унс гирад. Момои Нурбибӣ ҳамчун модари таҷрибасуда тарбияи духтарро рисолати пурмасъултарин барои модарон медонад. Ӯ худ шаш духтарро ба воя расондааст.Ташвишу нигарониҳояшро аз духтаронаш ҳамеша аз шавҳар пинҳон менамуд. Мактаби деҳа хонандагонро ҳамагӣ то синфи чор ба таҳсил имкони фаро гирифтанро дошт, баъдан барои тамдиди он ба дабиристони деҳаи ҳамсоя мебоист рӯ меоварданд. Аксари волидон ба хотири дурии роҳ монеи таҳсили фарзандон мешуданд, хусусан духтарон. Барои момои Нурбибӣ низ фиристондани шаш духтарро ҳар субҳ ба мактаби ҳамсояқишлоқ осон набуд. Изтиробаш аз бадномии пиндорию эҳтимолӣ ба иқрори худаш аз тарс то ба кафшкани зистгоҳ по ниҳодани духтаронаш ба масал шаш духтари дигар таваллуд мекард. Аммо медонист, ки ин ҳамаро соҳиби таҳсилоти миёна гардидани ҷигарбандонаш талофӣ хоҳад кард. Маҳз ин буд, ки духтараш Мақсуда Шарифова имрӯз аз дастгириҳои модар миннатпазир асту дар интихоби касби омӯзгорӣ модари маслиҳатгарашро роҳбалад медонад. Шавҳарро ҳам розӣ кунонд, то духтаронаш аз илмомӯзӣ бебаҳра намонанд. Худ, ки шавқу рағбат ба хондану илмомӯзӣ дошт, фарзандонро ҳам ба ин роҳ ҳидоят менамуд.
Рӯзномаву маҷаллаҳо ва ашъори Ҳофизу Бедили болои болишти кати хобаш имрӯз ҳам далели онанд, ки воқеан, момои 85 солаи ташнаи илму дониш дӯстдори китоб асту китобхонӣ. Бибии 30 набераю 26 аберадор гирди худ онҳоро сари дастархон ҳалқа мекунад ва аз одобу оини оиладорӣ садҳо панд мегӯяд. Андарзҳо аз таҷрибаи рӯзгору рӯзгордорӣ…
Қутбияи Неъматулло