Пири Сафедорон
Тавре ташаббускорони як намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маркази ин ноҳия иброз доштанд: «Тавассути эҳёи ҳунари гулдӯзию шерозаву чакандӯзӣ, намаду қолинбофӣ ва чанд касабаҳои қадимии ниёкон метавон дар дурдасттарин рустоҳои кӯҳистон ҷойи кору шуғлҳои даромаднок таъсис дод».
- Дар ин ҷода ҳунарвари чирадаст Абринисо Раҳмиддинова намунаи ибрат аст, ки дар баробари ба роҳ мондани дӯхту фурӯши сарулибос ва кӯрпаву ҷиҳози арӯсӣ духтарони маҳаллиро ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифтааст, - мегӯяд Меҳринисо Гадоева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Тоҷикобод.
Ба хотири шиносоӣ бо кору зиндагии ин бонуи ҳунарвар ба рустои Сафедорони ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳия сафар кардем. Аз суҳбат бо ҳамсояҳои холаи Абриннисо маълум гардид, ки ӯро бо номи аслиаш танҳо солмандони деҳа мешиносанд.
- «Пири кор»-аш мегӯянду манзили зисташ «Хонаи ҳунармандон» ном дорад, - бо нӯги ангушт ба тарафи офтоббарои деҳа ишоракунон иброз дошт як марди аробакаш.
Дар суҳбати барнодилон
«Ҳунар чашмаи зоянда асту давлати поянда», - бо масали машҳур суҳбатро оғоз намуд Абринисо Раҳмиддинова. – Ҳамаи ин ҳунарҳоро дар айёми наврасӣ аз модару момоям омӯхта будам. Аз шаҷараи авлодии мо бибиву аммаву холаҳоям ҳунармандони чирадасти замони худ буданд. Васияти онҳо буд, то ҳунарҳои аҷдодиро ба наслҳои минбаъда омӯзем ва ҳунари зебову дилписанди ниёконро аз насл ба насл меърос гузорем.
Ӯ ба барвақтӣ ҳунарҳои худро ба духтару сунҳорҳояш омӯхту ҳоло ҳар нафари онҳо аз баракати касабаи аҷдодӣ рӯзгори хешро пеш мебаранд.
– Новобаста ба буҳрони иқтисодию дигар мушкилоти зиндагӣ бозори либосу абзори занона ҳамеша гарм аст, - шӯхиомез иброз дошт холаи Абринисо. – Барои зани тоҷик баъди шиками фарзандон дуюмин арзиш дар зиндагӣ ин сару либосу косаву палос аст.
Хони ҳунарвар
Ҳавлию манзили онҳо ба истилоҳ «Маркази бонувон» асту ҳамеша серодам. Яке ба суроғи пероҳану ҷиҳози арӯсии фармудааш меояду дигаре ба нияти омӯзиши ин ҳунарҳо. Он шабу рӯз дар назди ҳунармандони ин хонавода ду гурӯҳ духтарон ҳунар меомӯхтанд.
-То нисфирӯзӣ ба 7-8 нафар духтари 12-13 сола тарзи дӯхту поракунии матоъро меомӯзанд. Духтарони саҳархон бошанд аз нисфирӯзӣ то бегоҳ дар хонаи мо ҳам ҳунар фаро мегиранду ҳам фармоишҳои музднокро иҷро карда, даромад ҳосил мекунанд, - мегӯяд Абринисо.
Дар пешбурди ин корҳо ба ӯ духтару сунҳораш кӯмак мерасонанд. Ҳунармандон аз ҳаҷми даромади моҳонаи худ қаноатманданд, вале ба гуфти сарвари гурӯҳ барои рушду васеъ намудани доираи пешаашон ба қарзҳои дарозмуддати камфоиз эҳтиёҷ доранд.
-Агар маблағи кифоя медоштам, чанд адад мошинҳои дарздӯзӣ харида, духту гулдӯзии чодару давриҳои калонҳаҷмро ба роҳ мегузоштам. Ба шарофати иштирок дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ аз қабили намоиши ҳунарҳои мардумӣ, чанд номгӯи маҳсули ҳунарҳои худро ба фурӯш бароварда, муштариёни нав пайдо кардем.
Андарзҳои зиндагӣ
Ӯ мутмаин аст, ки бо ҷалби духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ бештари мушкилоти оилаҳо осон мегардад. Зеро иллати аслии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва мушкилиҳои иҷтимоии бонувони русто аз бесаводию ноомода ба шавҳар баромадани духтарон маншаъ мегирад.
Масъалаи дигаре, ки ин ҳунарпарвари рустоиро ба ташвиш меорад, ин харроҷоти беҳуда дар тӯю маъракаҳои мардумӣ ва тақлидкорӣ ба хонасозию дигар кирдорҳои нолозими ҳамдигар аз ҷониби сокинон мебошад.
- Тақлиду таассуб амали нохушояндест, ки мардумро ба касодию гирдоби камбизоатӣ мекашад. Солҳои пеш, ки тақлидкорию дигар расму кирдорҳои нолозим вуҷуд надошт, мардум дар буну буҷаи хонаводаашон пасандоз барои рӯзи мабодо меандӯхтанд. Ҳоло чӣ? Баъзе оилаҳо пой дар гили қарз дармонда, роҳи наҷотро дар муҳоҷирати меҳнатӣ меҷӯянд, - ҳароратангез мегӯяд Абринисо ва байтеро ба тасдиқи андеша меорад.
Агар тақлид будӣ шеваи хуб.
Паямбар ҳам пайи аҷдод рафтӣ.
Робитаи ҳамешагӣ бо сокинони маҳаллаҳои атроф муносибати ӯро ба зиндагӣ тағйир дод. - Гарчанде мардони авлоди мо хонондани духтаронро қабул надоранд, вале мекӯшам духтарони хурдиам ба муассисаҳои касбомӯзӣ дохил шаванд. Зеро фарзандони бузургамро, ки нохонда оиладор намудаам, дар зиндагӣ мушкилиҳои зиёд доранд, - иқрор меояд ӯ.
Аз суҳбат бо ин бонуи ҳунарпарвару барнодил дар бораи шеваи зисти сокинони рустои Сафеддорони ноҳияи Тоҷикобод маълумоти зиёд пайдо кардем. Мардуми деҳа ҷудошавӣ аз ҳамсарро таҳқир шуморида, то ҷойи тавон мекӯшанд, ки омилҳои иҷтимоӣ сабаби баҳсу мунозираҳои хонаводагӣ нагардад.
– Мушкили асосии мардум зичии оилаҳост, ки дар як ҳавлӣ 3-4 оила ба сар мебаранд. Аммо ин ва дигар мушкилиҳои сокинон танҳо замоне осон мегардад, ки ба духтарон касбу ҳунар омӯзем. Зеро ояндаи ҷомеа ва баракату хушбахтии ҳар оила аз модарони донишманду ҳунарвару сарфакор вобастагӣ дорад, - таъкид намуд дар поёни суҳбат Абринисои ҳунарманд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН