Роғун
- Айни замон дар қаламрави шаҳри Роғун бунёди 18 иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла, 8 иншоот бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва 10 лоиҳа бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ идома дорад, - иброз дошт Билол Иброҳимов ва аз ҷумла қайд кард: «Аз ҳисоби буҷети ноҳия бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дарвозаи даромадгоҳи шаҳр, боғи марказии фарҳангӣ, ду майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ ва 1 километр роҳи мошингарди марказии ҳудуди шаҳрро сохта истодаем. Дар нақшаи генералии шаҳри Роғун баъзе тағйиротҳо дароварда, ният дорем, ки ба ҷойи хонаҳои дуқабата биноҳои баландошёна бисозем. Дар шаҳри Роғун, ки шумораи аҳолии он ба 42 ҳазору 794 нафар мерасад, халқу миллатҳои гуногун, аз ҷумла, 102 оилаҳои рустабор кор зиндагӣ доранд.
Лаҳзаҳои хотирмони ин сафар, шиносоӣ аз вазъи корҳои сохтмонӣ дар нуругоҳи Роғун ва суҳбату вохӯриҳо бо коргарону мутахассисони ин иншооти муҳим буд. Аз муҳити кору хотири болида ва руҳияи баланди меҳнатии коргарон мушоҳида мешуд, ки онҳо бо дарки масъулияти бузурги ба уҳдаашон гузошташуда фидокорона заҳмат мекашанд, то дар амалӣ гардидани орзуву ормони мардуми Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Нуробод
Баъди шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ мо сӯйи ноҳияи Нуробод роҳ гирифтем. Вохӯрӣ бо масъулону фаъолони қишрҳои гуногуни ноҳия дар даромадгоҳи шаҳраки «Дарбанд» сурат гирифт. Зимни муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, дарҷ гардид, ки дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2013-2017», дар маҳаллаҳои гуногуни ноҳия 189 лоиҳа бо маблағи умумии 204 миллиону 47 ҳазору 930 сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Мавриди тазаккур аст, ки бунёди маркази нави маъмурии ноҳия - шаҳраки Дарбанд низ солҳои соҳибистиқлолии кишвар рӯи кор омад. Воқеан ҳам, аз лиҳози сатҳи ҷуғрофию талаботҳои меъморӣ Дарбанд яке беҳтарин шаҳракҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бунёди варзишгоҳу марказҳои фарҳангӣ, мактабу муассисаҳои томактабӣ ва хонаҳои баландошёна ба симои Дарбанд ҳусн зам мекунанд.
Бонувони нурободӣ бо нонҳои бузургу шириниҳои лазизашон маълуму машҳуранд. Ҳунармандон дар шафати роҳҳои марказии ноҳия танӯрҳои заминӣ сохта, дар ҷашну маросимҳои идона ҳунарҳои кадбонугӣ, аз ҷумла, бузургтарин нони тоҷикиро пухта ба намоиш мегузоранд.
Аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Нуробод иброз медоранд, ки ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо дастоварду муваффақиятҳои арзанда истиқбол хоҳанд гирифт. Сокинон ба истиқболи ҷашни дарпешистода, ба ҳашарӣ умумӣ баромада, кӯчаву мавзеҳои фарҳангӣ, муассисаҳои томактабию манзилҳои истиқоматии худро таъмиру ороиш медиҳанд.
Рашт
Бегоҳии 15 –уми август Корвони рӯзноманигорон ба ноҳияи Рашт расид. Чанд рӯзи дигар мо дар маҳфилу чорабиниҳои идонаи заҳматкашони минтақаҳои гуногуни ин ноҳия иштирок намудем.
Тоҷикобод
Дар доираи ин сафар муйяссар гардид, ки давоми се рӯз аз дастовардҳои сокинони деҳоти гуногуни ноҳияи Тоҷикобод ошноӣ пайдо кунем. Ин диёри зебои куҳистон ҳамному ҳамсоли Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, баъди 70 соли тағйирёбиҳои марзӣ, соли 1992 ҳамчун ноҳияи алоҳида таъсис ёфт. Мавриди зикр аст, ки солҳои охир соҳибкорони маҳаллии ин ноҳия низ дар корҳои ободонию бунёди иншоотҳои гуногуни хизматрасонӣ саҳми худро мегузоранд. Дар қиёс ба чанд соли охир симои имрӯзаи маркази ноҳия ба куллӣ тағйир ёфтааст.
Бо ташабуси соҳибкорони маҳаллӣ имрӯзҳо то дар дурдасттарин маҳаллаҳои ноҳияи Тоҷикобод иншоотҳои гуногуни хизматрасонӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, толорҳои варзишию марказҳои фарҳангӣ - фароғатӣ бунёд гардида истодааст. Тавре, ки Сироҷиддин Нуров, сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и деҳаи Себзори ноҳия иброз дошт: «Бунёди мактабҳои замонавӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистонии кишварро сокинони он даҳсолаҳо орзу мекарданд. Ин бахту иқболи баланд маҳз дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон насибамон гардид».
Албатта, шарҳи таассурот аз як ҳафтаи дидору вохӯриҳо бо сокинони заҳматпешаи ноҳияҳои минтақаи Рашт дар як матлаб имконнопазир аст. Дар мавриди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии минтақаи мазкур метавон гуфт, ки файзу баракати Истиқлол дар ҳар гӯшаи он баръало ба чашм мерасад. Дар баробари хубтар гаштани сатҳи зиндагии сокинон, раванди умедбахшу ояндасоз, ин мусоидат ба илму касбомӯзии духтарону бонувон аст. Хушбахтона, мардуми закии ин минтақа ба хубӣ дарк намудаанд, ки ҳалли мушкилиҳо дар оила ва ҷомеа аз сатҳи саводнокии духтарон-модарони оянда вобастагӣ дорад.
Ҷамолиддин Сайфиддин