Ба андешаи коршиносон муборизаҳо дар ин росто хеле барвақт сар шудаанд. Ҳанӯз дар интиҳои асри ХVIII Томас Малтуси инглистабор бонг дар дод, ки аҳолии сайёра рӯ ба афзоиш овардаасту рафъи ин тамоюл тадбиру чораҳои мушаххаси таълимиро тақозо мекунад. Муътақидону ҳаводоронаш дар амри ҷилавгирӣ аз ҷараёни афзоиши аҳолӣ як қатор усулҳо андешиданд. Ва дар ин масъала таваҷҷуҳи асосӣ ба мақоми зан дода шуд. Кӯшиданд то занҳо камтар таваллуд намоянд ва мазмунан рисолати азалии зан, тағйиру таъйиноти зистшиносии онро шикасте диҳанд. Барои ин, аз усулҳои гуногуни таблиғу ташвиқ истифода бурда, масоили мухталифи гендерӣ ба мадди нахуст бароварда шуд. Ва дар ҳамин ҳошия шеваю шигирдҳои танзимӣ ва „ҳуқуқи зан ба исқоти ҳамл“ бештар доман густурд. Имрӯзҳо бошад, таблиғи ҳаракатҳои ба истилоҳ „чайлдфри“ („чайлд“ дар забони англисӣ - „кӯдак“, „фри“ - „озод“), ки ҳадафаш мустақилона аз тавлиди тифл даст кашидан аст, дар авҷи ғоят асту гарояндагонаш меафзояд. Ҳамзамон тарафдорони ғояи Томас Малтус усули дигари тағйири рисолати азалии занро дар пешниҳоди парҳез аз хӯрокҳои гуногун, тамрини гимнасти бозиҳои машҳур ба монанди аэробика, фитнес ва ҳатто бодибилдинг дидаанд. Билохира, бо машқу тамринҳои зиёд на танҳо ҷаҳонбинӣ ва ҳатто шаклу ҷисми „ҷинси латиф“ дигар мешаваду „мушти пар“ - ҳо ба мушти пурқуввате табдил меёбанд. Бе сабаб нест, ки усули аз ҳама фоидабахшу паҳншуда маҳз парҳезгориҳои мухталиф „ба хотири зебоию зебоандомӣ“ шинохта шудаанд. Ҳар нафар метавонад инро бисанҷад ва ба дилхоҳ сомонаи тиббӣ ворид шуда, маводу маълумоти кофиро дастрас намояд. Коршиносон собит кардаанд, ки ҳиссаи муайяни бонувон бо риояи парҳез аз хӯрокҳои мухталиф, ба вижа таомҳои серғизо бо гузашти сол бенасл мешаванд! Ҳатто машқу гимнастбозии барзиёд зиён дошта, ҷисми занон, ки табиатан нарму гарм аст, дурушту серрагу пай гардида, барои обистан ва тавлид монеа мешавад. Ба иқрори табибон бадани ин гуна бонувони борикмиёну паҳнкитфи машқдида сермушак шуда, садди насловарӣ мешавад.
Дар камнасл шудани бонувони замони муосир нақши ҳаракатҳои феминисткаҳо ва созмонҳои ба ном „Муборизони озодии занон“ дар даврони „ҷангҳои орому бардавом“ низ андак нест! Мутаассифона, аксари фаъолони ин ҳаракатҳо аз доираи меъёрҳои табиии маҳрамонаи одамӣ берун буда, дар замони муосир бо истифода аз ҷомеаи демократӣ арзишу тобишҳои наверо дар меъёрҳои ахлоқӣ ворид кардаанд. Муаллифи асари „Ҷинси дувум“ (с.1949) Симона де Бовуар (1908–1986) навишта буд, ки зан будан бадбахтист ва духтарони навзодро аз модаронашон ҷудо кардану ба воя расонидан лозим аст, то онҳо дар доираи сифатҳои анъанавии занона дар оила ё дар назди модар тарбия наёбанд. Ва агар духтарон аз аввал дар рӯҳияи мардона чун писарон тарбия ёбанд, масъала ранги дигар гирифта, коҳиш хоҳад хӯрд.
Гузашта аз ин, тайи садсолаи охир дар Ғарб, ҳатто дар иддае аз мамолики Шарқ занҳо на танҳо либосҳои мардона (онҳо аллакай гӯё либосҳои занона шудаанд!) ба бар мекунанд, балки корҳои мардонаро низ иҷро менамоянд. Маъмулан ҳоло дар кишварҳои ба ҷиҳати саноату фановарӣ рушдёфтаи олам зану шавҳар соҳиби як фарзанд ё тамоман бефарзанд буда, бештар „пиршавии миллатҳои аврупоӣ“ ба назар мерасад. Танҳо ягона роҳи афзоиши аҳолии кишварҳои Ғарб муҳоҷират аз Осиё ва Африқо гаштааст.
Дигар барои аксарият дар мо низ гашту гузори бонувон бо либосҳои „мардона“ чун шими ҷинс ё дигар пӯшокҳои номувофиқи ғарбӣ, ғолибан нимурён аҷиб нест. Ҳамчунин ҳар гуна холкӯбӣ дар дасту китф, пушту миён ва пою гардан бо гардишҳои дағалона хоси бонувони ба қавле „мудерн“ шудааст. Аммо кам касон ба хотир меоранд ё ёдрас мешаванд, ки либосҳои сирф мардона махсусияти худро доранд. Масалан, ба андешаи табибон шими ҷинси тангу кӯтоҳ сабаби коҳиш ёфтани гардиши хун дар миён ва атрофи он гардида эҳтимолияти осебпазирӣ аз сардиҳо ва безурётиро дар бунёди занон боло мебарад.
Нависанда ва муҳаққиқи рус, бону Галина Пирх дар дебочаи асараш „Муди безурётӣ“ овардааст, ки занон моҳияту назокати табиии худро тадриҷан аз даст медиҳанд, ки оянда духтарони хурдсол ин гуна сифату сиратро гум мекунанд, дертар бошад, набераҳо (аз ҳисоби духтарон) шояд умуман зан будан нахоҳанд. Мавҷудияти ҷинси зан дар хатар аст!
Аз нимаи дуюми асри ХХ сар карда, занҳо аз тавлиди зиёд дурӣ меҷӯянд. Онҳо вақти худро сарфи гирифтани таҳсилоти олӣ, мубориза барои баробарӣ бо мардон, дарёфти мақому мартабаю мансаб ва ғайра мекунанд. Дар олам сафи бонувоне, ки тамоку мечоканд, ҳар гуна машрубот менӯшанд, сангҳои вазнин мебардоранд, ба футболу волейбол, ҷангҳои тан ба тан машғуланд, меафзояд. Ин аз шикасти занҳо дарак медиҳад. Зеро занҳо маъмулан андоза нигоҳ намедоранду дар парҳезкорию мудгароӣ аз ифрот кор мегиранд.
Шояд иддае зидди ин гуфтаҳо бошад, аммо тибқи омор дар Русия 15–20 % аз шумораи умумии занон, ки бо мардҳо муддати беш аз 2 сол зиндагӣ доранд, фарзандор нестанд. Мутахассиси рус Г.Б. Дерягин андеша дорад, ки агар волидайн аз хурдӣ ба фарзандон либосҳои тарафи муқобилро пӯшонанд, ҳатман ба безурётӣ таъсир мерасонад.
Пайдост, ки миёнаҳои қарни мозӣ то бад-ин рӯз дар мавриди баробарии физиологӣ, яъне ки баробарии зану мард сару садоҳо, ки онро метавон як навъ ситеғи бенаслӣ ҳам номид, дар авҷ мебошад. Ҳатто дар трансгуманизми фалсафӣ вожаи махсуси „трансинсон“, яъне „инсони марҳилаи гузариш“-и безурёт раво шудан дорад. Тибқи ин мафҳум аллакай инсонҳое мисли Томас (Том) Нойвирт, ки бештар бо исми занонаи Кончиа Вурст маҳбубият пайдо карда, ҳатто ғолиби озмуни суруди „Евровидение - 2014“ дар Копенгаген гашта буд, ифодакунандаи ҷинси сеюм бувад, ки ба қавли пайравонаш намунаи олии ояндаи инсоният мебошад. Аммо ба иқрори коршиносон, ӯ на мард асту на зан, балки хунсо ба шумор рафта, маҳруми тавлид асту алоқаи маҳрамона бо ҷинси зан.
Ва чунин инсонҳо танҳо шояд бо роҳи сунъӣ зиёд карда шаванду безурётии онҳо фалокат барои насли одамист. Албатта, марду ҷавонмардони зиёде ба ин гуна амалу рафтор розӣ намешаванд. Лекин беҳтарин сари сарчашмаро гирифтан бояд ба бел.
Новобаста ба қабул кардан ё рад намудани ин андешаҳо ҳоло занҳо дар набардҳои муосир бохта истодаанду насли одамиро хатарҳои нав интизоранд. Ҷалолиддини Балхӣ хеле хуб гуфта: „Ҳамраҳи мардони ишқ моданари гӯ мабош!“ Зеро дар ин айём мафҳуми худшиносии занона кам гашта, дар рафти таблиғоти беандозаи бенаслӣ ва „баробарии ҷинсҳо“ сохтори пешинаи ҷисмию равонӣ рӯ ба харобию заифӣ ниҳода. Аммо ҳоло ҳам вақт ҳаст, ки „ҷинси латиф“ ҳифз карда шавад, то дар оянда оилаҳои солим побарҷой монанд. Барои раҳоӣ аз бадхоҳи насл ӯро хуб шинохтан шарти ҳатмист, бештар шинохтану бар зиддаш беамон мубориза бурдан даркор аст.
Пас, бадхоҳи насл кист? Онест, ки рисолати занро ҳамчун идомадиҳандаи насли башар барҳам заданист. Агар касе баён кунад, ки таваллуд кардан барои занон даркор нест, пас, ӯ на танҳо бадхоҳи бонувон, балки душмани одамият аст!
Сабзаалӣ Асозода