Суҳбати мо бо Тиллахон атрофи фаъолияташ дар самти беҳдошти ҳаёти занони кӯҳистон ва ҷилавгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуб дар ин минтақа сурат гирифт.
-Ба фикри Шумо Квотаи президентӣ дар тарбия ва омодасозии кадрҳои ҷавон дар ноҳияи Лахш чӣ нақш бозида истодааст?
-Хушбахтона, ин масъала пештар ва имрӯз ҳам дар ноҳия ҳалли мусбати худро ёфт. То кунун наздики 400 нафар лаёқатманд аз оилаҳои ниёзманд тибқи квота ба мактабҳои олӣ дохил шуд ва айни вақт 70 тан аз онҳо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он, минҷумла дар Қирғизистони ҳамсоя таҳсилро идома дорад. Аз теъдоди хатмкардаҳои макотиби олӣ тариқи квотаҳои президентӣ 230 нафар дар соҳоти хоҷагии халқи ноҳия машғули кор буда, 50 нафари дигар берун аз зодбуми худ фаъолият мекунад. Чанд рақам дилхушкунанда аст, ки имрӯз аз ҳисоби ҳамин гуна фаъолони хониши квота се нафар дар магистратура, ду нафар дар аспирантура ва як нафар дар ординатура тамдиди таҳсил менамоянд. Боиси сарафрозист, ки яке аз духтарони фаъоли мо Гулбаҳор Мирзоева ду сол пеш рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Раиси ноҳия ба донишҷӯёни тибқи квота таҳсилдошта, аҳамияти ҷиддӣ дода, ҳамасола бо онҳо суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳад ва дар ҳалли мушкилоташон ёрӣ мерасонад.
- Раванди соҳибкорӣ миёни бонувони Лахш дар кадом поя аст?
- Соҳибкорӣ миёни занон хуб ба чашм мерасад. Аксари духтарон ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дуконҳои фурӯш ва мағозаҳои молҳои ниёзи аввалия доранд. Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия сари ҳар чанд вақт бо онҳо вохӯрӣ доир намуда, дар ҳалли мушкилот мадад мерасонад. Лахш ноҳияи дурдаст ҳам бошад, соҳибкорзанон дар масъалаи дарёфти маблағҳои қарзӣ аз бонкҳо мушкили ҷиддӣ надоранд. Ин буд, ки дар форуми байналмилалии соҳибкорзанон аз ноҳияи мо вакилон иштироки фаъол дошта, чор нафар духтари маҳаллӣ барои бозомӯзии пешаи мазкур ба вилояти Суғд сафарбар шуд. Дар озмуни занони соҳибкор имсол як тан аз бонувони ноҳия ба андозаи 30 ҳазор сомонӣ соҳиби гранти президентӣ шуд, ки рушди парандапарвариро ба роҳ мондааст. Ҷиҳати баланд бардоштани донишу таҷрибаи роҳбарӣ соле пеш ду нафар сарварзан ба Япония ва Чин сафари корӣ анҷом дод. Ҳамаи ин гувоҳ бар он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ташаббусҳои созандаи бонувони Лахш мароқи хоса зоҳир менамоянд.
-То ҷое медонем, сатҳи ҷинояткорӣ миёни занони ноҳия кам ба чашм мерасад. Нақши бонувонро дар ин иртибот чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо занону духтарон мунтазам вохӯриҳо гузаронида, атрофи мавзӯъҳои мубрами рӯз баҳсу мунозираҳо доир менамояд. Занон бо ёриву машварати ҳамдигар мушкилоти ҳамсоя ё духтарони дар нимароҳ мондаро осон месозанд. Солҳои охир ҷудошавии оилаҳо низ дар ноҳия кам ба чашм мерасад, зеро бо хонаводаҳое, ки дар ҳолати низоъ қарор доранд, қаблан вохӯрда оқибатҳои нохуши ин мушкилотро мефаҳмонем. Ҷавонон эҳсос кардаанд, ки бо маслиҳату машварати масъулон ва таҷрибаи пирони кор мушкилиҳои хонаводагии худро бартараф месозанд.
-Дар ноҳия сатҳи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар кадом вазъ аст?
-Татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ноҳияи Лахш, хоса дар бахше, ки мо сарварии онро ба дӯш дорем, хуб ба роҳ монда шудааст. Оид ба амали ин қонунҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ваҳдат, Ҷиргатол, Сурхоб, Қашот, Муксу, Алға, Янгишаҳр, Сартало ва миёни донишҷӯёну волидайн , омӯзгорони омӯзишгоҳи ноҳия суҳбату вохӯриҳои судманд доштем. Дар ин мулоқоту табодули афкор мавзӯи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон матраҳ мешуд. Дар ноҳия ба илму ҳунаромӯзии духтарони маҳаллӣ диққати зарурӣ дода мешавад. Дар ин самт фаъолияти самарабахш коллеҷи омӯзгорӣ, литсейи касбӣ-техникии № 78 ва омӯзишгоҳи тиббӣ нақши муассир доранд, ки ҳамасола даҳҳо духтарони деҳоти дурдастро бо касбу ҳунарҳои гуногун фаро мегиранд. Маҳз муассисаҳои таълимии олию миёнаи махсуси кишвар дар ин самт саҳми бориз доранд.
-Барои суҳбати пурмуҳтаво аз Шумо сипосгузорем.
- Ба Шумо низ аз таваҷҷуҳатон ба ҳаёту фаъолияти занони ноҳияи Лахш ташаккур мегӯем.
Суҳбаторо Рустами НАЗИР