Инъикоси хостаҳои бонувон аз мавзӯъҳои густурдаи расонаҳои иҷтимоии дунё маҳсуб ёфта, амсоли «Ниёзҳои зан» чанд адад маҷаллаву сомонаҳои интернетӣ низ имрӯзҳо рӯи коранд. Мусаллам аст, ки вобаста ба вазъи иҷтимоӣ, шароити зисту тарбия ва муҳити маънавию ташаккули зеҳнӣ хоҳишу талаботи иҷтимоии бонувон гуногун аст. Бонувоне, ки оилаи хушбахту фарзандони солим доранд, муҳаббати оилавӣ ва таваҷҷуҳи пайвандонашонро нисбат ба худ дар мадди аввал гузошта, баъдан иштиёқ ба дороӣ, сару либос ва дигар ороишоти занона зоҳир мекунанд.
Аз пурсишҳои сарироҳии мо бармеояд, ки барои ағлаби бонувони сокини Душанбе муҳаббати оилавӣ дар мадди аввал истода, баъдан ба таваҷҷуҳи атрофиён ба ҳисси арзишҳои худӣ, фарзандони солиму инчунин сарватҳои моддӣ таваҷҷуҳ доранд. Хостаи панҷуми бонувони мо сару либосу дигар ороишот аст.
Эҳтиёҷи №1 занони аз шавҳар ҷудошуда манзили зист, бунёди оилаи солим, дарёфти кори иловагӣ ё, имконияти саёҳат ба хориҷи кишвар аст. Теъдоде аз ин гуна бонувон бо тифлони падарятим дар манзилҳои иҷора ё дар ошёни зодмандон ба сар мебаранд. Пӯшида нест, ки талаботи табиию дигар мушкилоти муҷаррадӣ аз ниёзҳои аввалияи бонувон аст, аммо аз шарму исмати ба худ хос бонувон аз ифшои ин мушкилиҳо худдорӣ мекунанд.
Сайёра Икромова, сокини ноҳияи Ҳисор, дар мавриди ниёзҳои бонувони хонашин чунин ибрози ақида намуд:
- Дар фарҳанги оиладории тоҷикон барои зан ҳамчун нигаҳдорандаи оташи хонадон манзили обод, ҳамсари меҳрубону фарзандони солиму хушахлоқ аз ҳама муҳим аст. Бонувони хонашин, ки бар замини тамизи хонаву шустушӯю пухтупаз тарбияи фарзандонро низ бар зимма доранд, худ низ ба таваҷҷуҳу меҳру муҳаббати самимонаи ҳамсарон ниёз доранд.
Гул Ниёзбекова, сокини шаҳри Душанбе, ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯяд:
– Худхоҳии занони хонашин аз ниёзҳои иҷтимоии онҳо дар оила маншаъ мегирад. Яъне, мо, занони ба қавле хонашину масъули ҳама корҳои оила, бинобар беиттилоотӣ ва надоштани робитаҳои гуногун бо ҷомеа эҳсоси танҳоӣ мекашем. Аз ин рӯ, ҳамсару фарзандони коргарро мебояд, ки барои ҷалби бонувони хонашин ба театр, китобхонаву дигар воситаҳои истироҳатию фарҳангӣ мусоидат намоянд.
Аммо дар ҳолатҳои изтирорӣ занони тоҷик қодиранд, ки аз баҳри хоҳишу ниёзҳои дар дил парвардаи худ гузашта, ҳама ҳастии худро ба хотири солимии ҳамсару фарзандон бибахшанд. Хулоса, барои зани хонашин, ки худро пурра ба ободию нигоҳубини хонаву дар бахшидааст, аз таъминоти хонавода бо ғизову дигар лавозими рӯзгор дида масъалаи мубраму муҳим вуҷуд надорад.
Пурсишҳо нишон дод, ки дар қиёс бо занони оиладор духтарону бонувони бешавҳар талаботу ниёзҳои дигаргуна доранд. Ниёзи аввалияи онҳо дарёфти ҷуфти муносиб буда, боқӣ хостаҳояшон аз ҳамин маншаъ мегирад. Яъне ин бонувон бештар ба ороиши чеҳраву дарёфти сару либоси зебою шинам таваҷҷуҳи зоҳир мекунанд.
Аммо новобаста ба ҳолати иҷтимоӣ занҳое дар зиндагӣ хушбахту саодатманданд, ки аз ҳаққу мақоми худ дар оилаву ҷомеа бархӯрдоранд. Аз ин лиҳоз, мустақилияту озодихоҳӣ ва тасмимгириҳои худӣ дар масъалаҳои оилавию ҷамъиятӣ аз ниёзҳои дигари бонувони тоҷик ба шумор меравад.
Ба гуфти Махфират Навкарова, корманди сарраёсати маорифи вилояти Хатлон, новобаста аз пешрафту муваффақият дар кору ҳаёти оилавӣ, мо, бонувон рӯз аз рӯзу сол ба сол талаботу ниёзҳои бешумор пайдо мекунем. - Яъне инсон новобаста ба хушбахтию пешравиҳои ҳаётӣ хостаҳояшу талаботаш меафзояд. Аз ҷумла, ҳисси хушбинӣ ба фаъолияти худӣ ба ояндаи дурахшон, ки ба пешрафту мартабаҷӯии занон мусоидат мекунад, аз мавзӯъҳои меҳвариест, ки ҳамеша дар вуҷуди эшон ҷӯш мезанад.
Хулоса, зиндагии ҷинси латиф, ки аз табиати нозуку қалби саршори эҳсосоти наҷиб бармеояд, аз ҷаҳду талош барои расидан ба орзуву ниёзҳоест, ки на танҳо зан балки кулли инсониятро ба саодат мерасонад. Мардон, ки далели амалишавии орзуву омоли занонанд, баҳри баровардани ин ниёзҳо кӯшиш бояд ба харҷ диҳанд. Чунки хушбахтии зан омили суботи хонавода ва саодати рӯзгор аст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН