Аз 19 миллион сомонии талаботи молии ноҳияи Роштқалъа 87 дарсади онро маблағгузории буҷети давлатӣ ташкил медиҳад. Зеро ягона истеҳсолот дар ноҳия маҳсули коргоҳҳои дӯзандагию ҳунарҳои дастӣ аст. Дар марзҳои ин мавзеи кӯҳистони зебоманзар ба ғайр аз конҳои сангҳои қимматбаҳо манбаъҳои зиёди иқтисодӣ вуҷуд доранд, ки дар сурати ба роҳ мондани коркарду истеҳсоли он метавон ҳазорҳо ҷойи корӣ муҳайё кард. Бино ба қавли Марзия Фитурова, сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Роштқалъа, солҳои охир ҷавонони бешуморе риштаҳои иқтисоду молия, меъморию муҳандисиро хатм карда, ба ноҳия омадаанд. Аммо дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ гайритахассус кор мекунанд. Яъне, дар ноҳия заминаҳои кадрию захираҳои табиӣ вуҷуд доранду аммо барои бунёду ба кор даровардани коргоҳҳои истеҳсолӣ ба сармоягузорӣ ниёзманданд.
– Хуб мешуд барои рушди соҳибкории хурду миёна ва ба роҳ мондани коркарду истеҳсоли маҳсулоти хоми маҳаллӣ дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон грантҳои президентӣ ва бурсҳои молӣ бештар ҷудо мегардид.
Ба гуфти Марзиябону ноҳияи Роштқалъа мавзеъҳои саёҳатбобу афсонавие дорад, ки бо таъмини шароитҳои лозима ва таблиғи дурусти он метавон таваҷҷуҳи сайёҳони дохилу хориҷро ҷалб сохт. Шахсан худи ман бо умеди фаъолият ба ҳайси тарҷумон дар соҳаи сайёҳӣ таҳсилоти олӣ дорам, аммо бо сабаби чандон рушд накардани соҳа ҳоло дар бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия фаъолият дорам.
Манижа Қосимова бошад хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллист. Аз хурдӣ рағбаташ ба фунуни дақиқ бештар, ки буд, орзуи иқтисодчӣ шуданро дар дил мепарварид, вале баъди соҳиби таҳсилоти зарурӣ шудан кори мувофиқ пайдо накард.
– Кор дар бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти давлатӣ бароям мушкил нест, аммо ҳама фикру зикрам ба соҳаи иқтисод банд аст. Аз ин рӯ, бо фароҳам омадани шароиту имконот албатта барои фаъолияти касбӣ ба соҳаи иқтисод бармегардам, - иқрор омад Манижабону. - Як сабаби пешрафт накардани соҳаҳои мухталиф дар музофоти дурдаст ин афкору ақидаҳои қолабист. Мутаассифона, сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ бештар тиҷорати худро дар шаҳру марказҳои маъмурӣ ба роҳ мондан мехоҳанд ва ба рушди соҳибкорӣ дар маҳалҳои дурдаст камтар таваҷҷуҳ доранд.
Ба андешаи мусоҳибони мо вақте аз ҷониби марказҳои таҳлилию тадқиқотӣ барномаҳои марбут ба рушди деҳоту манотиқи кӯҳистон таҳия мегардад, раванди амалӣ гардидани он бояд таҳти назорати қатъӣ бошад. Зеро, таваҷҷуҳ ба коркарди захираву манобеи табии музофот аҳамияти зиёди гуногунҷабҳа дошта, омили муҳиме баҳри таъсиси ҷойҳои корист. Ба гуфти Зулфия Шаҳбозова, сокини ноҳияи Роштқалъа дар ҳар хонаводаи бадахшонӣ бонувони чирадастеро метавон пайдо кард, ки аз ин ё он ҳунари мардумӣ хуб бархурдоранд, аммо онҳо маҳсули заҳматашонро ба фурӯш бароварда наметавонанд. Ин аст, ки солҳои охир духтарон бештар касбҳои духтуриву омӯзгорӣ ё кор дар соҳоти иҷтимоиро интихоб мекунанд. Барои он ки дар ноҳия кормандони соҳаи буҷавӣ музди муайян мегиранд, - гуён, аз шароити кору фаъолияти худ дар китобхонаи марказии ноҳия мисол меорад Зулфия.
Бонувони Роштқалъа мегӯянд, ки ба ҷавонон бояд касбу ҳунарҳоеро омӯхт, ки дар маҳалли зисташон ба он талабот бошад. Феълан, дар маркази ноҳия мактаби санъати ба номи Қимматшоҳ Шоҳискандаров фаъолият дорад, ки он ҷо 147 нафар наврас машғули омӯзишанд. Дар ҳунаристон илова ба маҳфилҳои рақсу овозхонӣ ва чангу найнавозӣ инчунин ба ҳаваскорон ҳунарҳои дӯзандагӣ, кандакорию рассомиро низ меомӯзанд. Ба гуфти Шоим Мастонов, муовини директори ин ҳунаристон, онҳо дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг метавонанд таълими ҳунарҳоеро,ки дар бозори меҳнат серталабанд, ба роҳ монанд.
Хулоса, Роштқалъа дар баробари мушкилиҳои иқтисодӣ- иҷтимоӣ ҳамчун минтақаи сайёҳӣ дорои зарфияти зиёдест, ки дар сурати истифодаи самараноки он метавон иқтидори истеҳсолоти маҳаллиро афзуда, сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошт ва ҳамзамон садҳо бонувону ҷавонони маҳалро бо шуғли доимӣ таъмин кард.
Ҷамолиддин Сайфиддин
Душанбе – Роштқалъа – Душанбе.