Сирати зебо ё ҳусни ботинии инсон дар ақлу заковат, гуфтору рафтору кирдори ҳамидаи ӯ инъикос меёбад ва ин зебоии воқеиро бе илму маърифат тасаввур кардан нашояд. Сирати зебо ҳамчун неруи тавоно дар ҳалли мушкилоти рӯзгор ба инсон ёрӣ мерасонад. Мутаассифона, дар ҷомеа нафароне ҳам ҳастанд, ки аз донишу маърифат канора ҷуста, дар интихоби роҳи дуруст оҷиз мемонанду ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ ва ҳатто наврасӣ по ба арсаи бадномию ҷиноят мегузоранд.
Имрӯз шояд тамоми аҳолии сайёра то ҷое аз натиҷаву оқибатҳои нашъамандӣ огаҳӣ доранд, то ба куҷо расидани ин мушкили иҷтимоиро дарк месозанд ва аз фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, ки бозори худро аз ҳисоби ин маводи марговар гардон мекунанд, истеъмолкунандагони ин маводи марговар хабар доранд, аммо ҳанӯз ҳам нафарони зиёде ин маводи марговарро ба баҳои ҷон харид мекунанд. Албатта, ҳар як нашъаманд дар нимароҳи кори худ аллакай пай мебарад, ки идомаи кори ӯ бадбахтии наздикон, касодии молӣ, вайронии оила, аз даст додани обрӯю эътибору саломатӣ ва аз ҳама муҳимтар анҷоми фоҷиабор, яъне марги бармаҳали ӯст. Ин нафарон аз карда пушаймонанд, вале ҷуз вовайлои пинҳонӣ илоҷи дигаре надоранд, чаро ки «вақт рафт, нақд рафт» гуфтаанд доноёни пешин. Ва ҳам аз бемаърифатӣ, на танҳо сиҳатии худ, балки иродаи худро низ шикастаанд, иродаеро, ки ҳамчун неруи бузург метавонист онҳоро аз марг бираҳонад.
Бидуни эътино ба ҳама тадбирҷӯиҳо теъдоди гирифторони вабои нашъамандӣ рӯ ба афзоиш аст. Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7313 нафар (189 нафар зан) ҳамчун нашъаманд сабти ном шуда. Аз ин шумора 2452 нафарро ҷавонони аз 18 то 34 сола ташкил медиҳанд.
Аксаран ашхосе, ки маводи мухаддирро истеъмол менамоянд, бар ин андешаанд, ки аз ғаму дард ва мушкилоти зиндагӣ худро раҳо месозанд. Ва маҳз бо ҳамин фикри хом худро дар банди ҳамин бало меандозанд. Бештари истеъмолкунандагони маводи мухаддир дигар рафтору кирдори худро таҳлил ва идора карда наметавонанд, зеро ин мавод ақли онҳоро тира ва иродаашонро заиф менамояд. Инсони бехирад ва беирода метавонад ҳар лаҳза ба ғорату куштор ва дигар амалҳои разил даст занад.
Ҳарчанд чораҷӯии мақомоти дахлдор, ғамхорию меҳрубонии наздикон барои наҷоти нафарони раҳгумзада натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд, беҳтарин воситаи халосӣ аз нашъамандӣ иродаи инфиродист.
Яъне зимоми раҳоӣ аз ин варта дар дасти худи нашъаманд аст. Пас, чунин афрод сар ба гиребони андеша бибаранду бидонанд, ки дар зиндагӣ роҳи рӯшани дигаре низ ҳаст ба унвони донишу маърифатомӯзию хушахлоқӣ ва соҳибирода будан. Дар шароити имрӯза, ки падидаҳои муҳлике, аз қабили нашъамандию бемориҳои ҷинсӣ ва гирифториҳои равонӣ хеле зиёд хуруҷ кардаанд, ҷавонони моро зарур аст, ки таҳти шиори „Ояндаи кишвар - дар дасти ҷавонони солим!“ ба ҳам омада, барои таъмини тақдири зебо ва шукуфоии Ватан камари ҳимматро маҳкам банданд.
Наргис Алиёрова,
Агентии назорати маводи нашъаовар