Чаро чунину чунон шуд?
Ба андешаи соҳибназарон, идомаи чунин раванд ба генофонди миллат бадфарҷом хоҳад буд. Лиҳозо, онҳо ворид шудани тағйиротро ба қонунҳои амалкунанда як амри хайру саривақтӣ мешуморанд.
Пизишки бемориҳои амрози занонаи шифохонаи минтақавии ноҳияи Исфара Маҳбуба Музаффарова иброз медорад, ки бемориҳои зуҳравӣ миёни бонувон рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ки боиси изтироб аст. Раванди таҳлилу ташхиси ин гуна бемориҳо хеле тӯлонӣ, печ дар печ, гарон ва пур аз мушкилот аст.
- Онҳо асосан аз шавҳарони муҳоҷири худ сироят меёбанд,– мегӯяд пизишк. – Ҷавонон пас аз хатми мактаб ба кишварҳои бегона мераванд ва баъди бозгашт бо худ гуна-гуна вирусҳо ва бемориҳоро меоранд. Аксари онҳо аз муоинаи тиббӣ нагузашта, издивоҷ мекунанд, вале шояд намедонанд, ки зиндагии хешро аз ҳамон оғозаш доғдор месозанд. Аз ин рӯ, аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани ҷавонписарон ва духтаронро пеш аз ақди никоҳ як иқдоми нек мешуморам.
Изтироб ва ташвиши пизишки момодоя Маҳбуба Музаффарова, воқеан ҷанбаи ҳамагонӣ дорад. Қонунгузорон низ ин паҳлуи мушкилотро ба назар гирифтаанд. Коршиносон иброз медоранд, аз ин ба баъд ҷуфти хонадоршаванда бо баробари додани ариза ба шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳатман маълумотнома дар бораи вазъи саломатияшонро низ пешниҳод менамоянд.
Решаҳои мушкилот
Издивоҷи хешутаборӣ решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Подшаҳону ашрофону асилзодагон бештар барои бегона накардани мероси хеш, фош нашудани асрори хонаводагиву авлодӣ, омехта накардани хуни хеш бо ба истилоҳ сифлаву фурӯмоягон аз қавму наздикони хеш арӯсу домод мекарданд. Ин таъомул то кунун дар байни баъзе сокинони кишвар ҳифз шудааст. Таври мисол, кӯшиш мешавад, то тӯраҳо, хӯҷаҳо, ояҳо, хонҳо, бо ҳамқавмону ҳамтоифагони хеш издивоҷ бикунанд. Вале аксари никоҳи хешутаборон дар деҳаҳову рустоҳо ва ноҳияҳои дурдаст ба амал меояд, ки низ омилҳои айнию зеҳнӣ дорад.
Сарпизишки бемориҳои амрози рӯҳии ноҳияи Исфара Нарзӣ Домуллоҷонов ҳанӯз чанд сол қабл дар суҳбат бо хабарнигори «БТ» иброз дошта буд, ки қисми зиёди он бемороне, ки дар муассисаи табобатии онҳо зери муолиҷа қарор доранд, аз никоҳҳои хешутаборӣ ба дунё омадаанд ва волидайнашон аз тасмими издивоҷи хеш сахт пушаймонанд.
Чунончи пизишки момодоя Мадина Саидхоҷаева иброз дошт, бинобар никоҳҳои барвақтию иҷборӣ занони ҷавон дар бисёр мавридҳо ба бемориҳои гуногун, чун камхунӣ, асабоният, ихлоли рӯҳию равонӣ мубтало мегарданд. Ҳодисаҳои исқоти ҳамли бармаҳал, маргу мири кӯдаку модарон низ ба назар мерасад.
Омор чӣ мегӯяд?
Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар 30-35 дарсади кӯдакони маъюби модарзод аз хонаводаҳое ба дунё омадаанд, ки ҳамсарон хешу таборанд. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ беш аз се ҳазор нафар кӯдакони носолим ба дунё меояд, ки теъдоди зиёди онҳо умри кӯтаҳ дида, як қисм то ба яксолагӣ нарасида мефавтанд. Ҳамон тавре дар Идораи тандурустии вилояти Суғд хабар доданд, соли 2015 теъдоди чунин кӯдакон дар вилоят 1131 нафарро ташкил кардааст. Соли гузашта 22 модари ҷавони суғдӣ ҳангоми вилодат аз дунё даргузаштаанд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Идигул Қосимзода дар нимаи дувуми моҳи январи соли равон ба хабарнигорон иброз дошт, ки соли 2015 дар қаламрави кишвар 8 ҳазору 356 ҳодисаи бекор кардани ақди никоҳ сабт гардидааст. Маълум аст, ки теъдоде аз ин хонаводаҳои аз ҳампошида хешовандон мебошанд.Ин барояшон мусибати дучанд аст, зеро баробари гусаста гардидани риштаи никоҳи зану шавҳар миёни бародарҳову хоҳарҳо сардиву шикоф раҳ меёбад.
Таййи ду соли ахир тибқи омори расмӣ 198 нафар духтарони ноболиғ тибқи ҳалномаҳои судӣ оила барпо намудаанд.
Тадбир куҷост?
Муяссар Ваҳҳобова аз қонунӣ шудани муоинаи тиббии навҷавонони арӯсикунанда низ истиқбол кард.
- Ман нафареро медонам, ки аз арӯси худ бинобар як камбуди ҷузъии ҷисмонияш ҷудо шуд,– изҳор медорад Муяссар. – Домод аз он гилаву шикоят мекард, ки ҷониби арӯс аз камбуди духтарашон ӯро огоҳ накардаанд.
- Аксари одамон аз тасмими Ҳукумат дар бораи расман манъ кардани никоҳи хешутаборӣ, муоинаи ҳатмии тиббии хонадоршавандагон истиқбол карда истодаанд, - мегӯяд Музаффара Олимова, муовини раиси ҷамоати «Гули Сурх» -и ноҳияи Истаравшан. – Вале акнун мақомоти дахлдор ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки аз болои фаъолияти кормандони тиб назоратро пурзӯр кунанд ва ҳамон тавре қонун мефармояд, ҳама гуна муоинаву таҳлилу ташхисҳои пешазникоҳӣ бояд комилан ройгон бошанд. Дар сурати тақаллубкории ҳуҷҷатҳо онҳо бояд сахт муҷозот шаванд.
Созмони ҷамъиятии «Насли нав», дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Ҷилавгирӣ аз никоҳҳои барвақтӣ, иҷборӣ, хешутаборӣ ва оқибатҳои бадфарҷоми онҳо», ки бо ҳамдастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва дастгирии молии Бунёди ташаббусҳои маҳаллии Канада дар 12 ҷамоати шаҳру навоҳии вилояти Суғд амалӣ мегардад, миёни духтарони болиғ, фориғуттаҳсилони мактабҳои миёна, волидон, фаъолони маҳаллаҳо ва сарварони ҷамоатҳо як силсила чорабиниҳои муфиду пураҳамиятро ба роҳ мондааст.
Ҳамон тавре сарвари созмони мазкур Мухбира Тӯраева иброз медорад, барои ҷилавгирӣ аз падидаҳои номатлубе, чун никоҳи барвақтию иҷборӣ ва хешутаборӣ қабл аз ҳама ба духтарон имкони таҳсилро дар ҳама сатҳҳо фароҳам бояд сохт. Миёни волидайн корҳои маърифатиро ба роҳ монд, то онҳо дарк бикунанд, ки то чӣ андоза барои духтарашон таҳсил дар макотиби олию ҳунаристонҳо муҳим ва пураҳамият аст. Пажуҳишҳо ва таҳлилҳо баёнгари онанд, ки баъзе волидон хушбахтии фарзандони худро дар издивоҷи муваффақ мебинанд. Кам касоне иброз медоранд, ки мехоҳанд духтарашон аз нигоҳи иқтисодӣ мустақил, худкифо ва дорои маълумоти олӣ бошад. Ин дар ҳолест, ки маншаъ ва манбаъи бисёр мушкилоти рӯзгор, аз ҷумла дасттангӣ, хушунат, ҷанҷолҳо ва азҳампошии оилаҳо маҳз камсаводӣ ва каммутолиагии аҳли хонавода ба шумор меравад.
– Иқдоми Президенти кишвар дар мавриди ироаи квотаҳо барои духтарони деҳот як иқдоми бузург аст, – иброз медорад Мухбира Тӯраева. - Ба духтароне, ки аз оилаҳои осебпазир ҳастанду аз дарёфти он бурс берун мондаанд, ба хотири ҳавасманду шавқманд гардидани онҳо барои идомаи таҳсилашон ёриҳои лозима, чун таъйини стипендия ва кумакпулиҳои дигар зарур аст. Фурсати он расида,то фанни «Этикаи ҳаёти оилавӣ» дубора ба барномаҳои таълимии мактабҳои миёнаву ҳунаристонҳо шомил карда шавад. Моро кӯшишу иқдомоти дастҷамъона мебояд, то қонуну қарорҳои кишвар дар мавриди таъмини тандурустии аҳли ҷомеа, ба вижа бонувону духтарон, амалӣ гарданд.
Тилав РАСУЛЗОДА