Нусратулло Махсум, абармарде аз шаш тан қаҳрамонони Тоҷикистон аст, ки дар вақташ Бюрои тадорукотиро оид ба таъсиси Ҳилоли Аҳмар сарварӣ менамуд. Муҳим будани ин ташкилоти хайрхоҳонаро соли 1927 ӯ чунин арзёбӣ намуда буд:
«Дар шароите, ки бемориҳои иҷтимоию маишӣ хеле паҳн гардидаанд, кори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар аҳамияти хеле муҳим касб мекунад… Садҳо муҳоҷирон аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистони Шӯравӣ гузашта, ба шароити ниҳоят вазнин рӯ ба рӯ мешаванд. Маҳз ҳамин вақт кӯмаки Ҳилоли Аҳмар лозим мешавад. Ва боз ҳолатҳои дигари бисёре мавҷуданд ва онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки инкишофи кору фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон ба мардум хеле фоидавор буда, ба таҳкими давлат, болоравии маърифатнокии аҳолӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии тамоми кишвар, амалӣ намудани сиёсат дар Машриқзамин мусоидат мекунад».
Нақши мусоидаткунандаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар фаъолияти хайрхоҳона ва башардӯстона ҳамеша бо таърихи рушди давлат алоқаманд мебошад.
Солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар саросари кишвар курсҳои омӯзиши ҳарбӣ ташкил карда шуда буд, ки дар онҳо ихтисосҳои ҳарбии радист, автоматчӣ ва тирандозӣ омӯзонида мешуданд. Дар ақибгоҳ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар якҷоя бо созмони комсомолӣ ба маҷрӯҳон ва мардуми аз қаламрави муваққатан забткардаи фашистон кӯчонидашуда кӯмак мерасониданд, озуқаю либоси гарм ҷамъ намуда, ба сангар мефиристоданд.
Соли 1992 пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ Ҷамъияти миллии мустақили Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ташаккул ёфт.
6 ноябри соли 1997 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ҳамчун ҷузъи Ҳаракати Байналмилалӣ эътироф гардида, аз 20 ноябри ҳамон сол Ҷамъият узви комилҳуқуқи Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гардид.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳалли вазифаҳои башардӯстона давлатро дастгирӣ намуда, тавассути татбиқи барномаҳо дар соҳаи пешгирии бемориҳо, ҳифзи саломатӣ, коҳиш додани ранҷу азоби мардум ҳамкорӣ менамояд.
Дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба расонидани кӯмаки фаврию ёрии дигар ба қурбониёни муноқишаҳои мусаллаҳона, тавре дар конвенсияҳои Женева пешбинӣ шудааст, инчунин шахсони дар натиҷаи офатҳои табиӣ ё ҳолатҳои фавқулода зарардида амалиёт мегузаронад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар доираи Стратегияи дурнамо саъю талоши худро ба самтҳои зерин- эътино кардан ба ҳолатҳои фавқулодда ва омода намудани аҳолӣ ба онҳо бо усули тарғиби фарҳанги бехатарии ҳаёту фаъолияти аҳолӣ, барномаи огоҳонидан дар бораи хатари мина дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, барномаи хадамоти ҷустуҷӯӣ барои барқарор шудани алоқаҳои оилавӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон , барномаи беҳдошти об ба мардум барои дастрасӣ ба оби тоза, тавассути марказҳои таълимии ройгон ба муҳоҷирон ва шахсони аз муҳоҷират баргашта, фаъолияти иттилоотию маърифатӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ оид ба интишори дониш дар бораи муқаррарот ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар равона месозад. Ҳамчунин, дар Барномаи Кӯмаки аввалия ва саломатии ҷомеаи Ҷамъият мураббиёни баландихтисосе кор мекунанд, ки ба аҳолӣ маҳорати расонидани кӯмаки аввалияи тиббиро дар ҳолатҳои фавқулода ва ғайриодӣ меомӯзонанд.
Тавре дар оғоз ёдрас шудем мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 504 аз 7 октябри соли 2011 оид ба “Тартиб, шарт ва муҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар” ҳамасола моҳи май- моҳвораи Ҳилоли Аҳмар эълон гардидааст. Дар ҳоле ки рӯзи Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар саросари ҷаҳон аз соли 1948 дар таърихи 8 май таҷлил мешавад, қолаби якмоҳа гирифтани ин ҷашн аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳои ҶҲАТ намунае мунҳасир ба фард дар ҷаҳон аст.
Дар доираи барномаи Моҳвораи ҶҲАТ чорабиниҳои гуногун, маъракаҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе ва манотиқи кишвар, мусобиқаҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, консертҳои хайриявӣ, озмуни расми беҳтарин дар васфи ҶҲАТ миёни мактаббачагон, баргузории маъракаи дав ва ғайраҳо баргузор мегардад. Инчунин дар ин давра аз ҷониби ҶҲАТ як қатор иқдомҳои хайрия, кӯмак ба пиронсолони яккаву танҳо, чорабиниҳои мухталифи иттилоотӣ миёни мардум барпо гашта истодаанд.
Р.НАЗИР