– Ман дар дашту даман ҳамроҳи шавҳараму ду фарзандам пайи кори чӯпонием. Ҳамроҳи хусур ва бародарони шавҳараму янаҳоям зиндагӣ дорем. Янаҳоям Гулбаҳору Гулрухсор Раҳмоноваҳо низ солҳои тӯлонӣ чӯпонӣ мекарданд ва ҳоло ҳам оилавӣ ба ин шуғл масруфанд. Мавсими тобистон дар мавзеи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз хайма зада, муддати 3 моҳ чорвои худро мечаронем. Дар нимаҳои фасли тирамоҳ чизу чораамонро ҷамъ оварда, ба хару аспҳо бор намуда, боз ба макони худ бармегардем. Фурсати сафар ба ҳар ду самт тахмин 6 -7 рӯзро фаро мегирад, – мегӯяд Фирӯза. Баъди каме фикр меафзояд: „Кӯҳу пуштагардӣ аз пайи рама мушкилиҳои зиёде дорад. Ҳамлаи гургу хирс ба чорво, гурези гӯсфандон ва жолаю барфу борон, ин ҳамаро дар хуну пӯсти худ меозмояд чӯпон маъно“.
Мирзораҳим Раҳимов, шавҳари Фирӯза, ба суҳбат ҳамроҳ шуда мегӯяд, ки дар мавзеи тобистонаи Сағирдашт мо се моҳ мемонему боз вақти баргаштан як моҳи дигар дар Даштиҷум қарор ихтиёр мекунем. Мисли мо оилаҳои чӯпонӣ 10–15 ададанд. Дар мавзеи Олимтойи ноҳияи Муъминобод зиёда аз 10 кашар ҳаст. Дар тобистон ба мо, ба мавзеи Сағирдашт, се - чор маротиба орд, намак ва хӯрок тавассути мошини махсус дастрас мекунанд.
Сафармо Авазова низ бо шавҳараш рамабон аст. Онҳо шаш фарзанд доранд ва муддати 11 сол мешавад, ки аз пайи рама ҳастанд.
– Мо ҳам ба Сағирдашт молро ба чарою парвариш мебарем ва фурсаташ расад боз ба мавзеи зимистонаамон бармегардем. Ба мо моҳона ҳам медиҳанд, орду равғану намак ҳам. Чорвои шахсии худро ҳам дорем, – мегӯяд Сафармо.
Фермаи рақами 1-и хоҷагии истеҳсолии зотпарварии „Тебалай“-и Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод дар қитъаи Олимтой 1317 сар гӯсфанд дорад, ки ҳама маҳинпашми дарвозӣ мебошанд. Шумораи мол сол ба сол меафзояд. „Мо худмаблағгузор ҳастем. Хоҷагӣ на аз андоз ва на аз дигар пардохтҳо қарздор нест. Пашми маҳин, навъи баланд ва барои қолинбофӣ мувофиқи гӯсфандонро тарошида тайи сол ҷамъ мекунем. Ин пашм як сол зиёд меистад ва пӯсида вайрон мешаваду бурда мепартоем. Агар бо арзиши хеле арзон ягон маротиба харидоре биёяд, мефурӯшем. Ҳамин зоти гӯсфанд барои пашмаш, ки маҳин аст, парвариш меёбад. Замони пеш серхаридор буд. Онро дар аҳди шӯравӣ рост ба вилояти Марви Ҷумҳурии Туркманистон мефиристоданду коргоҳҳои кишвари мазкур аз он қолин мебофтанд. Ҳоло, агар харидоре ҳам ёфт шавад, пашмро ба қимати ночиз мехарад. Дар фермаи мо 7 рама мавҷуд аст ва дар онҳо 28 нафар расман кор мекунад, ки бештари онҳо занонанд. Агар амиқтар назар афканем, дар вақти тӯлгирӣ ва мавсими корҳои асосӣ шумораи чӯпонҳою коргарон ба 100 нафар мерасад“, - мегӯяд мудири ферма Зубайдулло Неъматов.
Дар фермаи мавзеи Олимтойи ноҳияи Муъминобод солҳои пеш 10000 сар гӯсфанд парвариш меёфт ва 60 нафар кор мекард, ки 45 - 50 нафарашон занон буданд. Он замон аз ҳисоби давлат таъминот бештар буд. Бисёр хоҷагиҳои гӯсфандпарварии зотӣ қариб аз байн рафтаанд. Аммо ин хоҷагӣ тавонист теъдоди чорвояшро афзояд. Барои парвариши чорво замин доранд, ҳама корҳо то шудгори 570 га замини ғалла, истифодаю таъмири техника, хариди сӯзишворӣ ва ғайра аз ҳисоби худи хоҷагист. Хоҷагӣ феълан зиёда аз 10000 сар гӯсфанди маҳинпашми дарвозӣ дорад. Ин ҷо доимӣ 100 нафар кор мекунад ва дар мавсими тӯлгирӣ, боз 60 нафари дигар ҷалб мешавад. Зиёда аз 40 % кормандони хоҷагиро бонувон ташкил медиҳанд.
Вақте заҳмати чӯпондухтарони муъминободиро дидам, бештар дилам барои маҳсули заҳмати эшон сӯхт. Ба худ суол додам: „Чаро то ҳол ягон соҳибкори ватанӣ андешаи ташкил намудан ва ба истифода додани корхонаи пашмро надорад?“.
Борҳо зимни навиштаҳои худ аз ин боб ҳарф зада будам. Охир, на як хоҷагиҳои зотпарварию истеҳсолӣ манбаи дарёфти пашми маҳини дар саноати қолинбофӣ зарурӣ ба шумор мераванд, балки дар ҳар хонадони кӯҳистони тоҷик ба миқдори муайян ашёи хомро бо нархи арзон метавон дастрас намуд. Фақат сармоядори кардакоре лозим аст, ки заҳматҳои қолину гилембофӣ ё истеҳсоли молу матои пашминро ба роҳ монаду бас.
Билоли Шамс