Азбаски то кунун касе Макнунаи шӯху шуҷоъро гиристан як сӯ, ғамгину афсурда надида буд, гумон бурданд, ки шояд аз зарби ба замин уфтодан лат хурдааст. Аз ин рӯ, навбатдори мактаб нафаре аз талабаҳоро ба хонаи онҳо фиристод. Фиғону беҳолии духтарча муаллимону толибилмонро, ки аз асли воқеъа огоҳ набуданд, мушавваш сохт.
Бори аввал асрори оилаи муаллим Раҳимҷонро ҳамсояи дар ба девораш, ки аз ӯ тамаъи марзӣ дошт, ифшо кард ва суханчинони маҳалла фарзанди хунӣ набудани Макнунаро ба зудӣ дар ҳама ҷо паҳн карданд. Ҳамин тавр аз бемаърифатию ҳуқуқношиносии иддае аз сокинони деҳа, асрори муҳаррами оилае ифшо шуду суботу оромии хонадонро барҳам зад. Сарвари оила аз сактаи қалб дар беморхона бистарӣ шуду ҳамсараш Идигул хобу оромиро аз даст дода, намедонист, ки духтари нозбӯяшро аз овозаҳои фитнаангези мардум чӣ гуна эмин дорад.
Ба қавли солмандони русто фарзандхонӣ дар фарҳанги хонаводагии тоҷикон аз давраҳои қадим арзи вуҷуд дошту оилаҳои фарзандхоҳ ба ин мақсад ба хонаводаҳои бародару хоҳарони худ рӯ меоварданд. Ҳолатҳое вуҷуд доштанд, ки одамон навзодони аз кӯча ёфтаро ба фарзандӣ қабул мекарданд.
Алъон фарзандхонӣ дар кишвари мо аз тариқи сохторҳои марбутаи САҲШ, ниҳоди кор бо занон ва оила ва дигар соҳаҳои риштаи иҷтимоиёт сурат гирифта, оилаҳои фарзандхоҳ тифлони бепарасторро аз хонаҳои кӯдакон дастрас карда метавонанд.
Издивоҷи Раҳиму Идигул бо ибтикори зодмандон сурат гирифта бошад ҳам, аммо бо ҳамдигарфаҳмию эътимод ба якдигар оилаи хушбахту ибратомӯзе бунёд намуданд. Вақте дар фикри ташхис намудани омилҳои бефарзандиашон шуданд, бе хавфу дудилагӣ роҳ ба ташхиси тиббӣ азм намуданд. Баъди ташхис зану шавҳар дар аҳдашон устувор монданд, ки иллати безурётии яке боиси ҷудошавии оилаи онҳо шуда наметавонад. Азбаски бештари оилаҳои фарзандталаб тифли писар мехостанд, Раҳиму Идигул баъди дар навбат истодан ба зудӣ соҳиби духтарчаи дустрӯяк шуданд.
- Мутаассифона, танҳо баъди 11 сол дарк кардем, ки фарзанди хунӣ набудани духтарамро аз ӯ махфӣ доштан имконнопазир аст. Кӣ бовар мекард, ки аз чашмпӯшиҳои мо нисбат ба ғайбати хабарпошиҳои бадкирдорон истифода карда, рӯзе мерасад, ки баъзе ҳамсояҳо фарзанди маъсуми маро мавриди ҳамлаҳои равонӣ қарор медиҳанд, - мегӯяд Идигул. Ӯ иқрор омад, ки дар бартараф намудани шиддатҳои равонии фарзандаш ва вокуниш ба рафтори ҳамсояаш оҷизӣ мекашад.
– Духтарамро, ки зодмандони хуниаш набудани моро аз забони бадгӯён ба шеваи таҳқир шунидааст, намедонам чӣ сон таскину тасалло диҳам. Нисбат ба рафтори ҳамсоя ба мақомот шикоят бурдан ҳам роҳи ҳалли масъала нест, зеро муҳим хушбахтию хотирҷамъии фарзандам аст, на баҳсу мунозира бо ҳамсояҳо, - ҳасратомезу рӯҳафтода қисса мекунад модар.
Ташкили марказҳои машварати ҳуқуқию равоншиносӣ дар шаҳру навоҳӣ аз мавзӯъҳоест, ки пайваста мавриди муҳокимаи ҷомеашиносон қарор дорад.
Ба гуфти равоншинос Маҳмудшоҳ Кабирӣ, хуб мешуд дар назди ягон муассисаҳои давлатӣ ва ё созмонҳои ҷамъиятӣ ба хидмати чунин оилаҳо марказҳои махсус кушода мешуд. Дар бунёди чунин марказҳои хизматрасонӣ метавон аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта истифода бурд.
Равоншиносон бар онанд, ки кӯдак бояд дар марҳилаҳои гуногуни ҳаётӣ фарзанди хунӣ набудани худро бифаҳмад, вале муҳим аст, ки ин иттилоотро на аз берун, балки аз забони зодмандони худ шунавад. Волидон вақти иқрори асрори оилавӣ бояд сидқу самимӣ бошанд, то кӯдак меҳру муҳаббати онҳоро эҳсос карда, дар симои падару модар такягоҳу пуштибону ҳамрози худро бинад.
Аммо Ситора Шоҳназарова, табиби кӯдакона иброз медорад, ки дар марҳилаи худшиносии ин гуна кӯдакҳо зодмандонашон ба хизматрасонии равоншинос эҳтиёҷ доранд. Зеро ифшои ин гуна роз зарбаи бузурге ба равони кӯдаку модар мерасонад. Аз ин рӯ, барои модарони хонашине, ки фарзандони ғайри хунӣ доранд, тавсия дода мешавад, ки дар ҳалли ин масъала аз машварати равоншиносон истифода кунанд.
Оилаҳое, ки дар қайди рӯйхати фарзандхонианд дар асоси қарори суд ҳуқуқи аз хонаи ятимон гирифтани кӯдакони бепарасторро пайдо мекунанд ва дар мавриди ҳуқуқҳои иҷтимоии ин оилаҳо санадҳои зиёди ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд. Тибқи қонунҳои мавҷуда афроде, ки ба ҳаёту муносибатҳои ин хонаводаҳо дахолат мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Мутаассифона, бештари сокинон дар ин бора маълумоти кофӣ надоранд. Яке аз сабабҳо кам инъикос шудани ин мавзӯъ дар ВАО-и кишвар дониста мешавад. Омили дигар мавҷуд набудани робита байни бахшҳои кор бо ноболиғон ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳру навоҳӣ бо чунин оилаҳо ҳисобида мешавад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН