Аслан шояд дуруст нест, ки ин масъаларо танҳо ба Наврӯз иртибот бидиҳем, зеро чунин мушкилот дар боғчаву мактабҳо қариб ҳар иду айём такрор ёфта, инак расм ҳам шудааст. Вале ҳадафи ин корҳо чист барои бисёриҳо номафҳум мемонад.
Дар ин давра, ки буҳрони иқтисодӣ саросари ҷаҳонро фаро гирифтаву одамонро ба таҳлукаи сахт овардааст, баъзе корҳои майда- чӯйда, ки боиси заҳмати одамон мегардад, набояд рӯзгори аз лиҳози иқтисодӣ бе ин ҳам пурмушкилотро бадтар созад.
Масъала сари ин аст, ки либоси мактабӣ чандин сол аст, ки сару садоҳои зиёде ба бор меораду зарурати ҳатмӣ буданаш ҳанӯз як шакли муайяне нагирифтааст. Ҳар сол моҳҳои июл-август волидони зиёде дар бозорҳо саргардонанд. Яке маблағи хариди либосҳои кӯдак ва лавозимоти мактабиро надораду рӯҳан азоб мекашад. Дигаре мехоҳад либосҳои аз ҷиҳати сифат хубтаре харидорӣ кунад, то баъди як-ду моҳ он корношоям нагардад. Бархе аз волидонро талаботи ҳар сол тағйирёбандаи мактабу маориф ба танг меораду қисмате андозаи даркории либоси махсуси қабулкардаи ҳамон мактабро барои фарзандаш наёфта, шикояткунон бозор ба бозор, текстил ва мағозаҳоро дар ҳавои гарми тобистон тай зада хеле азоб мекашад. Дар бораи азобҳои кӯдакон чизе намегӯем. Зеро ҳар касе фарзанд дошт ё дорад, хуб медонад, ки барои психикаи (рӯҳи) ҳанӯз нозуки кӯдак наёфтани либосаш ё нарасидани маблағҳои волидон чӣ зарбаест.
Масъалаи хеле ташвишовари зоҳирпарастии системаи маориф махсусан дар рӯзҳои ҷашнҳо, хеле изтирорӣ мегардад. Кӯдакони 3-6 солаи боғчаравак давоми сол чандин «утренник» доранд, ки барои ҳар кадоме аз онҳо мувофиқи иди ҷашншаванда мутобиқ ба талаботи русӣ ё тоҷикӣ будани ид, сару либос бояд харид. Онҳо гоҳе харгӯш мешаванду гоҳе гург ё малика (принцесса), ё гоҳе аскар мешаванду гоҳе деҳқон ва ё чизи дигар. Ин тифлакон аз бабочка (галстук) сар карда то шиму костюми сиёҳу сафед, туфличаҳои мувофиқ ба ранги костюм, агар писар бошад, бояд бихарад. Аз куртаҳои ба истилоҳ «арӯсӣ», (фата) ё куртаҳои дигари хосаи аврупоиро пӯшидани духтаракон ва ҳатто зару зеварҳову ороишоти дигар то лабсурхкуниву «причёска» кардан дар толорҳои ороиширо барои ин рӯзҳо, гӯё дар хурдӣ ёд мегиранд. Шояд хуб аст? «Ту куртаи атлас, ту чакан, ту помирӣ мепӯшӣ», маҷбур мекунанд кӯдаконро. Дар бораи пул ҷамъ кардан барои ин ҷашнҳо чизе наменависем. Зеро боз исбот мепурсанд, ки мо бо хотирбиниямон ягон мураббия ё муаллимеро аз як даҳан нонаш мондан намехоҳем. Гӯё агар журналист инро нанависад, касе онро намедонад. Аҷаб. Не?
Барои аксар мудирони боғчаҳо ё директорони мактабҳо муҳим он як рӯзи чорабинӣ аст. Хоса, агар ин роҳбарон бо кадом роҳҳо телевизионҳоро барои сабт оварда бошанду ин амали хешро тарғиб кунониданӣ шаванд, дигар он бояд дар сатҳи олӣ бошад, ба кадом роҳ муҳим нест.
Чаро дар боғча ба ҷойи дуруст кардани ғизои кӯдак дар ошхонаҳои мактаб, дар бораи либосаш дар ид проблема месозанд? Чаро дониши аксар кӯдакон сусту завқи онҳо нисбати дарсу мактаб заиф асту касеро парвои ин набуда, рӯ ба зоҳирпарастӣ овардаем? Дунёи софу беғаши кӯдакиро бояд беолоиш бе ғами либосу дарёфти маош ва ё мушкилоти дигар гузошт, то дар зеҳни ӯ як чиз бошад. Дониш, Савод, Омӯзиш, Ахлоқ. Рӯ овардан ба маърифату тафаккури созанда ва тарбияти зеҳнӣ овардан, на зоҳир, маҳал ва «чорабиниҳое», ки мушкилашонро меафзояд. Дар зеҳни чун авроқи сафед тозаи кӯдак муҳаббат ба Ватани яктоямон Тоҷикистонро аз роҳи ақлу донишу ҷаҳонбинӣ бояд ҷо кард, то фардо ӯ худро тоҷик эҳсос кунад, на суғдиву хатлониву бадахшонӣ. Аз сӯи дигар, барои як мактаб ё идора магар оростани як хони Наврӯзӣ, як бобои деҳқон ва як арӯси сол кифоя нест, ки ҳар синф дар алоҳидагӣ ин корро кунад ва боз аз ҳисоби кӯдакон? Чаро ин дастурхони идонаро мактаб ё муаллимон аз ҳисоби худ намекунанд, агар он ба хотири ид бошад?
Ё худнамоии бархе аз муаллимону директорони мактабҳо, ки аксар ба мусобиқаҳои: «кӣ зӯр» ё «кӣ беҳтар» табдил шудааст, бояд аз ҳисоби мактаббачагон бошад? Ё либоси мактабиву либосҳо барои ҷашнҳои миллӣ, ки дар бозорҳо имсол, хоса дар Наврӯз хеле зиёд шуда буд, бизнеси кадоме буд мепурсанд волидони саргардон.
Ин ҳанӯз дар бораи аз ҳисоби талабагон оростани хонҳои ҳафтсину ҳафтшин ё арчаи солинавию туҳфаҳои сохта тақдимшудаи боғчаҳои бачагон нест. Яъне волидон ба боғча туҳфа харида мебаранду мураббия ё Бобои Барфӣ онро баргашта ба кӯдак «ҳадя» мекунад. Аҷиб? Ин корҳо ва чандин масъалаҳои марбути ин мавзӯъ паҳлӯҳои дигари мушкилоти ҳамешагии волидони моянд, хоса дар ин соли буҳронӣ. Ба кӯдакон ботини зебову пурдониш бояд бидиҳем на зоҳири фиребову ҳаёти сохтаи «саҳнавӣ», барои чанд соати ҷашнӣ, андеша доранд волидон.
Овардани мисол аз як мактаб маънои онро надорад, ки «гунаҳгорон» танҳо ҳаминҳоянд. Ин мушкилот дар саросари боғчаву мактабҳои кишвар дар ҳама «чорабинӣ»-ҳо буду ҳаст мегӯянд волидон. Мақсад аз гузориши масъала ҳалли он дар маҷмӯъ аст, на муқассир кофтану ғараз ҷустан. Агар бовар накунед, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва расму оинҳо» нигаред, ки ба хотири зиндагии шоистаи мо бидуни харҷҳои беҳуда, қабул гардидааст, бори дигар назар созед.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат, ки рӯзи 30 март баргузор шуд, бори дигар таъкид намуд, ки ҷашну чорабиниҳои давлатӣ камхарҷ гузаронида шаванд. Бар иловаи қонун ва супоришҳову таъкидҳои пай дар пайи Сарвари Давлат, ки ба хотири зиндагии шоистаи мост, боз чӣ «навгонӣ»-ҳое дар маъракаҳоямон бофта мебароварда бошем? Идҳо бояд василаи шодиву сурур бошанд, на мушкилфазо. Ё шумо андешаи дигар доред?
Ҳ. Юсуфӣ