Дар ин матлаб пиромуни шахсе сухан меравад, ки бо аз даст додани падару модар рисолати онҳоро бар дӯш гирифт ва барои хушбахтии хоҳараки ятимаш ҳама корро кард, аммо бар ивази он аз сарнавишту рафтори хоҳар ба сараш чӣ омад, ҳанӯз ба касе лаб во накардааст. Танҳо вақте, ки дигар косаи сабру таҳаммул лабрез гашт, ӯ ба мо рӯ овард ва қиссаи талхи рӯзгори худро қисса намуд.
–Вақте падару модарам бар асари як садамаи автомобилӣ ногаҳонӣ фавт карданд, хоҳарам Садаф дар мактаби миёна мехонд. Чанд моҳ ӯ он қадр мушкили равонӣ дошт, ки на танҳо дигар ба мактаб намерафт, балки аз хобу хӯр ҳам монда буд. Бо кумаки ҳамсояву пайвандон ва як равоншиноси варзи да ба тадриҷ Садафро ба по хезондем. Мактабро хатм намуд ва донишҷӯ ҳам шуд. Барои ман, ки писари хурдсол доштаму муваққатан кор намекардам, таъмини харҷи роҳ ва дигар хароҷоти хоҳар хеле мушкил буд, аммо шавҳарам, ки шахси дилсӯзу меҳрубон буд, дастгириам ме кард. Мутаассифона, баъд аз чанд сол шавҳарам ба таври мармуз вафот карду ман бо як писар ва хоҳари донишҷӯям танҳо мондам, – ба ёд меовард он рӯзҳоро Фотима (исми мустаор). – Одам аз гул нозуктару аз санг сахтар аст, мегӯянд, ки дуруст будааст. Ба хотири хоҳару писар ба ғайр аз пизишкӣ корҳои иловагӣ мегирифтам, то онҳо аз чизе танқисӣ надошта бошанд. Дар курси панҷум Садаф ба ҷавоне дил бохт ва ман ҷашни арӯсии ӯро баргузор кардам. Баъд аз хатми донишгоҳ Садаф бо шавҳараш ба шаҳре рафтанд, ки зодмандони ҷавон зиндагӣ мекарданд. Зиндагии хушу рӯзгори ободе созмон доданд. Бо даст додани фурсат ба хонаи онҳо мерафтам ва мо то нисфи шаб бо ҳам суҳбат мекардем. Аз зиндагӣ ва кораш хеле хурсанд буд. Падару модари домод низ шахсони меҳрубон буданд.
«Бо гузашти чанд сол Садаф духтар таваллуд кард. Шавҳараш шахси нозомӣ буд, аз ин рӯ, сари чанд вақт барои адои хидмат ба минтақаҳои дигари кишвар мерафт ва зану духтарашро бо худ мебурд. Зиндагии ман бошад, танҳо ба хотири писар ва дастгирии хоҳар маънӣ пайдо мекард, вагарна танҳоӣ маро аз дарун мехӯрд. Солҳо мегузаштанд ва Садафи ман ҳам тағйир меёфт. Ӯ дигар аз як духтари хандону серҳаракат ба зани дарундору сергап табдил меёфт. Бо шавҳар доим сари хӯроки шом муноқиша мекард ва аз ӯ талаб менамуд, ки аз баҳри кори худ барояд, зеро кӯч бастанҳо ба дилаш задаасту маоши ками афсар барои зиндагии шоиста намерасад. Шавҳараш ӯро ором мекард ва пайваста таъкид менамуд, ки рисолати аслии ӯ ҳимояи Ватан аст ва касе ҳам дар зиндагӣ аз пули зиёд хушбахт нашудааст. Хоҳарам ин гуфтаҳоро қабул надошт ва муноқишаҳо идома меёфтанд. Агар муҳаббати онҳо қавӣ намебуд, оқибати ин суҳбатҳо ба аз ҳам пошидани оила мерасонид. Аммо шавҳар ҳар дафъа ӯро ба оянда нек итминон медод ва зиндагии якҷои онҳо идома пайдо мекард.
Посе аз нисфи шаб гузашта буд, ки телефони дастӣ маро аз хоб бедор кард. Садаф гирякунон хабар дод, ки шавҳараш дар марз тир хӯрдааст ва ӯро дар бемористон бистарӣ кардаанд. Рӯзи дигар аз кор ҷавоб гирифта, ба назди хоҳарам рафтам. Баъд аз амали ҷарроҳӣ шавҳараш ба худ омад ва бо табассум сӯямон нигоҳ мекард. Хушҳол шудему аз ҳуҷра берун шуда, ба назди духтур рафтем. Пизишк, ки шахси солхӯрдаи низомӣ буд, гуфт, ки вазъи саломатии бемор чандон хуб нест ва барои берун овардани тир аз назди дил бояд ӯро ба Олмон барем. Вақте ҳазинаи сафар ва табобатро аз ӯ шунидем, ба қавле «тарбуз аз бағаламон афтид». Чунин маблағро пайдо кардан, ҳич имкон надошт. Садаф танҳо гиря мекарду халос. Ба хулоса омадем, ки ӯ бояд ба назди роҳбарияти шавҳараш равад ва кумак пурсад, то амали ҷарроҳӣ дар ҳафтаҳои наздик бароямон имконпазир гардад. Рӯзи дигар Садаф ба қисми ҳарбӣ рафт. Вақте ба хона омад, ранг дар рӯ надошт. Роҳбарият иброз доштааст, ки имкони кумак расонидан надорад ва, агар Худо накунаду шавҳараш бифавтад, дар маросими ҷаноза мададаш хоҳанд кард. Ҳафтаи баъдӣ бароям хеле сангин гузашт. Садаф ба ҷой андеша кардану роҳ ҷустан, танҳо навҳа сар медоду халос. Ба пойтахт баргаштаму хонаамро ба фурӯш мондам.
Бо ёрии пизишкони қисми ҳарбӣ дар Олмон беморхонаеро пайдо кардем, ки ҷарроҳиро бар уҳда мегирифт. Садафро бо шавҳараш ба Олмон фиристодаму духтарашро бо худ ба пойтахт овардам. Азбаски дигар хона надоштам, бо маблағи боқимонда бо кумаки дӯстон дар яке аз шаҳристонҳои дур хонаи нимфарсудаи арзонеро харидорӣ кардам ва ба он ҷо кӯч бастам. Дар бемористони маҳаллӣ ба кор даромадам ва бачаҳоро ба мактаб мондам. Шароити зиндагӣ ва таҳсил хеле бадтар аз пойтахт буд, аммо фарзандон ба хотири шифо ёфтани маризамон онро таҳаммул мекарданд. Ниҳоят, ҷарроҳӣ ҳам хуб гузашт ва Садаф телефонӣ ба ман гуфт, ки бояд муддати як моҳ он ҷо бимонанд, то шавҳараш саломатиашро пурра барқарор намояд.
Ин танҳо қисмати аввали имтиҳонҳои сангини зиндагӣ будааст. Бачаҳои маҳаллӣ ба хотири «шикастан» -и писараки шаҳрӣ аз ҳич коре дарс барнамедоштанд. Вақте писарам баъд аз дарс ба хона бармегашт, дар сару рӯйи ӯ кабудию сиёҳӣ медидам. Аз ӯ сабаб мепурсидам, мегуфт, ки ба корҳои мардона кор нагирам. «Ман бояд бо қувваи ҷисмонию зеҳнии худ дар байни наврасони маҳал мавқеи худро ёбам», – посух медод вай ба суолҳову исрорҳои ман.
Шабе дар беморхона навбатдор будам. Аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳия занг зада гуфтанд, ки писарам дуздӣ кардаасту ман бояд пагоҳ ба он ҷо равам. Вақте пулиси маҳалро дидам, ӯ гуфт, ки шабона вақти дуздидани мошини гаронқимати марде писарамро дар шоҳроҳ дастгир намудаанд. Дигар бачаҳо гурехтаанд. Дар ҷараёни пурсиш ӯ иқрор намешавад, ки ҳамроҳонаш киҳо буданду кӣ онҳоро ба ин амал раҳнамоӣ кардааст. Ҳама корро кардем, аммо писарам даҳон боз накард ва шахси ҷабрдида низ аз даъвои худ нагузашт. Суди ноҳия писарамро ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Шабҳо духтари Садафро оғӯш мегирифтаму то субҳ гиря мекардам. Аз сарнавишти сангину сахт ба офарандаам шикоят мебурдаму ёрӣ мехостам, то мушкилотамро осон кунад. Аммо…
Бо гузашти як моҳ шавҳари Садаф аз Олмон танҳо баргашт. Сабаб пурсидам. Гуфт, ки хоҳарам ба пизишки маҳаллие дил бохтааст ва ба Ватан барнамегардад. Ба ӯ занг задам. Гӯиё чизе нагузашта бошад, бо садои ором посух дод, ки кӯч бастанҳову маоши ками шавҳари низомӣ ба дилаш задааст. Аз ин рӯ, ба Тоҷикистон барнамегардад. Ба ӯ гуфтам, ки сарнавишти духтарат чӣ мешавад? «Маро калон кардиву маълумоти олӣ дода, ба зиндагии мустақилона гусел намудӣ. Духтарамро ба ту месупурам, зеро шавҳари олмониям ба оварданаш иҷоза намедиҳад. Агар имкон даст диҳат, кумаки молӣ мекунам», –гуфта гӯшии телефонро гузошт.
Шавҳараш низ баъд аз ду рӯз ба қисми ҳарбӣ баргашт ва ману сарнавишти сахту писари маҳбус ва духтари хоҳарам дар як шаҳристони дур танҳо мондем. Раҳ мераваму аз худ мепурсам, ки чаро хоҳари нозпарварам, ки ба хотири табобати шавҳари ӯ бехонаву дар мондам, писараки бечораам дар муҳити бегона аз сабаби нарасидани дасти модар зиндонӣ шуд, ман, ки дӯстону муҳити ошно ва ҳама дурнамои накуи зиндагии худро аз даст додам, бо ман чунин кард? Оё лаҳзае наандешид, ки ман то имрӯз танҳо ба хотири ӯ зиндагӣ кардаам, аммо бояд дар фикри тарбия ва роҳнамоии писарам бошам? Оё як шахс метавонад чунин бемасъулияту бемеҳр бошад? Оё чунин муносибат бо хоҳаре, ки ҷойи модарро иваз намудааст, аз сари имон аст? Дигар намедонам ба кӣ бовар кунаму ба чӣ такя намоям. Зиндагӣ дар назарам маънӣ бохтааст. Агар писаракам намебуд, ҳаёти худро қатъ мекардам» – гуфт ӯ ва ноаён оби дидаашро пок кард..
Эмомалӣ Сайидамирзод