Чанд субҳ аст, ки деҳаи Яккабед ба назарҳо сокиту тира менамояд, вале ин хокистони ғарқи хунро хомуш наметавон шумурд. Саҳаргоҳонаш, ки басо тозаву озода ва ҳавои форам дошт, кунун бӯйи ғаму дард медиҳад. Пиру барно чанд рӯз аст, ки ҳазин нафас мегиранд. Ғубори ашк дар чашмонашон ва дарду ҳасрат дар қалбҳошон бараъло ҳувайдост. Инак, боз субҳи тоза дамид, субҳи тираи Яккабед. Ҷои шир-шири ҷӯйҳои равону чир-чири мурғакони нағмахонро боз ҳам овои гиряи модарону наварӯсон, оҳу фиғони хоҳарону бародарон фаро мепечад. Ва аҷаб нест, ки ин манзараи ҳузнангезу ғамангези субҳи тира рӯзҳову моҳҳо такрор ёбад. Дидани ин манзара басо ваҳмангез аст. Як кӯҳи калони хок беҷо шудаву даҳ ҷони ширинро ба ҳалқи худ кашида.
Вопасин нигоҳ
Субҳи ҷумъаи сеюми апрел, наздики бист нафар ҷавонмардони ғаюру матин, ки ҳамроҳашон ҷавонони аз сад гул як гулашон ношукуфта ҳам буданд, баъд аз наҳорӣ ва суҳбати яклаҳзаинаи ширину гуворо бо падар ва модару хоҳар ёру бародар, роҳ сӯйи обноваи деҳистон гирифтанд, то мушкилоти дар сар доштаи хонавода ва ҳаққу ҳамсояҳоро дур созанд. Бехабар аз он ки, ин сафар барои даҳ нафар сафари охирин ё сафари охират аст. Бехабар аз он ки, ин як мушкилот сад мушкилоти дигареро ба бор меорад, ки ғаму дардаш то дер аз қалбҳо зудуда нахоҳад шуд. Аз миёни деҳа шоду хандон, саргарми суҳбати ҷонпарвар мерафтанд шербачаҳо. Ба тақдирашон баъд аз борони чандрӯза ҳаво гарму офтобӣ буд. Бехабар аз ҳукми дурушти сарнавишт роҳравон бо тақдири хеш бозӣ доштанд, амсоли шӯхшангиҳои бачагӣ. Фақат ин буд ки, қаҳрамону тамошогари ин бозиҳо танҳо худи эшон буданд, на каси дигаре. Шербачаҳо ҳар қадаре ки пеш мерафтанд, деҳи азизашон аз онҳо дур мемонд. Ва ниҳоят нигаҳи охирин ба қишлоқи Яккабед дӯхтанду по ба ҷарӣ гузошта, боз чанд гоме бардоштанд, гӯё ба макони корашон, дар асл водии МАРГ расиданд.
…Марди мардон, шери шерон буданд, бачаҳо. Азм карданд, ки илоҷе карда хатти обро таъмиру аз нав васл мекунанд, то дигар дар деҳа мардум бад-ин ҷиҳат танқисӣ накашанд. З- ин хотир дасту остин бар зада, мардонавор белу каланд бар каф заҳмат мекашиданд. Чанд қубури кандашударо аз зери хок гирифта як сӯ гузоштанду боз қадамҳошон ба пеш мебурдшон. Азмашон ягона ва мардона буд, яъне ки то бегоҳ корро бояд ба субот расонанд. То гашти рӯз кор карданд бачаҳо, қубурҳо пурра аз нав васл шуданд. Ҳар кадом аз меҳнати сангини онрӯза ва аз якдигар розӣ, шоду мамнун буданд. Ва пеш аз ақрабаки соат ба 1 майл намудан чанд нафаре ба деҳа баргаштанду дигарон даме нафас рост кардан хостанд. Маслиҳат ҳамин шуд, ки даҳ нафаре аз эшон ин ҷо монанд, то баробари расидани об ба кӯчаҳои деҳ дӯстони рафта ба онҳо занг бизананду баъди ин дар хонаи яке аз рафиқон натиҷаи заҳматҳои онрӯзаро сари зиёфати шакароб бадар созанд.
… Масти суҳбат, мафтуни тамошои табиати афсункор буданд шербачаҳо, ки дар ин рӯзи офтобӣ ҷилои сабзазораш чашмҳоро мебурд. Ақрабаки соат аз 1-и рӯз боло шуда буд, ки яке аз байни ин даҳ нафар гӯё ламидани кӯҳро эҳсос намуд, ки аз ҷой нимхез шуда дигаронро огоҳ кард, ки аз ин макон фирор кунанд. Афсӯс, ки қадамҳошон дур набурд бачаҳоро. Наъраи ҷонкоҳи кӯх ба фалак печид, сели хок аз боло сарозер омад. Ин даҳшат мардум чӣ ки, мурғони кӯҳӣ, парандаю чарандаро дар ҳавли ҷон андохта буд. Садои оҳу воҳи шербачаҳо ба гӯши касе нарасид, ба ҷуз наъраи ин хоки хунталаби ваҳмангез, ки дар як нафас хамгашти калонеро фаро пӯшид. Даҳ ҷавони ноком туъмаи ба истилоҳ хок шуданд. Даҳ ҷавон ғӯрамарг шуд, ғӯрамарг дар айни ҷавонии хеш. Даҳ ҷавон абадан ба ин олам падруд гуфт, аммо бидуни сухани вопасин, бе машварат, бе васият, бе хайрбод бо наздикону пайвандонашон.
… Дар як нафас ин овозаи шум ба дуриҳои дур расид. Яккабед худро дар оғӯши хун медид. Якеро, ки зинда дур аз хоктӯдаҳо ёфтанд, маҷоли гап задан надошт. Пиру барно худро дар як нафас ба маҳали офат заданд. Роҳбарияти ноҳия аз ҳодисаи мудҳиш дар изтироб марказро бохабар карданд. Дарҳол гурӯҳи наҷотдиҳандагон таъсис дода шуд. Сарвари давлат ба раиси ноҳия дастур дод, то ҳарчӣ зудтар барои кӯмаки осебдидагон чораҳои фаврӣ андешида, изҳори тасаллияташро ба хонаводаи қурбоншудагони фоҷиа расонанд. Кӯмаки ҳукуматро низ ба оилаҳои зарардида дастрас карданд. Бо амри раис тамоми масъулини ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар Яккабед ҳозир гардиданд. Баъди фурсате ҷасади ду тан аз ҷавонмардони шаҳид ёфт шуд. Ва бо мақсаде, бо нияте, ки ба хокрафтаҳои дигар ёфт мешаванд, ҳамагӣ дасти ба даст белу каланд гирифта ҳашт нафари дигарро ҷӯё буданд, то дар осмон падид омадани нахустин наҷмҳо. Аммо аз рафтаҳо нишоне набуд ва аз ҳар ҷониб, аз ҳар гӯшаи Тоҷикистону хориҷи он ба яккабедиҳо занг мезаданду аҳвол пурсида, изҳори тасаллият мекарданд.
Субҳи дигар- мотами умум
Танҳо яккабедиҳо не, он рӯз яксара Файзобод мотам дошт. Саҳари солеҳон корвони мардум ва мошинҳои пур аз озуқа ва техникаҳои пуриқтидор ҷониби Яккабед равон буданд. Тумани ғафси ғаму андӯҳ ҳамаро фаро гирифта, касе маҷоли аз каси дигар чизеро пурсидан надошт. Назарҳо ба кӯҳи афтода, ки даҳ ҷавони яккабедиро ба комаш бурдааст, хира буд. Сараввал роҳи обро, ки дар ҷояш аз хоки омада кӯли сунъӣ рӯ зада буд, кушоданд. Об маҷрои худро гирифт. Низомиёни Кумитаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ, аҳолии осоишта аз ҳар ҷониб истода теппахокро кофта ҷӯёи шаҳидон буданд. Ташвиши дам ба дам фаромадани теппаҳои дигари ин макон ҳаросе дар дилҳо меандохт. Аз ин хотир аҳли уламо ва роҳбарияти дар маҳали офат қарордошта ба хулосае омаданд, ки ба кофтани ҷасадҳо хотима бахшанд. Мувофиқа бо волидайни бачаҳо ба миён омад ва сарҷамъона маросими дафни шаҳидони офати табииро дар маҳали ҳодиса баргузор карданд…
Лоақал ҷасади сарди фарзандонро бояд бинем, то қалбҳои сӯхта каме ором шаванд, мегуфтанд падару модар ва ёру бародари шаҳидшудагон. Рӯзҳои сеюму чоруму панҷум низ кофтукови бачаҳо дар ҳамдастӣ бо сарбозони наҷотдиҳанда идома меёфт. Ва ниҳоят субҳи рӯзи панҷум ҷасади Мақсудҷони нуздаҳсоларо аз зери хок пайдо намуданд. Аз оҳу фиғон фалак ба нолиш омада буд. Садои модару хоҳар, наварӯсу ҷигарбандон синаи афлок мешикофт.
Ду рӯз баъд аз дарёфти Мақсудҷон, субҳи ҷумъаи даҳуми апрел, яъне ҳафтае пас аз ин воқеаи даҳшатзо ҷасади се тани дигар дар ин водии марг, Худойбердӣ Одинаеви 52- сола, Саид Ҷалилови 18-сола ва Наимҷон Қурбонови 26 соларо дарёфтанд. Ҳафтае аз байн гузашту чисми ду тани дигар ҳам ёфт шуд. Бо ҳамин аз шумори даҳ нафар ҷавонони шаҳидшуда ҷисми ҳашт тан ёфт шуда, кофтукови ду тани дигар дар Яккабед, ҷои ҳодиса қатъ нагардид.
«Бар модари ман гӯ, дигар бор нагиряд»!
Ду нафари дигар ба хоби абадӣ рафтаанд, дар тайи ҳамон суфраи хок. Суфрае, ки ноҳамвор аст, пасту баландӣ, каҷу килебӣ дорад. Аз миёни ин суфра об меравад. Ҳа, ҳамон обе, ки ҷасади Мақсудҷонро намоён карда буд. Хешу хешовандон ва мардуми омада аз ҳар макон ҷасади боқимондаҳоро ҳанӯз ҳам ҷӯёанд. Дигарбора аскарону афсарон барои мардуми деҳ хатти оби нӯшокӣ тармим карданд. Фазои ин макон вазнину даҳшатзост. Аз ҳар хами пуштаҳо гӯё садои ҷамонмардони ҷавонмарг ба гӯш мерасад, ки хитоб мекунанд:
«Эй модару ҳоҳари зори ман, эй ёраки нокоми ман, эй очаи гулрӯи бачаҳо ва эй падари афгору нотавон! Оби дида марезед, аз тақдири сахт ҷойи гурез набудааст, дигар зери ин хоки сард ҷисми ман ором хобидааст. Аз шумо танҳо як каф дуъову тиловати «Қуръон» интизор ҳастем! Алвидоъ!!!»
Ва боз шом фаро мерасаду баъди он субҳи дигаре меояд. Субҳе, ки имрӯзҳо ба машом накҳати хуши баҳорӣ меорад… Вале бо гузаштани як сол аз фоҷеа субҳи Яккабед ҳамоно тираву тор ва фаромӯш кардани ин ҳодиса имконнопазир аст.
Рустами НАЗИР