Дар баъзе ҷомеаҳои сохти дунявию демократӣ нисбат ба амалҳои фоҳишагӣ ҳукми ҷазо бо намуди ҷарима ва ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 рӯз муқаррар шудааст.
Ҳарчанд рӯ ба танфурӯшӣ ниҳодани аксари бонувон сабабҳои иҷтимоӣ дошта, мардҳо низ дар ин кору кирдорҳо шариканд, вале ба бӯйи фосиқӣ онҳо муҷозот намешаванд. Инъикоси мавзӯи мазкур дар расонаҳои хабарии омма ҳам якҷониба матраҳ шуда, мақомоти дахлдор низ бештар нисбат ба занҳои фоҳиша чораҷӯӣ мекунанд, магар ин ки талабгорони танфурӯшӣ, яъне мардони ишратпараст.
Тибқи итттилое, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар расонаҳои хабарӣ нашр шуда буд, дар соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 852 ҳолати танфурӯшӣ ва 219 далели даллагӣ ё занҷалобӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи гузоришҳои расмӣ бархе аз танфурӯшҳо мубталои бемориҳои сироятӣ буда, аз ин иллати ҷонсӯзи онҳо мизоҷонашон сироят меёбанд. Аз ҷумла, мақомоти корҳои дохилӣ аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 3 нафар танфурӯш хабар дода буд, ки маризиҳои зайли гузаранда буданду дидаю дониста сабабгори паҳн гаштани он шудаанд.
Аммо дар ин ва дигар иттиллоияҳо ифшои як тарафи ҷурм, ё ба қавле муштариёни фоҳишагӣ, ки мардҳоянд сарфи назар мешаванд. Ҳол он ки ду даҳсола қабл ҳам сабабгори асосии паҳншавии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД ва дигар маризиҳое,ки тавассути алоқаи ҷинсӣ рӯ задаанд, дар кишвар маҳз мардҳо буданд. Лекин нисбат ба зинокории мардон (ба истиснои ҳолатҳои таҷовуз ба номус) ҳукме пешбинӣ нашудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи меъёри нави қонунгузорӣ, ки моҳи октябри соли 2015 қабул шудааст, дар ҳолати бори аввал содир шудани амалӣ танфурӯшӣ аз 10 то 20 нишондиҳанда, яъне 400-800 сомонӣ ҷарима муқаррар гардидааст. Агар ин гуна афрод давоми сол бори дуввум бо ҷурми фоҳишагӣ боздошт гарданд, нисбаташон ҷарима аз 20 то 40 нишондиҳанда (800-1600 сомонӣ) ё ин ки маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 10-15 шабонарӯз татбиқ карда мешавад. Умуман, чораҳои маъмурию дахлдор танҳо ба занҳои танфурӯш дар назар дошта шуда, ба «харидорон»-и онҳо ҳукму ҷазое таҳдид намекунад.
Ишқварзии зан бо марди бегона ҳамчун хиёнат ба шавҳар ва боиси шармандагии оилаву аҷдод дониста шуда, ҳатто ба пошхӯрии хонавода мебарад. Лекин, ифшо шудани зинокории мард ягон хатаре ба амнияти оилааш надошта, атрофиён онро як ҳодисаи маъмулӣ меҳисобанд. Аз дидгоҳи мардҳо зинокории зан хиёнати нобахшиданӣ буда, ҳукму ҷазоҳои сангин, аз ҷумла, маҳрум шудан аз оилаву дидори фарзандонро дар пай дорад. Аммо афкору мавқеъгирии бонувони русто дар мавриди «ишқварзӣ» -и ҳамсаронашон бо занҳои бегона дар доираи масалҳои қолабие чун: «Мард, мард аст», «Аз дасти зан чӣ ҳам меомад?» ва ғайраҳо маҳдуд мешавад.
Ҳамин тавр, дар ҷамъияти мо ишқварзии зан бо марди бегона қобили қабул нест ва мардони бо чунин зан ҳамзистро «даюс» ном мебаранд. Лекин мардони ишратҷӯй худ аз ин гуна «ҳукм» -у ҷазоҳо озоданд ва бонувони онҳоро, ки хиёнати шавҳарро таҳаммул мекунанд, тавсифи мусбат мекунем.
Хулоса, фоҳишагӣ мантиқан танфурӯшӣ арзёбӣ гашта, дар зиёд кишварҳои олам, аз он гурӯҳҳои манфиатхоҳ даромадҳои ҳангуфт ба даст меоранд. Қурбонии ин бозори сиёҳ ҷинси латиф буда, аз айшу даромади он баҳравар мардонанд. Дар Амрико, Британияи Кабир ва дигар мамолики Ғарб ҳаҷми даромади пӯшида аз танфурӯшӣ ва нашъаҷаллобиро баробар мешуморанд ва ҳар ду омил бо як мафҳум «бозори сиёҳ» ифода меёбад. Аммо, агар бо ҷурми нашъаҷаллобӣ харидор ва фурӯшандаҳои маводи нашъаовар маҳкум шаванд, вале барои фоҳишагӣ танҳо бонувон боздошту ҷазо мегиранду бас…
Ҷамолиддин Сайфиддин