Ҳамсояи муқассир аз хиҷолату шарм наметавонист сар боло кунад ва ба касе посух гӯяд. Баъд аз чанде ҳамсояҳо пароканда ва хона ба хона шуданд.
Дигар муддати мадиде на ҳамсояи халабонамро дидаму на мошини ӯро дар саҳни ҳаёт. Ин марди бечора ва хиҷолатзада баъд аз қазо шудани шом ба хонааш меомаду субҳи козиб онро тарк мегуфт.
Бо фаро расидани фасли ниҳолшинонӣ субҳе ҳамсояи халабонам тақрибан 40 ниҳол дар даст ба ҳаёт омад ва аз ҳамсояҳо маслиҳат пурсид, ки дар куҷо ин ниҳолҳоро бишинонад. Чанд нафар мард бо ӯ ҳамроҳ шуданд ва дар давоми соате дар саҳни ҳавлӣ ва гирду аирофи хона ниҳолҳоро шинонданд. Танҳо баъд аз ин, ҳамсоя бо сари баланд гоҳ – гоҳ дар саҳни ҳавлӣ пайдо мешуд ва ё дар маъракае ширкат менамуд.
Бо гузашти 26 сол дар саҳни ҳавлиамон манзараи дигареро мушоҳида мекунам. Чанд ҳамсоя бо ҳам суҳбат доштанду ман, ки тоза аз кор омада будам, ба хотири ба ҷо овардани эҳтиром, ба назди онҳо рафта салом додам. Ҳамсояамон аз қабати нуҳум ҳасрат мекард, ки дирӯз нафаре аз макомоти салоҳиятдор иҷоза гирифта, чанд дарахти хушкидаеро буридааст. «Фардо ҳазинаи даҳ дарахтро пардохт намуда, бо писаронам ҳезум карда, дар бозор мефурӯшам», –мегуфт ӯ. «Оё дар ин гирду вара даҳ дарахти хушкида ҳаст?», – пурсид ҳамсояи дигар.
–Фарқаш чӣ? – буридан мегирам гуфт ӯ.
Дар давоми суҳбат нафаре ба ин ҳамсоя нагуфт, ки бо кадом виҷдон метавонӣ дархти сабзеро аз бех бибурӣ? Дар давоми зиндагӣ дар ин махалла чанд ниҳол шинондаӣ? Гӯиё сарсабзии маҳалла барои касе арзиш надошт, гӯиё фардо фарзандону наберагони ин мардум ниёзе ба ҳавои тоза ва муҳити сарсабз надошта бошанд. Ва ниҳоят, ба назар мерасад, ки ин мардум худро соҳибмулк эҳсос намекунанд. Барои онҳо имрӯз фардои ин минтақаи пойтахт, маҳалли зисти онҳо аҳамияте надорад.
Чунин муносибати зишт аз чӣ манщаъ мегирад? Чаро ба маҳалли зисти худ аҷнабиёна муносибат мекунем? Чаро дар байни дуву ним даҳсола фарҳанги ватандории мо чунин тағйир карда? Ин ва боз даҳҳо суолҳои дигар имрӯз посуҳ мехоҳанд ва бояд коршиносони мо ҳар чӣ зудтар роҳҳали ин масоилро ба мо бозгӯ намоянд.
Дар ҷараёни яке аз сафарҳоям ба Русия занеро вохӯрдам, ки солҳои зиёде дар Тоҷикистон зиндагӣ кардааст. Бо даст додани фурсат ӯ маро ба хонаи худ ба меҳмонӣ даъват кард. Ғайриинтизор, вақти ворид гардидан ба хонаи ӯ, одамони зиёдеро дидам. Соҳибхона ҳамкорон, ҳамсояҳо ва фарзандону набераҳои худро даъват карда буд. Дар рафти суҳбат бо ҳазор меҳру муҳаббат аз Тоҷикистон, ба хусус аз шаҳри Душанбе ёд мекард. Аз ину он хиёбон, аз ину он театру китобхона, аз боғи ҳайвоноту дараи хушманзараи Варзоб мепурсид. Вақте дар бораи пойтахт- Шветсарияи хурд (он замон Душанберо хориҷиҳо чунин ном мебурданд), мардуми соҳибзавқу меҳрубони он, ҳамзистии миллатҳо, меҳмоннавозии тоҷикҳо, кӯчаву хиёбонҳои Душанбе, боду ҳавои хушу форами он ҳарф мезад, ба қавле «аз даҳонаш асал мерехт». Гоҳ – гоҳе ҳам барои тақвияти суханҳояш ҷониби ман муроҷиат мекард. Ифтихор дошт ин бону аз ватани қаблиаш, дӯст медошт онро, ёди рӯзгори гузашта ва шаҳри дилнишинаш ӯро шодӣ мебахшид. Аз меҳмонҳо тақозо мекард, ки беҳтарин сайёҳат дар мураххасӣ барои онҳо Тоҷикистон аст. Боястӣ онҳо ин ватани зеборо бо чашмони худ бубинанд.
Суҳбати мо ончунон самимию дилниш шуд, ки то рӯзи баргаштан меҳмонҳои ин бонуи тоҷикистонӣ пайваста суроғи маро мегирифтанд ва эҳсос мегардид, ки оташи ишқи ин диёри зебоманзар дар ди ли онҳо шуъла гирифтааст.
Бо гузашти вақт имрӯз эҳсос мекунам, ки як омили муҳим ва заруре дар он замон сермиллатии пойтахтамон будааст. Новобаста аз миллияту қавм ва забону расму оин ин мардум Тоҷикистонро дӯст медоштанд ва онро хонаи худ медонистанд. Табодули фарҳанг ва ҳамсоядории миллиятҳои гуногун як иллати пешрафти фарҳанги шаҳрдории мо будааст.
Имрӯз бо тақозои ҳаводиси рӯзгор аксар халқу миллатҳо Тоҷикистонро тарк гуфтанд. Вақте рақобати солим ва табодули фарҳангӣ аз байн меравад, тамаддун коҳиш меёбад. Вале, агар мо мехоҳем, миллати тамаддунофар ва сарфароз бошем, бояд ватандӯстию муҳаббат ба диёр ва ободкорию созандагиро аз ҳамшаҳриҳои бурунмарзии хуб биомӯзем.
Эмомалӣ Сайидамирзод